Главная / Илм / ГИПЕРКАПНИЯ

ГИПЕРКАПНИЯ

giperkapniyaГИПЕРКАПНИЯ (Hypercapnia; аз гипер… ва karpos – дуд), шиддати баланди гази карбонат дар хуни артерия ва бофтаҳои организм. Г. дар аксар ҳолатҳо ҳангоми нафас гирифтани ҳавое, ки дар таркиби он миқдори CO2 зиёд аст, ба вуҷуд меояд (мас., дар хонаҳои хурди ҳавонорас, киштиҳои зериобӣ, скафандрҳои ғаввосӣ ва ғ.). Г. метавонад дар натиҷаи бемориҳои гуногун, мас., эмфиземаи шуш, асфиксия ва ғ. низ пайдо шавад. Г. маркази нафасро ангехта, бо ҳамин ҳавогирии шушро зиёд мекунад; нафасгирӣ тез ва чуқур мешавад. Г.-и ногаҳонӣ метавонад боиси беҳушӣ ва фавти одам шавад. Бо мақсади аз ҳолати мадҳушӣ баровардани ҷабрдида аз ҳаводиҳии сунъии шуш истифода мекунанд. Агар Г. бинобар сабаби ягон беморӣ рух дода бошад, пас ҳатман он бемориро табобат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …