Реҷаи рўз. Тавре ки зикр карда будем, системаи асаб ҳамаи ҳолатҳои физиологиро ба тартиб меандозад, алоқаи организмро бо муҳит таъмин менамояд. Вайроншавии фаъолияти системаи
асаб боиси ҳар хел бемориҳо мегардад. Пешгирӣ кардани он ниҳоят зарур аст. Яке аз муҳимтарин чорабинӣ ба реҷаи рўз риоя намудан мебошад. Бо навбат иваз шудани кор, истироҳат ва хоб рефлексҳои шартии ба ҳам алоқамандро ба вуҷуд меорад.
Меҳнат. Ҳам меҳнати фикрӣ ва ҳам ҷисмонӣ ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Вале кор бояд ба таври муайян, ба тартиб ба роҳ монда шавад. Меъёрҳои кори одами калонсол аз 8 соат набояд зиёд бошад. Талабагон вобаста аз синну солашон бояд аз 4 то 8 соат кор кунанд. Дар байни кор барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ танаффус кардан зарур аст.
Истироҳат. Истироҳат дар вақти аз меҳнати касбӣ ё таҳсил озод будан гузаронида мешавад. Истироҳатро ҳамчун оромии пурра ё бекорӣ тасаввур кардан нашояд. Сайру гашт шакли беҳтарини истироҳат аст. Дар як рўз барои истироҳати талабагон 3-4 соат вақт ҷудо карда мешавад.
Хоб. Аз рўи таълимоти И.П.Павлов хоб як намуди боздорӣ буда, организмро аз мондашавии зиёд нигоҳ медорад ва хоби бароҳат барои барқароршавии кори мағзи сар ёрӣ мерасонад.
Хобро кори доимо якхела (монотонӣ) тез ба амал меорад. Меъёри хоб аз синну сол вобаста аст. Мактаббачагони 10-15-сола бояд на камтар аз 9 соат хоб кунанд. Барои одамони калон 8 соат хоб кардан кифоя аст.