Главная / Варзиш / Гимнастикаи пагохирузӣ

Гимнастикаи пагохирузӣ

Ҳар рӯзи худро аз гимнастикаи пагоҳирӯзӣ оғоз намудан муфид аст. Он барои аз холати хоб ба ҳолати корӣ гузаштан ва барои бар- дамӣ бахшидан ба бадан дар давоми рӯз ёрӣ мерасонад. Гимнастика барои бақувват, чолок, нотарс ва чобук шудан қадами нахустин аст.

Гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, одатан, аз машқхои тайиноти инкишофи умумидошта тартиб дода мешавад, ки онҳоро бе ашё ва бо онҳо – эспандер, банд, ҳалқа ва ғайра ичро кардан мумкин аст.

Давомнокии тахминии машқ барои хонандагони синфхои 1-4 10-15 дақиқа аст. Иҷрои машқхо дар хавои кушод ё хонаи тирезааш кушода, ки ҳарораташ аз 15 С паст набошад, б а мақсад мувофиқаст.

123

Агар гимнастикаи пагоҳирӯзиро мунтазам иҷро кунед, он барои инкишофи бадани шумо нақши мухим мегузорад. Қувваи мушакхо зиёд мешавад, фаъолияти корӣ хуб мегардад ва дараҷаи хасташавии бадан паст мешавад.

Машқҳои гимнастикӣ – бо як тартиби муайян иҷро карда меша- ванд:

Аввал рост кардани қомат, сипас машқҳо барои дастхо, кифхо, бадан, миён ва пой. Дар охир – давидан ва ҷаҳидан. Гимнастикаи пагоҳирӯзӣ бо қадамзанӣ дар ҷой, ки оҳиста-охиста кам карда меша- вад, ба охир мерасад.

Қоидаи асосиро аз хотир набароред: машқҳоро мунтазам, қатъ накарда иҷро кардан лозим аст.

Баъзан барвақт аз хоб хеста гимнастикаи пагоҳирӯзиро иҷро кардан намефорад. Дар ин ҳолат қувваи иродаатонро нишон диҳед. Пас аз машқҳо табъатон болида, холати умумии баданатон нисбатан хуб мегардад. Ҳисси қаноатмандӣ, аз он ки ту бар худат ғолиб омадӣ, мегардад. Ҳисси қаноатманди, аз он ки шумо бар худ ғолиб омадед, боқӣ мемонад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …