Гейзер – чашмаи гарм, ки зери фишор доиман фаввораҳои оби гарм ва буғро ба сатҳи замин партоб мекунад. Гейзерҳо яке аз зуҳуроти марҳилаи охирӣ вулқонизм ба шумор рафта, дар минтақауои фаъолияти муосири вулқонӣ паҳн гардидаанд (расм. 41, 42).
Гейзерҳо дар навоҳии муосир ё начандон пешӣ вулқонизм вомехуранд. Дар як оташфишонӣ гейзер метавонад то 1000 литр обро ба масофаи 40 метр партоб қунад. Фаъолияти гейзер аз марҳилаи оромишӣ ,мавсимӣ, пуршавии чоҳбун
бо об, фавворакунии моеъи обибуғӣ ва партоби бошиддати бут, ки тадриҷан ба партоби оромтар мубаддал мегардад, қатъи партоби бут ва бозгашт ба марҳилаи оромиш ташкил меёбад.
Дар Камчатка зиёда аз 100 гейзер вомехӯранд, дар Исланди наздики 30 гейзер, дар Япония, Зеландияи Нав, Чин ва ИМА то 200 гейзер вуҷуд доранд. Аз ҳама гейзери маъруф Олд-Файтфулд дар боги миллии Йеллоустон (ИМА) ба шу- мор меравад. Дар инҷо гейзери аз ҳама бузург воқеъ гардидааст, ки ҳар 53-70 дақиқа обро ба масофаи 42 метр партоб мекунад. Гейзерҳо барои ба даст вардани оби гарм ва нерӯи барқ метавонанд мавриди истифода қарор дода шаванд.
Савол ва супоришҳо
- Ҳаракати қишри Замин чист? Ва ба кадом навъҳо тақисмбандӣ мегардад?
- Якчанд вулқони маьруфро номбар кунед ва онҳоро дар харита нишон диҳед.
- Пайдоиши заминларза ва вулқонҳоро шарҳ диҳед.
- Чашмаҳои гарм ва гейзерҳо чистанд? Нақши онҳоро дар фаъолияти хоҷагидории инсон ва аҳамияташонро барои саломатии инсонҳо шарҳ диҳед.