Главная / Илм / ГЕПАТИТ

ГЕПАТИТ

gepatitГЕПАТИТ (Hepatitis; аз юн. hepas, hepatos – ҷигар), номи умумии бемориҳои илтиҳобии шадид ва музмини ҷигар. Пайдоиши Г. гуногун аст. Г. якумин ва дуюмин мешавад.
Г.-и якумин бемории мустақил ва Г.-и дуюмин падидаи бемории дигар аст. Г.-и якумин дар натиҷаи таъсири вирусҳо (ниг. Гепатити вирусӣ), шароб (ниг. Гепатити алкоголӣ), доруҳо (Г.-и доруӣ) ё моддаҳои химиявӣ (Г.-и заҳрогин) инкишоф меёбад. Г. модарзодӣ низ мешавад; сабаби он сирояти вирусҳо, номувофиқатии хуни модар ва тифл ва ғ. мебошад.
Г.-и дуюмин дар заминаи сироят, заҳролудӣ, ҳангоми бемориҳои роҳи меъдаю рӯда ва ғ. рух менамояд. Вобаста ба давомият, хусусиятҳои морфологӣ ва клиникӣ Г. шадид ва музмин мешавад.
Гепатити шадид. Сабаби Г.-и шадид вирусҳо (мас., вируси гепатитҳои А, В, С ва ғ.), ангезандаи бемориҳои сироятӣ (лептоспироз, салмонеллёз, домана, вараҷа, брутселлёз ва ғ.), моддаҳои химиявӣ (тринитротолуол, чорхлориди карбон ва ғ.), инсектисидҳо ва металлҳо (сурб, фосфор, марги муш ва ғ.), доруҳо (баъзе доруҳои рӯҳгиро, антибиотикҳо, сулфаниламидҳо ва ғ.), заҳри наботӣ, мас., заҳри занбӯруғҳо маҳсуб мешаванд. Беморӣ аз чанд ҳафта то чанд моҳ давом мекунад. Табларза, дард кардани зери қабурғаи рост, диспепсия, зардпарвин, калон шудани ҷигар ва сипурз аломатҳои Г.-и шадид мебошанд.
Беморони Г.-и шадидро дар касалхона хобондан лозим аст.
Гепатити музмин. Агар бемории ҷигар бидуни беҳтар шудан то 6 моҳ давом ёбад, пас сухан аз бобати Г.-и музмин меравад. Г.-и музмин некфарҷом, фаъол ва холестазӣ мешавад. Дар мавриди беморӣ иштиҳо суст ва дар зери қабурғаи рост фишор ва гаронӣ эҳсос мешавад. Ҷигар калон ва сахт аст. Ҳангоми Г.-и музмини фаъол мариз беҳолат шуда, аз ғизоҳои равғанӣ рӯ метобад; аз бинӣ хун меравад; ҳарор. бадан баланд ва пӯст зард мешавад, аъзои бадан хориш мекунад. Ҷигар ва сипурз калон аст. Г.-и музмини холестазӣ бо заъфарма ва хориши тоқатфарсои пӯст падид меояд; дар пӯст ҳар гуна доначаҳо медаманд.
Оқибати Г.-ҳои музмини фаъол ва холестазӣ ҷиддӣ буда, дар аксар ҳолатҳо бо сиррози ҷигар анҷом мепазиранд. Дар давраи хурӯҷи беморӣ маризро дар касалхона хобондан лозим аст. Ниг. низ Ҷигар.

Н.М. Ғуломова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …