Главная / Илм / ГЕМИПЛЕГИЯ

ГЕМИПЛЕГИЯ

gemiplegiyaГЕМИПЛЕГИЯ (Hemiplegia; аз юн. hemi – нисф ва plege – зарба), пурра гум шудани имконияти ҳаракати ихтиёрии дасту по аз як тарафи бадан; яке аз шаклҳои фалаҷ. Ба маънои дигар Г. фалаҷи нисфи бадан аст. Агар як даст ё по фалаҷ шуда бошад, онро моноплегия меноманд. Фалаҷи ҳар ду узв (даст ё по) параплегия ном дорад. Сабабҳои Г. сактаи мағзи сар, эмболия ё тромбози рагҳои майна, бемориҳои илтиҳобӣ ё омоси мағзи сар (арахноидит, энсефалит) ва ғ. мебошанд.
Бо мақсади муолиҷаи Г. бемории асосиеро, ки муҷиби сар задани он шудааст, табобат кардан лозим. Дар мавриди дуруст табобат ёфтан, ҳаракати узв имкон дорад, ки барқарор шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …