Главная / Илм / ГЕЛМИНТОЛОГИЯ

ГЕЛМИНТОЛОГИЯ

gelmintologiyaГЕЛМИНТОЛОГИЯ (аз юн. helmins, helminthos – кирм, киҷҷа ва …логия), соҳаи паразитология, ки гелминтҳо ва бемориҳои дар одаму ҳайвонот ва растанӣ ба вуҷуд овардаи онҳоро меомӯзад. Асосгузори Г. олими немис К. А. Рудолф аст.
Маълумоти аввалин дар бораи баъзе кирмҳои паразит дар папируси Эберс (1550 то м.) қайд шудааст. Буқрот (460 – 377 то м) чанд намуди кирмҳоро қайд ва истилоҳи «гелминтос» (Helmintos)-ро ба илм дохил кардааст. Арасту доир ба се ҷинси кирми одам – аскаридаҳо, тений ва ришта маълумот медиҳад. Аммо Г. чун илм фақат баъди нимаи дуюми а. 18 ташаккул ёфта, дар ибтидои а. 20 пеш рафт. Г. умумӣ (морфология, систематика, физиология ва сикли биологии кирмҳоро месанҷад), тиббӣ (гелминтозҳои одам ва воситаҳои муборизаи зидди онҳоро меомӯзад), ветеринарӣ (гелминтозҳои ҳайвонотро тадқиқ мекунад) ва агрономӣ (фитогелминтология; чораҳои муборизаи зидди гелминтҳои растаниҳоро меомӯзад) мешавад.
Г.-и тиббӣ дар баробари омӯзиши кирмҳои паразит, усулҳои ташхиси гелминтозҳо, муолиҷаи беморон ва пешгирии бемориҳои мазкурро низ дарёфт менамояд.
Дар Тоҷикистон масъалаҳои Г. дар Ин-тҳои чорводорӣ ва ветеринарияи АИК, факултаҳои марбутаи ДАТ, Ин-ти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ ва диг. муассисаҳои илмӣ ҳаллу фасл меёбанд.
Г.Н. Шахматов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …