Главная / Илм / ГЕМАТОМА

ГЕМАТОМА

gematomaГЕМАТОМА (Haematoma; аз гем… ва …ома), хуномос, дар натиҷаи хунравӣ дар бофтаҳо ба дараҷаи маҳдуд ғун шудани хун. Г. ҳангоми кафидани раги хун, зарб хӯрдани он, ихтилоли лахтабандии хун ба вуҷуд меояд. Г. дар зери пӯст, устухонпарда, мушакҳо, пардаҳои лӯобӣ ва ғ. пайдо мешавад. Г.-и хурди сатҳӣ оқибати латхӯрии бофтаҳои нарм буда, андак варам, доғи кабуд ва дард пайдо мекунад. Агар ба каси латхӯрда ёрии дурусти тиббӣ расонанд, мумкин аст Г. пайдо нашавад.
Ҳангоми саривақт табобат кардан, аз Г. нишонае намемонад. Агар узвҳои ҳаётан муҳим (мағзи сар, ҷигар ва ғ.) лат хӯранд, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард, чунки Г.-и ин узвҳо барои ҳаёт хеле хатарнок аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …