Главная / Илм / ГЕНОТИП

ГЕНОТИП

genotipГЕНОТИП, маҷмӯи генҳое, ки дар хромосомаҳои организм ҷойгир шудаанд. Ба маънои васеъ Г. маҷмӯи омилҳои наслии организм буда, нишонаҳои ирсии аз насл ба насл гузарандаро дар худ нигоҳ медорад. Г. системаест, ки инкишоф, сохт ва фаъолияти ҳаётии организм, яъне маҷмӯи ҳамаи аломатҳои организм – фенотипи онро назорат карда меистад. Г. системаи ягонаи генҳои ба ҳамдигар таъсиркунанда мебошад; аз ин рӯ зуҳуроти ҳар як ген аз муҳити генотипие, ки ген дар он ҷойгир шудааст, вобаста аст. Истилоҳи «Г.» баъзан ба маънои маҳдуд барои ифода кардани гурӯҳи генҳо ё ҳатто генҳои алоҳида истифода мешавад. Ниг. низ Ирсият.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …