Главная / Илм / ГЛАУКОМА

ГЛАУКОМА

glaucomaГЛАУКОМА (Glaucoma; аз юн. glaukos – сабзи нилгун), бемории музмини чашм. Нишонаи асосии Г. баланд шудани фишори дохили чашм мебошад. Баъзе бофтаҳои чашм (зуҷоҷия ва қарния) дар натиҷаи давр задани моеъи даруни чашм (дар таркибаш моддаҳои ғизоӣ дорад) ғизо мегиранд. Моеъи ба тозагӣ ҳосил ва ба ғӯзаи чашм воридгашта бо моеъе, ки аз дохили чашм мебарояд, миқдоран баробар мебошад. Аз ин сабаб фишори дохили чашм доимо як хел аст (ниг. Чашм). Бо сабабҳои гуногун (бештар аз иллати рагу асабҳо) гардиши моеъи чашм ихтилол ёфта, боиси ғун шудани он дар дохили чашм ва баланд гаштани фишори даруни он мегардад. Аз устувор баланд шудани фишори дохили чашм фаъолияти босира халал ёфта, иллатҳои зерин ба вуҷуд меоянд: маҳви нӯги торҳои асаби шабакия; пурра тағйир ёфтани асаби босира; бад шудани биниш ва ҳатто нобиноӣ. Г. аксаран дар синни балоғат ва миёнсолӣ, баъди 45 – 55-солагӣ инкишоф меёбад; баъзе кӯдакон ва ҷавонон ҳам Г. мешаванд. Ба назар намудани доираҳои рангин дар гирди чароғи фурӯзон аввалин нишонаи инкишофи Г. аст. Чизҳои пеши назар хира метобанд. Ин ноқисиҳо, одатан, аввал дар як чашм ба вуҷуд меоянд. Баъзан (бештар пагоҳӣ) ба муддати 1 – 3 соат фишурда шудани атрофи чакка, пешонӣ ва худи чашм ҳис карда мешавад. Ҳангоми зуҳури чунин аломат ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Фишори дохили чашм мӯътадил (на бештар аз 27 мм сут. симобӣ), андаке баланд (28 – 32 мм сут. симобӣ) ва баланд (зиёда аз 32 мм сут. симобӣ) мешавад. Ҳамчунин ҳолати хуруҷи шадиди бемориро низ фарқ мекунанд, ки дар мавриди он фишори дохили чашм ба 50 мм сут. симобӣ мерасад. Ҳангоми 27 – 28 мм сут. симобӣ баланд шудани фишори дохили чашм муоинаи пурраи офталмологӣ зарур аст.
Г. баъзан ногаҳон бо хурӯҷи шадид оғоз меёбад. Дар ин асно чашм ва сар сахт дард мекунад, чашм сурх шуда, пилкҳо варам менамоянд, қувваи босира суст мегардад. Баъзан аҳволи бемор бад, дил беҳузур, ҳарорати бадан баланд мешавад, ӯ қай мекунад.
Табобати Г. дар давраи аввали ташаккули он натиҷаи хуб медиҳад. Табобат аз усулҳои гуногуни таъсир ба чашми бемор, ҳамчунин ба тамоми организм иборат аст. Баъди муоинаи амиқ ба ҳар бемор табобати алоҳида муқаррар мекунанд. Агар зарур бошад, ӯро барои муоина ба беморхона мехобонанд. Барои табобати босамараи Г. режими дуруст лозим аст. Бемор бояд ҳар шаб 7 – 8 соат хоб равад. Пеш аз хоб истеъмоли хӯрок мумкин нест, ҳавои хона бояд тоза бошад, сайру гашт дар ҳавои тоза муфид аст. Бемор бояд ба болишти баланд хобад, дар акси ҳол хуну моеъи чашм шах ва фишори дохили он баланд мегардад. Ҳар пагоҳ варзиши сабук кардан лозим. Ба шахсони меҳнаташон фикрӣ зарур аст, ки дар давоми рӯз ягон кори ҷисмонӣ намоянд, дар ҳавои тоза сайру гашт кунанд. Шахсони гирифтори Г. набояд сахт хаму рост шаванд; ба онҳо шустани фарши хона, хишоваи полиз, ҷомашӯӣ, шикастани ҳезум, навохтани асбобҳои нафасӣ, бардоштани бори вазнин ва ғ. мумкин нест (ин ҳама фишори дохили чашмро баланд мекунанд). Ба ин қабил беморон аз ҳад зиёд гарм нигоҳ доштани сар норавост. Ба онҳо ҳаммоми гарм, дар назди печка нишастан, сари луч зери офтоб гаштан ва ваннаҳои офтобӣ ҷоиз нест. Фақат дар хонаи равшан хондану навиштан, расм кашидан, дӯхтан мумкин аст. Торикӣ фишори дохили чашмро баланд мекунад. Аз ин рӯ ба беморони Г. пӯшидани айнаки сиёҳ, нишастан дар хонаи торик ва дар вақти хоб пӯшидани пардаи тирезаҳо мумкин нест. Ҳангоми тамошои телевизор хона бояд каме равшан бошад. Ба ин қабил беморон айнаки сабзи равшан муфид аст (ранги сабз фишори дохили чашмро қадре паст мекунад). Онҳо худро бояд аз ғаму андӯҳ ва ҳаяҷон дур гиранд. Хешу табор ва атрофиён барои бемор бояд осудаҳолӣ муҳайё намоянд.
Ба беморони гирифтори Г. қабули доруҳои атропиндор (фишори дохили чашмро баланд карда, ҳатто Г.-ро сахт ба хурӯҷ оварданаш мумкин) манъ аст. Беморон дар вақти ба диг. духтурон муроҷиат кардан, бояд гирифтори Г. буданашонро маълум намоянд.
Дар аснои Г. тағзияи мураттаб аҳамияти калон дорад. Хӯрокро рӯзе 4 – 5 маротиба дар вақти муайян хӯрдан лозим аст; хӯроки шомро ду соат пеш аз хоб бояд хӯрд. Хӯрдани ғизоҳои дуддода, шӯр ва тунду тез ҷоиз нест. Хӯроки аз равғани растанӣ таҳияшуда беҳтар аст; гӯшту моҳии беравған (гӯшти гов, мурғ, шӯртан, капур, суфмоҳӣ, равғанмоҳӣ, симмоҳӣ)-ро бояд дар об пухта истеъмол намуд. Шир, ҷурғот, творог, сабзавоту мева нафъ дорад. Истеъмоли шӯрбои аз сабзавот, таҳияшуда ва ҳафтае 2 – 3 бор истеъмол кардани шӯрбои гӯштин ё занбӯруғӣ тавсия мешавад. Бемор бояд дар як шаборӯз аз 5 – 6 истакон зиёд моеъ (об, чой, шӯрбо) нанӯшад; дар як дафъа аз як истакон зиёд истеъмол кардани чой зарар дорад. Нӯшидани чойи талх, қаҳва, нӯшокиҳои спиртдор, кашидани тамоку манъ аст. Ҳангоми қабзият доруҳои мусҳил истеъмол кардан лозим.
Г.-ро бо дору фақат духтур (офталмолог) табобат мекунад. Дар вақти хуруҷи шадиди Г. ёрии таъҷилии тиббӣ зарур аст. Агар дар мавриди муоинаи махсус ба Г. гирифтор будани бемор муайян карда шавад, пас то омадани духтур баъди ҳар 15 – 20 дақ. (дар муддати як соат), сипас баъди ҳар соат ба чашми ӯ пилокарпин чакконида, дар як вақт доруи мусҳил (1 қошуқ сулфати магний ба ним истакон об) медиҳанд; пояшро ба ваннаи гарм (20 – 30 дақ.) ғӯтонида, баъди он мехобонанд, ба пой гармкунак, ба гардану пушти сар хардалкоғаз мегузоранд; ҳангоми дарди сахти чашм 0,5 г амидопирин ё аналгин медиҳанд. Агар аз таъсири дору фишори дохили чашм паст нашавад ё нокифоя паст шавад, пас ҷарроҳӣ ногузир аст.
Пешгирӣ. Ҳар як шахси синнаш аз 40 боло ҳар сол ақаллан як маротиба (аломатҳои касалии чашм надошта бошад ҳам) бояд ба духтури чашм муроҷиат намояд. Муоинаи пешакӣ имкон медиҳад, ки беморӣ саривақт ошкор карда шавад. Агар беморон аз доруҳои танзимгари фишори даруни чашм истифода баранд, инкишофи Г.-ро пешгирӣ хоҳад кард.
Ад: Офтальмология, М. 2005.

З.Д. Аҳророва.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …