ГИПОКАПНИЯ (Hypocapnia; аз гипо… ва юн. kapnos – дуд), шиддати сусти гази карбонат дар хуни шараёнӣ бинобар аз организм бисёр хориҷ шудани он. Г., одатан, дар натиҷаи гипервинтелятсияи шуш, мас., ҳангоми осеби узвии мағзи сар ва талафи хун рух менамояд. Аломати асосии он чарх задани сар ва баъзан беҳуш шудан аст.
Бо мақсади пешгирии Г. ба бемор омехтаи оксиген ва гази карбонатро нафас мекашонанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …