Главная / Илм / ГИПНОЗ

ГИПНОЗ

gipnozГИПНОЗ (аз юн. hypnos – хоб), ҳолати махсуси ба хоб мондани одам ва ҳайвоноти олӣ. Психиатрҳои рус В.М. Бехтерев, А.А. Токарский ва диг. дар асарҳои худ Г.-ро аз ҷиҳати илмӣ тадқиқ карда, аҳамияти муолиҷавии хоби гипнозиро исбот намуданд. И.П. Павлов табиати Г.-ро ошкор кард ва собит намуд, ки Г. мисли хоби муқаррарӣ дар натиҷаи боздории қисматҳои қишри мағзи сар воқеъ мегардад. Фарқи Г. аз хоб дар он аст, ки ҳангоми Г. танҳо қисматҳои ҷудогонаи қишри мағзи сар боздошта мешаванд. Одам, ки дар ҳолати Г. аз ангезаҳои берунӣ канда мешавад, ба воситаи қисматҳои боздоштанашудаи қишри мағзи сар фармоишоти гипнозчиро қабул мекунад. Бо роҳи таъсири аз ҳад зиёд ё худ таъсири сусти якхела ва агар сухан аз одам равад, бо роҳи талқин Г. кардан мумкин аст. Г. се марҳила дорад: марҳилаи якум – пинакравӣ, осудахотирӣ, робита бо муҳити атроф; дуюм – хоболудӣ, гипотаксия (сустҳаракатӣ), каталепсия (шаклҳои гуногун гирифта тавонистани тан); сеюм – хоби сахт, сомнамбулизм, ки одам дар ин ҳолат ҳам воқеаҳоро қисман дар хотир нигоҳ медорад. Бо Г. бемориҳои неврастения, неврози музоҳим, истерия, нейродермит, экзема, реши меъда, зиқи нафас ва майзадаҳоро муолиҷа мекунанд. Г., одатан, бо диг. усулҳои табобат ҳамроҳ кор фармуда мешавад. Г.-ро фақат духтури мутахассис дар ҳузури ҳамшираи шафқат ва фелдшер истифода мебарад. Ниг. низ. Психотерапия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …