ГИРСУТИЗМ (Hyrsutismus; аз лот. hirsutus – мӯйдор), аз ҳад зиёд мӯй баровардани занҳо. Ҳангоми Г. дар занҳо бурут ва риш мебарояд; дар дасту по ва тан мӯйҳои сершумор месабзанд.
Сабаби Г. асосан афзудани тарашшӯҳи усораи ғадудҳои таносули мардон – андрогенҳо ё зиёд шудани ҳассосияти бофтаҳо нисбат ба он аст.
Г. метавонад буниявӣ (конститутсиявӣ, мас., дар занҳои тандуруст) бошад; он ҳамчунин имкон дорад дар мавриди истифодаи андрогенҳо ё пайвастҳои ба онҳо монанд пайдо шавад. Бисёр бемориҳои эндокринӣ (синдроми андрогениталӣ, омоси тухмдон ва ғадуди болои гурда, акромегалия, бемории Итсенко-Кушинг) низ ба пайдоиши Г. мусоидат мекунанд. Баъзан Г. дар аснои ҳомилагӣ, давраи климакс, осебҳои мағзи сар (омос, энсефалит, саръ ва ғ.) ба мушоҳида мерасад. Гоҳо сабаби рух намудани он таъсироти гуногуни мавзеӣ ба пӯст ё амрози пӯст мебошад. Дар баъзе беморон Г. бинобар ихтилоли мубодилаи андрогенҳо дар пӯст ба вуҷуд меояд.
Барои муолиҷаи Г. қабл аз ҳама сабаби онро рафъ намудан лозим аст. Ба баъзе одамон протседураҳои махсуси косметикӣ, доруҳои зиддиандрогенӣ таъин мекунанд. Фарҷоми Г. ба табобати бемории асосӣ вобаста аст. Ниг. низ Вирилизм.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …