Главная / Илм / ГИПОТРОФИЯ

ГИПОТРОФИЯ

gipotrofiyaГИПОТРОФИЯ (Hypotrophia; аз гипо… ва trophe – ғизо, хӯрок), ихтилоли музмини тағзияи кӯдак, ки тадриҷан ба лоғарӣ мерасонад. Г. бештар дар кӯдакони синни хурдсол, инчунин дар ҷанин ҳангоми бемориҳои гуногуни модар (Г.-и батнӣ) ба амал меояд.
Сабабҳои Г. гуногун мебошанд, мас., кам будани шири модар, синамаконии ноӯҳдабароёна, муддати дароз ба кӯдак хӯрондани омехтаи ширӣ, таваллуди кӯдаки чала (норасида), ғизои нокифоя ва якхела, нигоҳубини нодурусти кӯдак, набудани тартиби муайяни нигоҳубин, ба ҳавои тоза набаровардани тифл, бемориҳои меъдаю рӯда, зуд-зуд шамол кашидан ва ғ. Организме, ки бо моддаҳои ғизоӣ таъмин нест, захираи сафеда, чарбу, ангиштоб, намакҳои минералӣ ва витаминҳоро сарф мекунад. Аз камобию ихтилоли сабзиши устухонҳо дар организми кӯдак ноҷуриҳои рахитмонанд ба вуҷуд меоянд, мубодилаи моддаҳо, инчунин кори узвҳо ва силсилаи асаб вайрон гашта, муқобилати организм ба касалиҳои гуногун суст мешавад.
Ҳангоми Г. кӯдак вазни аввалаашро гум карда, бағоят суст месабзад. Ранги пӯст парида, пажмурда, хушк ва пурчин мешавад; аввало қабати чарбии зери пӯсти шикаму тана, баъд дасту пойҳо ва ниҳоят пӯсти рӯй тунук гашта, фаъолияти мушакҳо мекоҳад. Кӯдак камиштиҳо, беқарор, беҳол, камхоб аст; дер роҳгардон мешавад. Кӯдакони гирифтори Г. зуд-зуд ба бемориҳои сироятӣ дучор меоянд; дар онҳо газаки шуш ва бемориҳои сироятии рӯда вазнин ҷараён мегиранд.
Г.-ро то таваллуди кӯдак пешгирӣ кардан зарур аст. Зани ҳомила бояд тартиби рӯзро риоя карда дуруст ғизо гирад. Баъди таваллуди кӯдак модар бояд хӯроки серғизо истеъмол намояд. Миқдори шири макидаи кӯдакро назорат кардан зарур аст. Ба қоидаи ширмаконӣ риоя кардан ҳатмист. Ба тифл ғизои иловагиро дар вақташ хӯрондан лозим. Риояи тартиби рӯз, дар ҳавои тоза будани кӯдак ва табобати саривақтии ӯ ҳатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …