Главная / Илм / ГЕРОИН

ГЕРОИН

HEALTH Drugs 1ГЕРОИН, диатсетилморфин, маводи мухаддир, хокаи сафеди кристаллӣ. Ох. а. 19 – авв. а. 20 чун дору истифода мешуд. Диатсетилморфинро с. 1874 химики англис А. Райт ҳосил кардааст. Ба сифати доруи сурфа с. 1898 аз ҷониби химики немис пешниҳод гашт (бо тамғаи тиҷоратии «героин» истеҳсол мешуд). Онро асосан чун доруи рафъи сурфа ба ивази морфин кор мефармуданд.
Дар муддати чандин солҳо духтурон хавфнок будани истифодаи Г.-ро пай набурданд. С. 1924 дар ИМА истифодаи Г. бо кадом мақсаде, ки набошад, манъ карда шуд. То с. 1971 дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Г. дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешуд. Имрӯз Г. дар ягон давлати ҷаҳон чун дору истеҳсол ва фурӯхта намешавад.
Истифодаи Г. барои ҳаёти одам хавфи калон дорад. Он тамоми узву бофтаҳоро заҳролуд сохта, боиси сар задани аксуламалҳои аллергӣ, шоки анафилаксӣ ва варами Квинке мегардад. Дар мавриди ба вена фиристодани Г. бемориҳои флебит ва эндокардит рух намуда, клапанҳои дил осеб меёбанд. Дар ҷаҳон ҳар сол миллионҳо нафар одамон бинобар истифодаи Г. мефавтанд. Ниг. низ Нашъамандӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …