Главная / Илм / ГИПЕРПРОТЕИНЕМИЯ

ГИПЕРПРОТЕИНЕМИЯ

giperproteinemiyaГИПЕРПРОТЕИНЕМИЯ (Hyperproteinaemia; аз гипер…, протеинҳо ва haima – хун), зиёд шудани миқдори сафедаҳо дар зардоби хун. Г. нисбӣ ва мутлақ мешавад. Сабаби Г.-и нисбӣ дар маҷрои хун кам гаштани об аст. Он метавонад дар мавридҳои зерин ба вуҷуд ояд: сӯхтагии вазнин, перитонити фарогир, ногузароии рӯда, қайи бардавом, исҳол, диабети беқанд, нефрити музмин, серарақӣ, кетоатсидози диабетӣ ва ғ. Г.-и мутлақ кам дучор мешавад. Он дар аснои бемориҳо гуногун ба мушоҳида мерасад, мас., гемобластозҳои парапротеинемиявӣ, бемории Хоҷкин, полиартрити музмин, гепатити музмин, сироятҳои шадид ва музмин, саркоидоз, сиррози ҷигар бидуни падидаҳои возеҳи нуқси ҳуҷайраҳои гурда ва ғ.
Ад.: Медицинская биохимия, Омск, 2005; Камышников В.С., Карманный справочник врача по лабораторной диагностике, М., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …