Главная / Илм / ГАЗҲОИ ИХРОҶШУДА

ГАЗҲОИ ИХРОҶШУДА

vyhlopnye-gazyГАЗҲОИ ИХРОҶШУДА, омехтаи моддаҳое, ки ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ дар муҳарраки дарунсӯз ба вуҷуд меояд. Бо Г. и. ифлос гаштани атмосфераи ҳаво бинобар афзоиши босуръати воситаҳои нақлиёт (автомобил, самолёт ва ғ.), махсусан дар шаҳрҳое, ки адади автомобилҳо тадриҷан меафзояд, масъалаи фавқулода муҳим гардидааст. Таркиби Г. и. ба навъи сӯзишворӣ, тартиби кори муҳаррик, хел ва ҳолати он вобаста аст. Дар таркиби Г. и. гази карбон (мошини сабукрав дар як соат аз 0,5 то 1,7 кг, мошини боркаш 1,5 – 2,8 кг гази карбон мебарорад), карбогидридҳо, оксиди нитроген ва алдегид, мас., формалдегид, сурб (ҳангоми истифодаи бензини омехта бо этил) мавҷуданд. Дар таркиби Г. и.-и муҳаррикҳои дизелӣ дуда низ вуҷуд дорад. Аз карбогидридҳо, алдегидҳо, оксиди нитроген ва ғ. дар натиҷаи амалиёти мураккаби фотооксидӣ, ки ба онҳо радиатсияи ултрабунафши офтоб мусоидат мекунад, фотооксидантҳо ҳосил мешаванд. Миқдори фотооксидантҳо ба фасли сол, вақти шаборӯз ва диг. омилҳо вобаста аст. Истилоҳи «оксидантҳо» маҷмӯи дар ҳаво ғун шудани моддаҳои оксидкунанда (озон, оксидҳои нитроген, пероксиатсилнитрат, формалдегид ва ғ.)-ро ифода мекунад. Ҳатто миқдори ками оксидантҳо боиси сурх шудани луобпардаи чашм ва авҷ гирифтани иллати роҳҳои нафас мегардад.
Аз Г. и. ифлос гаштани ҳаво бештар дар шаҳрҳое, ки кӯчаҳои танги шамолногузар дошта, ҳаракати нақлиёт бисёр аст, инчунин дар гаражҳо, муассисаҳои хизмати техникӣ, истгоҳҳо ва қароргоҳҳо мушоҳида мешавад. Г. и. дар атмосфера муддати дароз боқӣ монда, онро заҳролуд месозанд.
Дар мубориза бар зидди ифлосии атмосфера андешидани чунин тадбирҳо самарабахш мебошанд: назорати қатъӣ (автоматӣ) аз ҳолати техникии муҳаррикҳо ҳангоми ба роҳ баромадани мошин (сари вақт таъмир кардани мотор, танзими дурусти карбюратор ва ғ.); дар гараж аз 1 – 1,5 дақ. зиёд роҳ надодан ба кори муҳаррикҳо; ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои вентилятсия дар биноҳое, ки муҳаррикҳои дарунсӯз кор мекунанд. Сохтани кӯчаҳои васеъ, роҳҳои автомобилгарди берун аз шаҳр, ташкили ҳаракати беисти нақлиёт, ба маҳаллаҳои истиқоматӣ ва саноатӣ тақсим кардани ҳудуди шаҳр ва ғ. аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими дар ҳаво кам кардани Г. и. маҳсуб меёбанд. Чораи қатъии мубориза бар зидди Г. и. иваз кардани сӯзишвории муҳаррикҳои дарунсӯз, такмил додан ва сохтани муҳаррикҳои нав мебошад.
Қонунгузории ҶТ оид ба ҳифзи атмосфера масъалаҳои зиёдро дарбар мегирад. Як қатор санадҳо қабул гардидааст, ки меъёри сифати муҳити зист, лимити партов ба ҳавои атмосфера, қоидаҳои кори дастгоҳҳо, нақлиёт ва ғ.-ро танзим менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …