Главная / Илм / ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

giperaldosteronizmГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ, синдроме, ки дар натиҷаи дар организм бисёр будани миқдори гормони қишри ғадуди болои гурдаҳо – алдостерон рух менамояд. Алдостерон дар кори танзими мубодилаи моддаҳо дар организм ширкат меварзад. Он барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий мусоидат карда, ионҳои калий ва гидрогенро ба воситаи пешоб хориҷ менамояд. Тарашшӯҳи алдостеронро системаи ренин-ангиотензин танзим месозад. Миқдори мӯътадили алдостерон дар хун 2 – 17 нг/100 мл аст; ба воситаи пешоб дар як шаборӯз 15 – 80 мкг алдостерони пайваст, 0,05 – 0,3 мкг алдостерони озод ва 3 – 16 мкг алдостерони ба кислота ноустувор хориҷ карда мешавад.
Г. метавонад якумин ва дуюмин бошад. Г.-и якумин (синдроми Конн) дар мавриди тарашшӯҳи зиёди алдостерон, ки сабаби он пайдоиши аденома (алдостеронома ё алдостерома) ва саратони қишри ғадуди болои гурдаҳо аст, ба вуҷуд меояд. Г.-и дуюмин дар натиҷаи афзудани фаъолияти ренин ҳангоми бемориҳое, ки хунгардишро дар гурдаҳо душвор месозанд, омосҳои гурда, кам истеъмол кардани намак, беназорат истифода бурдани доруҳои пешоброн ва мусҳил (исҳоловар) пайдо мешавад.
Г.-и якуминро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Ҳангоми Г.-и дуюмин аз усулҳои табобати алоимӣ истифода карда мешавад.
Бо мақсади пешгирии Г. одамони фишори хунашон баланд, гирифтори амрози ҷигар ва гурдаҳо бояд мунтазам аз назорати духтур гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …