Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ

ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ

gemoglobinometriyaГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ (аз гемоглобин ва юн. metreo – чен кардан), муайян кардани миқдор (консентратсия)-и гемоглобини хун. Г. чанд хел мешавад: колориметрӣ, газометрӣ ва усулҳое, ки ба муайян кардани миқдори оҳан дар таркиби хун асос ёфтаанд. Дар амалияи клиникӣ бештар аз усули колориметрӣ истифода мекунанд; он ба қобилияти гемоглобини хун, ки ҳангоми реаксияҳои химиявӣ ҳосилаҳои ранга, мас., оксигемоглобин, карбоксигемоглобин, метгемоглобин, гемиглобинсианид ва ғ. ҳосил менамояд, асос ёфтааст. Консентратсияи гемоглобини хун бо гемометр муайян карда мешавад. Гемометри ГС-3 аз штативи хурд ибора буда, дар лонаҳои он пробиркаҳои ченакдор ва ду пробиркаи кафшершуда, ки маҳлули рангкардаи стандартӣ доранд, ҷой дода шудаанд. Аз ҷои сӯзанзадаи пӯст хунро бо пипеткаи чанакдор то нишонаи 0,02 (20 мкл) гирифта, оҳиста ба пробиркаи ченакдори гемометр, ки маҳлули кислотаи хлорид дорад, мечаконанд; сипас маводро бо қаламчаи шишагӣ омехта карда, пробиркаро ба лонаи гемометр (байни пробиркаҳое, ки маҳлули стандартӣ доранд) мегузоранд. Ба пробиркае, ки маҳлули санҷишӣ дорад, то ҳамранг шудани маҳлулҳои он бо маҳлули стандартӣ оби тақтирӣ (дистилятсиявӣ) мечаконанд. Аз рӯи ченаки пробирка сатҳи маҳлул, ки ба консентратсияи гемоглобин мувофиқ аст, муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …