Главная / Илм / ГИПОГОНАДИЗМ

ГИПОГОНАДИЗМ

gipogonadizmГИПОГОНАДИЗМ (Hypogonadismus; аз гипо…, лот. gonas, gonadis – ғадуди ҷинсӣ), гипогенитализм, ҳолати маризие, ки дар натиҷаи нуқси фаъолияти ғадудҳои ҷинсӣ ва кам шудани тарашшӯҳи усораи гормонҳои таносул ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Г. узвҳои таносул аз инкишоф монда, аломатҳои ҷинсии дуюмин дуруст падид намеоянд. Г. якумин ва дуюмин мешавад.
Г.-и якумин бинобар осеби гонадаҳо, баъди кастратсия ҳангоми омоси ғадудҳои ҷинсӣ, дар мардҳо дар аснои крипторхизм инкишоф меёбад.
Г.-и дуюмин дар натиҷаи ангезиши нокифояи ғадудҳои ҷинсӣ аз ҷониби гормонҳои гонадотропии гипофиз пайдо мешавад. Дар занҳо яке аз сабабҳои асосии суст гаштани маҳсули гормонҳои мазкур некрози гипофиз баъди хуншории бисёр ҳангоми таваллуд аст. Г.-и дуюмин фақат дар давраи балоғат ё баъди он ошкор карда мешавад. Он метавонад ҳангоми акромегалия, нанизм ва диг. бемориҳо падид ояд.
Дар одамони гирифтори Г. бисёр вақт ихтилоли мубодилаи сафедаю равған (фарбеҳӣ), кахексия, нуқси дил ва устухону пайвандгоҳҳо ба мушоҳида мерасад. Г.-и якумин, ки дар давраи туфулият инкишоф ёфтааст, боиси инфантилизм мешавад; дар натиҷаи Г.-и дуюмин ҳолати рӯҳии бемор тағйир меёбад.
Г.-ро дар асоси нишонаҳои узвҳои таносул ва аломатҳои ҷинсии дуюмин ташхис мекунанд. Г.-и якумин бо гормонҳои ҷинсӣ табобат карда мешавад. Ҳангоми Г.-и дуюмин ба организми бемор гонадотропин (баъзан якҷоя бо гормонҳои ҷинсӣ) фиристода мешавад. Дору ва вояи онро ба таври фардӣ интихоб мекунанд. Ҳангоми муолиҷаи Г.-и бачагон бемории крипторхизмро низ табобат (бо дору ё ҷарроҳӣ) кардан лозим аст.
Табобати мунтазам боиси пайдоиши аломатҳои дуюмини ҷинсӣ мешавад; дар занҳо ҳайз ва дар мардҳо ҳисси шаҳвонӣ ба вуҷуд меояд.
Муолиҷаро, одатан, дар клиникаҳои махсус оғоз карда, сипас дар амбулатория зери назорати эндокринолог, уролог, гинеколог идома медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …