Главная / Илм / ГЕМОПЕРИТОНЕУМ

ГЕМОПЕРИТОНЕУМ

gemoperetoneumГЕМОПЕРИТОНЕУМ (Haemoperitoneum; аз гемо… ва лот. peritoneum – сифоқ, шикампарда), дар ҷавфи шикам ғун шудани хун. Асосан дар натиҷаи осеби узвҳои ҷавфи шикам ва баъзе бемориҳо (аноплексияи хоя, ҳамли хориҷи бачадон ва ғ.) инкишоф меёбад.
Оқибати Г. ба хусусияти осеб, шиддати хуншорӣ ба ҷавфи шикам ва миқдори хуни талафшуда вобаста аст. Ҳангоми Г.-и шадид бемор аз сиёҳ задани чашм, сарчархӣ, дарди сахти шикам шикоят мекунад. Ранги пӯст ва луобпардаҳо мепарад, бемор ташна монда, арақи сард мекунад, адинамия ва беҳушӣ рух менамояд. Бемор кӯшиш мекунад, ки дар ҷой шинад (дар ин ҳангом дард андак таскин меёбад). Беморро бетаъхир дар шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ кардан лозим аст. То муоинаи духтур аз доруҳои рафъи дард истифода намебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …