Главная / Илм / ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

gimenolepidozГИМЕНОЛЕПИДОЗ (Hymenolepidosis), бемории одам, ки тасмакирмҳои реза ба вуҷуд меоранд. Дарозии кирмҳо 0,5 – 5 см аст; дар сар узви маканда ва чангак доранд. Танаи баъзе кирмҳо аз 160 – 1000 банд иборат мебошад. Онҳо дар рӯдаи борик ҷой мегиранд. Тухми кирмҳо аз рӯда бо пасафканд хориҷ мешаванд; агар ҳарорат ва рутубат мӯътадил бошад, тухмҳо қобилияти сироятангезии худро чанд рӯз маҳфуз медоранд.
Манбаи сироят одами касал аст. Асосан кӯдакон ҳангоми фурӯ бурдани тухми кирмҳо (тавассути дасти ифлос, бозичаҳо ва ғ.) бемор мешаванд. Дарди шикам, беиштиҳоӣ, исҳол, дарди сар, тундмизоҷӣ, бехобӣ, анемия, аз сабзиш мондани кӯдакон ва заъфи қобилияти кории калонсолон аломатҳои Г. мебошанд. Беморӣ, одатан, 1 – 3 моҳ идома меёбад; дар кӯдакони хурдсол он мумкин аст бештар тӯл кашад.
Муолиҷаи Г. дуру дароз буда, дар шароити амбулаторӣ ба амал бароварда мешавад. Тақр. 70 дарсади маризон шифо меёбанд; дар ҳолатҳои дигар вазъи саломатӣ беҳтар мешаваду бас. Бинобар ин баъди табобат мариз камаш 6 моҳ зери назорати духтурон қарор мегирад. Дар ин муддат наҷосатро 4 – 6 маротиба месанҷанд. Дар сурати мушоҳида шудани тухми кирм, назоратро то як сол идома медиҳанд. Санҷишҳои назоратии наҷосат (8 – 10 маротиба) беҳтараш баъди даври такрории муолиҷа гузаронда шаванд.
Бо мақсади пешгирии беморӣ дастро баъди қазои ҳоҷат ва пеш аз хӯрок бо собун шустан лозим аст. Истифодаи ваннаҳои гигиенӣ, тоза нигоҳ доштани кӯрпаву болин, сари либос ва тубаки кӯдакон, бо оби ҷӯш шустани нишастгоҳи ҳоҷатхона, рӯбӯчин, шамол додани хона аҳамияти калон дорад. Реҷаи дурусти тағзия ва хӯроки серғизо муқобилати организми кӯдакро нисбат ба Г. зиёд мекунад. Ба қоидаҳои пешгирии Г. хусусан дар муассисаҳои кӯдакон, боғчаҳои бачагон ва оилаҳои серфарзанд эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Кӯдаки бемор баъди қазои ҳоҷат дасташро бояд нағз шӯяд, аз тубаку сачоқи алоҳида истифода барад.
Ад.: Қамардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Ҳамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Қ. А. Хурсандов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …