Главная / Ҷуғрофия / ГЕОСФЕРА ЧИСТ

ГЕОСФЕРА ЧИСТ

Замин аз якчанд қабат иборат аст. Онҳоро геосфера меноманд. Геосфера калимаи юнонӣ буда, “гео” – замин ва “сфера” кура аст. Аз ин ҷо маънии калимаи “геосфсера” номи умумии табақаҳои кураи Замин мебошад.

Геосфера аз чунин табақаҳо иборат аст: атмосфера. биосфера, гидросфсра. литосфера, мантия ва ядро (мағз). Ҳамаи ин қабатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: қабатҳои берунӣ ва дохилӣ. Онҳо бо таркиб, ҳолат (газ. моеъ, сахт…). фарогирӣ (муттасил ё номуттасил) ва ғафсии худ аз якдигар фарқ мекунанд.

Яке аз қабатҳои Замин атмосфера мебошад, ки онро пурра печонида гирифтааст. Ба сатҳи Замин бевосита алоқаманд аст. Ин алоқамандӣ ба қувваи кашиши Замин вобаста аст. Вай имконият намедиҳад, ки ҳаво дар коинот (фалак) пароканда шавад.

geosferaҚабати дигари берунии Заминро гидросфера ташкил медиҳад. Ин кабати номуттасили Замин буда, дар сатҳи он ба монанди атмосфера пардаи яклухтро ҳосил намекунад. Вай дар байни қабати атмосфера ва қишри Замин воқеъ гардида, тамоми укёнусҳо» баҳрҳо, обҳои сатҳи хушкӣ ва зеризаминиро дар бар мегирад. Биосфера (био – калимаи юнонй буда, маънояш “ҳаёт”аст) ҳам ба қабати берунии Замин дохил мешавад. Аммо ин қабатро бо қабати атмосфера, гидросфера ва литосфера (қишри Замин) монанд донистан дуруст нест. Барои он ки мавҷудоти зинда ҳам дар ҳаво (то баландихои 10-12 км), ҳам дар об (дар тамоми обҳо) ва ҳам дар хоку ҷинсҳои кӯҳй (микроорганизмхо то чуқурии 3 км) паҳн гардидааид.

Яъне биосфера як кисми атмосфера. литосфера (кишри Замин) ва тамоми гидросфсраро дар бар мегирад.

Қабати сахти аз ҳама болоии литосфераро қишри Замин мегӯянд. Ин қабат нисбатан тунуку сахт буда, аз ҷинсҳои кӯҳии гуногун ташкил ёфтааст. Онҳо қабат-қабат хобидаанд. Аммо миқдори қабатҳо дар хушкӣ ва уқёнусҳо як хел нест. Зери қишри Замин аз се қабат иборат аст: ҷинсҳои кӯҳии тахшинӣ, хоросангӣ ва базалтӣ. Зери укёнусҳоро ҳамагй ду қабат фаро гирифтааст: ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ва базалтӣ.

Дар айни замон кабатҳои берунии Замин – атмосфера, гидросфера ва биосфера нисбатан беҳтар омӯхта шудаанд. Вале дар бораи кабатҳои дохилии Замин (мантия ва ядрои Замин) маълумот хеле кам аст. Сарфи назар аз он олимон дар асоси маълумотҳои мавҷуда муқаррар намудаанд, ки дар зери кишри Замин қабати мантия ва дар таги он ядрои Замин воқеъ гардидааст. Мантия калимаи лотинй буда маънояш “рӯпӯш” мебошад. Ядро дар маркази Замин ҷойгир шудааст. Радиуси он 3471 километр аст. Қисми берунии ядро (1200 км) дар холати гудохтаи тунук. дохили он сахт мебошад.

Сатҳи ядроро қабати мантия иҳота кардааст, ки ғафсии он то 2900 км мерасад. Моддас, ки мантияро ташкил медиҳад, саҳти чандир буда, дорои ҳарорати баланд аст. Ҳарорат дар чуқурӣ меафзояд. Бинобар ин моддаи мантия дар қисми поёнии он ба худ холати чандиру часпандаро мегирад, Ин моддаи часпанда тахти фишори баланд метавонад ҷорй шавад ва аз як тараф ба тарафи дигар ҳаракат кунад. Дар натиҷа аз ҳам ҷудошавии моддахои вазнин ва сабук ба амал меояд. Моддаҳои вазнин ба поён ва моддаҳои сабук ба боло ҳаракат мекунанд. Ин ҳодиса дар чукурии 100 150 км қабати мантия босуръат мегузарад ва боиси оташфишонии вулконҳо. ҳосилшавии чашмаҳои оби гарм, харакат ва ба кафидахои қишри Замин дохил шудани магма (юнонӣ-айнан мархами ғализ) ва зилзила мегардад. Чиндоршавии қабати кишри Замин ва кӯҳпайдошавй ҳам ба он вобаста аст.

Савол ва супорнш

  1. Замин аз кадом кабатҳо иборат аст?
  2. Қабатҳои Замин ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд?
  3. Қабатҳои берунии Замин бо кадом хусусиятхояшон аз якдигар фарқ мекунанд?
  4. Ба қабатҳои дохилии Замин кадом қабатхо дохил мешаванд?
  5. Хусусияти онҳоро нақл намоед.
  6. Кадом қабатҳои Замин нағз омӯхта шудаанд?
  7. Сабабаш дар чист?
  8. Дар кадом қабати Замин вулқон зилзила ва чиндоршавии қабатҳо рух медиҳад?
  9. Руҳдиҳии ин ҳодисаҳо ба чӣ вобаста аст.
  10. Моддаи ядрои Замин дар кадом ҳолат аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …