Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯ

ГИПЕРТЕНЗИЯ

gipertenziyaГИПЕРТЕНЗИЯ (Hypertensio; аз гипер… ва юн. tensio – шиддат), аз меъёр баланд шудани фишори моеъот (хун ё лимфа) дар рагҳо. Истилоҳи «гипертензия»-ро барои ифодаи фишори баланди хун ё лимфа, истилоҳи «гипертония»-ро бошад, барои баён кардани ҳолати мушакҳо кор фармудан беҳтар аст. Аммо мувофиқи анъанаи чандинсола истилоҳи «гипертония»-ро барои ифодаи «фишори баланди хун» кор мефармоянд.
Г. якумин ва дуюмин мешавад. Г.-и якумин фақат ба бемории гипертонӣ хос аст. Г.-и дуюмин баландии фишори шараёнеро мефаҳмонад, ки бо бемории гипертония алоқаманд набуда, яке аз нишонаҳои бемории дигар (мас., Г.-и шараёнии дуюмин) мебошад. Чунин бемориҳо, ба монанди газаки гурда ва иллати рагҳои он, ихтилоли кори баъзе ғадудҳои усораи дохилӣ ва ғ. бештар ба таври ниҳонӣ ҷараён мегиранд ва фишори баланди хун аломати нахустини онҳо маҳсуб мешавад. Г.-и шараёнии дуюмин бисёр дучор меояд ва онро ба тарзи дигар, аз ҷумла тавассути ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Г.-и шараёнии якумин ва дуюминро фақат духтур бо истифода аз усулҳои махсуси муоина муқаррар менамояд.
Сарфи назар аз тарзи пайдоиш, Г.-и шараёниро систолавӣ меноманд, ба шарте, ки фишори систолавии шараён бағоят баланд, вале фишори диастолавӣ андаке баланд, мӯътадил ё ҳатто то андозае паст бошад. Чунин Г.-и шараёнӣ муолиҷаи таъҷилиро тақозо намекунад. Дар рафти табобати он (хусусан дар пирсолон) барои паст кардани фишори систолавии хун то ҳадди «нормалӣ» кӯшидан лозим нест. Зеро ин мумкин аст боиси якбора бад гаштани ҳаракати хун дар рагҳои бинобар атеросклероз тангшуда (хусусан рагҳои майна ва дил) гардад. Ҳангоми Г.-и шараёнии диастолавӣ бештар фишори диастолавии хун баланд шуда, табобати бардавом ва босуботро талаб мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …