Главная / Маданият ва санъат / Гигиенаи ошхона ва хонаи хўрокхўрӣ

Гигиенаи ошхона ва хонаи хўрокхўрӣ

Тозагӣ ва нигоҳубини муттасили матбах ин ба тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад ва аз маданияти соҳибхоназану аҳли оила гувоҳӣ медиҳад. Се намуди рӯбучин ва тоза нигоҳ доштани матбах (ошхона) мавҷуд аст:

Тозакунии ҳаррӯза, ҳарҳафтаина ва бахшида ба ҷашнвораҳою идҳо, ки онро тозакунии куллӣ (генералӣ) низ номидан мумкин аст. Ҳар яке аз ин намудҳои тозакунӣ аз тоза кардани ҳавои матбах сар мешавад. Саҳар ва бегоҳӣ оинаҳои матбахро кушода мемонанд, то ки ҳавои ошхона тоза шавад ва баъд асбобу анҷоми ошхона ва рӯзғорро шуста, ба рафҳо ҷо ба ҷо менамоянд.

ошхона

Баъди рӯбучин кардан, ҷиҳози чанголудро пок мекунанд, баъд фарши матбахро мешӯянд. Дар вақти тозакунӣ болои таом ва озуқавориро мепӯшанд. Сарпӯши сатили партов бояд доим пӯшида бошад. Зарфҳо ва табақчаи ифлосро ғун карда намемонад. Барои он ки дар матбах ва умуман манзил магас, нонхӯрак ва хояндаҳо пайдо нашаванд, болои хӯрок ва зарфҳои ношустаро пӯшида, хӯроки боқимонда ва партовҳои ошхонаро сари вақт партофтан лозим аст.

Болои плитаи таомпазӣ ва зарфшӯякҳоро бояд зуд-зуд пок карда истодан лозим аст. Бо чӯткаи намнок ва ё латтаи нам бояд ҳафтае 1 маротиба матбахро тоза намуд, агар дар хона кӯдакҳои ширхӯр бошанд, ин навъи  тозакуниро ҳар рӯз бояд гузаронд. Дар ин кор чангкашак ё чӯткаи махсуси мӯйдорро барои тоза кардани мебели ошхона истифда намудан мувофиқи матлаб аст.

Бо латтаи хушк ё каме нам қабурғаҳои гармидиҳанда (батарея), пештахтаи тиреза, дар ва дастакҳои дарро тоза менамоянд. Фаршро бо маҳлули собундор ё маҳлули махсус мешӯянд ва онро тез-тез нав кардан лозим аст.

Тозакунии кулли (генералӣ)-ро бояд аз 3 то 5 бор дар 1 сол иҷро намудан зарур аст. Тозакунии куллӣ дар ҳама ҷои матбах гузаронида мешавад. Он аз нав кардани қоғазҳои ҷевони матбах сар шуда, то тозакунии панҷараҳои ҳавотозакунак ва гирду атрофи лӯлаҳои обгузар идома меёбад. Асбобу зарфҳои ҳамаи ҷевонҳоро гирифта, тоза шуста, хушк карда мегузоранд. Ҷевонҳоро ҳам пок мекунанд ва 3-4 соат ҳавои матбахро тоза мекунанд. ҳамаи асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотро ба куллӣ тоза ва пок менамояд.

Тоза кардани дару шишаи тиреза дар охир иҷро мешавад. Беҳтар мешавад агар шишаи тиреза ва дарро дар ҳавои салқин саҳарӣ ё бегоҳ тоза кунед. Аввал бо латтаи мулоим роми дару тирезаро мешӯянд, баъд пештахтаву шишаи тирезаро бо маҳлули махсус мешӯянд.

Шиша ва ромҳои тирезаро бо оби мӯътадил ё ширгарм шуста, баъд бо оби хунуки тоза боз мешӯянд. Шишаи тирезаро дар вақти пок кардан аз тарафи дигари он бо равиши амудӣ пок менамоянд. Ин роҳ барои тоза шудани шиша мадад мерасонад. Шишаро то ҷило доданаш бо қоғаз ё матоъҳои мулоим пай дар пай тоза мекунанд. Плитаҳои газ ё барқиро бомаҳлули махсус мешӯянд.

Дар синфхонаҳои технологияи мактаби (духтарон) таомпазӣ ва иҷрои корҳои амалиро дар мизи корӣ бо истифодаи ҷойҳои шустушӯй ва асбобҳои гармикунӣ мегузаранд. Бинобар ин ташкили ҷои кор вобаста ба кор муайян карда мешавад.

Дар мизи корӣ бояд маҳсулотро бо тартиб ва қулай ҷо ба ҷо гузошта ҳолату гузориши асбобу анҷомҳоро бояд ба назар гирифт.

Барои тайёр кардани таом на фақат ташкили ҷои корӣ, балки ҳолати иҷрои кор низ муҳим аст. Дар назди мизи корӣ бояд қоматро рост нигоҳ дошта истодан лозим. Пеш аз коркарди технологии маҳсулот бояд асбобу анҷомҳои лозимиро интихоб намоем.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …