Главная / Илм / ҒИЗОҲОИ МУНҶАМИД

ҒИЗОҲОИ МУНҶАМИД

gizohoi-munchamidҒИЗОҲОИ МУНҶАМИД, консентратҳои ғизоӣ, омезаҳои хӯрокворӣ барои зуд ва осон тайёр кардани таом. Аз маҳсулоте, ки барои пухтани Ғ. м. гирифта мешавад, ҷойҳои сахту нодаркорашро бурида мепартоянд, қима карда меҷӯшонанд (мезирбонанд ё буғ медиҳанд), хушк ва баъзан мангана мекунанд.
Ғ. м. арзиши ғизоии пурқимат дошта, хушҳазманд ва таоми онҳо хеле болаззат мешавад. Ғ. м.-ро муддати дароз нигоҳ доштан мумкин аст. Ба ҷои дур фиристодани онҳо хеле мувофиқ мебошад. Бинобар он дар экспедитсия ва шароити саҳро истифода бурда мешаванд.
Чунин анвои Ғ. м.-и саноатӣ истеҳсол мешаванд: наҳории хушк, таомҳои равон, ширин, масолеҳи мунҷамид барои пухтани таоми хамирии қаннодӣ, маҳсулоти мунҷамиди ширӣ. Ғ. м. барои кӯдакон ва ғизои парҳезӣ гурӯҳи ҷудогонаро ташкил медиҳанд; одатан, ин гуна ғизо дар шакли хока истеҳсол шуда, онро дар об ё шир ҳал ва каме ҷӯшонда истеъмол мекунанд. Дар истеҳсоли чунин маҳсулот маводи сунъӣ ё химиявӣ истифода намешавад.
Наҳории хушк маҳсулотест аз ярмаҳои гуногун, ки бо роҳи махсус тайёр шудааст (талқон, ҷуворимаккаи мухашшари бирён, биринҷ, гандум). Ғ. м. барои таоми нисфирӯзӣ аз маҳсулоти гуногун – сабзавот, растаниҳои лӯбиёӣ, макарон, занбӯруғ ва ғ. таҳия карда мешаванд. Мувофиқи дастур ба Ғ. м. гӯшт, равған, намак ва адвиёт, барои беҳтар шудани сифату таъм ба баъзеи онҳо глутамати натрий илова менамоянд.
Аксари Ғ. м. дар зарфҳои ҳавоногузар истеҳсол карда мешаванд. Дар болои зарф таркиб, тарзи пухтан, мӯҳлати нигаҳдории Ғ. м. нишон дода шудааст.

Ҷ.А. Азонов

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …