Главная / Илм / ГИПЕРТОНИЯ

ГИПЕРТОНИЯ

gipertoniyaГИПЕРТОНИЯ (Hypertonia; аз гипер… ва tonos – таранҷиш), тарангии барзиёди мушакҳо. Истилоҳи Г.-ро барои ифодаи кашиш (таранҷиш)-и мушакҳои суфтаи узвҳои холӣ (меъда, пешобдон ва ғ.), рагҳо ва мушакҳои скелет кор мефармоянд. Яке аз сабабҳои баланд шудани фишори артерия (ФА) дар мавриди гипертензияи шараёнӣ, аз ҷумла бемории гипертония Г.-и девораи артериолаҳо аст. Вале баланд гаштани фишор (гипертензия)-ро «гипертония» номидан дуруст нест. Мас., Г.-и рӯдаи дувоздаҳангушта ҳангоми дуоденит бинобар ихтилоли фаъолияти таҳрикии он сар зада, дар натиҷа мӯҳтавои рӯда ҳатто ба меъда бармегардад (регургитатсия); Г.-и мушакҳои скелет метавонад аломати осеби силсилаи асаб ё худи мушакҳо, ихтилоли мубодилаи электролитҳо бошад. Ихтилоли амиқи фаъолияти мушакҳои скелет бинобар Г. фалаҷи ташаннуҷӣ ном дорад. Хуруҷвор баланд шудани тонуси мушакҳои суфтаро, ки муҷиби баста ё танг шудани сӯрохи раг мегардад, қабз (спазм) меноманд. Ниг. низ Тонус.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …