ГИЛ

gilГИЛ, ҷинси кӯҳии таҳшиние, ки асосан аз минералҳои гилӣ, яъне каолинит, монтмориллонит, гидроабрақ таркиб ёфтааст. Дар таркиби Г. заррачаҳои ҷинсҳои гуногуни кӯҳӣ низ дучор мешаванд. Таркиби химиявии Г. асосан аз SiO2 (30 – 70%), Al2O3 (10 – 40%), H2O (5 – 10%) ва TiO2, Na2O, K2O, MgO, Fe2O3, FeO, CaO иборат аст. Аксар навъҳои Г. бо об зуд омехтаву гилоба мешаванд. Хамираи Г.-ро ба ҳар шакл даровардан мумкин аст. Г.-и пухта мисли санг сахт мешавад. Г.-ҳо намкаш, ҷазбӣ (адсорбсиявӣ), оташбардор ё дергудоз ҳам ҳастанд. Г.-ҳои оташбардор ва дергудозро гилбӯта ё Г.-и бӯта мегӯянд.
Г.-ҳо метавонанд дорои маводи ҳархела бошанд, ки ин аз номи онҳо низ айён аст. Мас., Г.-и шӯр (намаксанг ё галлит дорад), гилгач (дорои гач аст), гилоҳак, рухомгил ва ғ. Ҳамчунин Г.-ҳоро вобаста ба рангашон ном мебаранд: Г.-и сафед (каолин), сафедхока (Г.-ҳои каолинитӣ), Г.-и сурх ё мағра (охра), Г.-и зард (Г.-и санам), Г.-и хокистарӣ, Г.-и сабз, Г.-и гулобӣ, Г.-и сиёҳ, Г.-и кабуд, Г.-и дорчинӣ ва ғ. Бисёр Г.-ҳо тибқи маҳалли пайдоиши худ ном гирифтаанд: Г.-и арманӣ, Г.-и самосӣ, Г.-и қубрусӣ, Г.-и нишопурӣ, Г.-и хуросонӣ, Г.-и Буҳайра, Г.-и мастико, Г.-и иқтирис ва ғ. Ҳамчунин баъзе номҳо ин ё он хусусияти Г.-ҳоро ифода мекунанд, мас., сиришгил, симгил, Г.-и хушбӯй, Г.-и кирмӣ, Г.-и саршӯ, Г.-и ҷазбӣ, Г.-и ҳурр, гилмоя, гилбӯта, гилсанг ва ғ. Г.-ҳои хӯрданиро мардуми мо гилмоя мегӯянд.
Г. аз қадим дар тибби мардумӣ ва русумии кишварҳои Шарқ, аз ҷумла дар байни табибони мардуми тоҷик хеле маъмул буд. Солҳои охир пажӯҳишҳои анвои Г.-и сарзамини тоҷикон равнақи тоза ёфтанд. Алҳол анвои мухталифи Г., ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шудаанд, мавриди таҳқиқи махсуси олимон (таҳти сарварии проф. Халифаев Д. Р.) қарор гирифтааст. Баҳри амалӣ гаштани он химикҳо, олимони тиб, гиёҳшиносон, табибони халқӣ, донишмандони соҳаҳои заминшиносӣ, маъданшиносӣ ва ғ. ҷалб шудаанд. Ниг. низ Гилдавоӣ.
Ад.: Халифаев Д.Р., Ҳоҷиматов М., Масоили гил ва имконоти истифодаи он дар амалияи тиб. Дар кит.: Падидаҳои санъати дорусозӣ ва тибби мардумӣ, ҷ. 1, Д., 2001; Ҳамон муаллифон, Гил ва гилдавоӣ, Д., 2002; Глины, их минералогия, свойства и практическое значение, М., 1970; Халифаев Д.Р., Микроэлементный анализ бентонитовых глин Таджикистана. Дар кит.: Проблемы фармации Таджикистана, Д., 1991.

Д. Халифаев

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …