Главная / Илм / ГЕЛОС

ГЕЛОС

gelosГЕЛОС (Cerasus avium), як навъ дарахти мева. То 25 м қад мекашад. Барги байзашакл, гули сафед, меваи донакдори сурх, зард ё сиёҳ дорад. Г.-ро барои тархурӣ, тайёр кардани хушоб, шарбат, нӯшоба, мураббо истифода мебаранд. Шира ва шарбати Г. дар истеҳсоли нӯшобаҳо, ликёр ва саноати қаннодӣ ба кор меравад. Аз тухми Г. равғани эфир мегиранд.
Муаллифи китоби «Муҳити аъзам» Муҳаммад Аъзамхон қайд кардааст, ки «Гелос ғизои андак бидиҳад ва ба сабаби рутубат ва лузуҷате, ки дорад, зудгузаранда аз меъда аст. Ҷиҳати дуруштии ҳалқ, шуш ва сурфа нафъ дорад. Ва зарар дорад ба ҳазми меъда агар бисёр хӯранд. Ва ба хилте, ки ғолиб аст, мубаддал мегардад, барои ин гелосро баъд аз таом набояд хӯрд».
Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби Г.-ро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода мекунанд. Ҷӯшоб ё компоти он чун давои балғамрон ҳангоми бронхит ва трахеит нофеъ аст; табро паст карда ба ҷисм неру ато мекунад. Г. таъсири исҳоловар дорад. Кӯфтаи гулу барги тарашро ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, думбал ва доғи кунҷидак гузошта мебанданд.
Бино ба ақидаи табибони мардумӣ агар Г.-ро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан агар бо донакаш хӯрда шавад), олати мардиро ба ҳаракат меорад; хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Шилми Г. хусусияти поксозӣ дорад, часпак буда, ахлоти часпакро меканад; барои дағалии роҳи нафас, неку гардонидани ранги рухсор ва ангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Миқдори як бор хӯрдан аз шилми Г. дар як рӯз 4 г аст. Агар он шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад.
Табибони мардумии афғон бо думчаи Г. дарди санги гурдаро табобат менамоянд: 2 қошуқ думчамеваи хушкро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, 15 дақиқа рӯи оташи паст мегузоранд. Баъди таҳшин шудан, онро полуда ҳангоми дарди санги гурда рӯзе 3 – 4 маротиба 0,5 истакон менӯшанд.
Дар тибби илмӣ меваи Г.-ро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғ. тавсия медиҳанд.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1975; Нуралиев Ю.Н., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …