Главная / Илм / ГЕЛИОТЕРАПИЯ

ГЕЛИОТЕРАПИЯ

gelioterapiyaГЕЛИОТЕРАПИЯ (аз юн. helios – офтоб ва терапия), бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо ба организми одам таъсир расондан ба тавассути нурҳои офтоб; яке аз усулҳои климатотерапия.
Омили таъсирбахши Г. энергияи афканишоти электромагнитии Офтоб аст. Спектри афканишоти мазкурро ба ултрабунафш (УБ), рӯшноӣ ва инфрасурх (ИС) ҷудо мекунанд. Нурҳои ИС-и спектри офтоб ба бофтаҳо ворид шуда, онҳоро гарм мекунанд, яъне асосан таъсири гармибахшӣ доранд; нурҳои ба чашм аён (рӯшноӣ) ба силсилаи асаби марказӣ таъсири ангезишовар мерасонанд; афканишоти УБ ба пайдоиши аксуламалҳои фотохимиявӣ ва биофизикӣ замина мегузоранд, ки дар натиҷа дар пӯст витамини D, меланин, ранги сиёҳтоб (ниг. Офтобхӯрӣ) ҳосил мешаванд. Афканишоти УБ бактерияҳоро низ маҳв менамоянд.
Г. дар мавриди шикастани устухон, дар шифо ёфтани захм ва яра, баъзе бемориҳои пӯст (пиодермия, псориаз ва ғ.), гиповитаминози D, рахит, амрози музмини бронху шуш, бемориҳои музмини роҳи меъдаю рӯда, сил, аъзои таносули занҳо ва ғ. истифода мешавад.
Ҳангоми бемориҳои илтиҳобии шадид, омосҳо, хурӯҷи сили шуш ва устухон, атеросклероз, зиқи дил, бемориҳои хун, гипертония (зинаи II ва III), амрози ғадудҳои усораи дохилӣ, силсилаи асаби марказӣ, бодхӯра, вараҷа ва ғ. дар зери офтоб гаштан ва Г. ҷоиз нест.
Г. дар шакли ваннаҳои умумӣ (тамоми бадан) ва ҷузъи (рӯй, даст)-и офтобию ҳавоӣ, ҳамчунин нимваннаҳо таъин карда мешавад. Г. дар дили наҳор ва ҳамон замон баъди истеъмоли ғизо зиён дорад. Ҳангоми Г. сар ва чашмро аз нури бевоситаи офтоб муҳофизат кардан лозим аст. Г.-ро духтур таъин мекунад. Ниг. низ Ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …