Главная / Илм / ГИДРОСЕФАЛИЯ

ГИДРОСЕФАЛИЯ

gidrocefalijaГИДРОСЕФАЛИЯ (Hydrocephalia; аз юн. hydor – об ва kephale – сар), обварами майна, барзиёд ғун шудани моеъи ҳароммағз (ликвор) дар меъдачаҳои мағзи сар ва фазои зери парда; бо нишонаҳои баланд шудани фишори дохили ҷумҷума падид меояд.
Г. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Г.-и ғайримодарзодӣ илтиҳоби парда ва мағзи сар, осеби косахонаю майна, омосҳо ва бемориҳои ангали (паразити)-и мағзи сар мебошанд. Г.-и модарзодӣ дар натиҷаи сирояти дохилибатнӣ ва нуқси инкишофи силсилаи асабҳо рух менамояд. Сари чунин кӯдакон курашакл ва калон (даври он то 50 – 70 см мешавад) аст; дар натиҷаи авҷ гирифтани истисқо (обварам) сар аз будаш ҳам калонтар мешавад. Пешонӣ барҷаста ва пайвандгоҳи устухони фарқи сар (ташнак) калон мебошад; набз эҳсос намешавад. Устухони косахонаи сар тунук, дарзҳои он аз ҳамдигар дуранд. Кӯдак аз сабзиш монда, хеле дер роҳгардон мешавад; дасту по ва неруи босираи ӯ заиф аст.
Г.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Дар мавриди хуруҷи беморӣ аз доруҳое, ки фишори косахонаи сарро паст менамоянд, истифода бурда мешавад. Хусусан ба табобати бемории асосӣ, ки сабаби Г. шудааст, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Назорати мувозанати электролитии хун ва пешоб, диурез, фишори вена ва артерия ҳатмист. Дар баробари истифодаи дору бо роҳи пунксияи ташнаки калон моеъи ҳароммағзро кашида мегиранд.
Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани дорушифоӣ ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд. Мақсади ҷарроҳӣ хориҷ сохтани моеъи ҳароммағз ё бартараф намудани сабабҳои ихтилоли гардиши он мебошад.
Ҳангоми дуруст ва сари вақт муолиҷа кардан, инкишофи бемориро метавон пешгирӣ намуд. Бисёр кӯдаконе, ки муолиҷа карда намешаванд, дар хурдӣ мефавтанд ё сахт маъюб мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …