Главная / Без рубрики / Ғазал аз Мансури Ҳофиз

Ғазал аз Мансури Ҳофиз

Ба рӯҳи таййиби Султони анбиё салавот,
Ба қабри тоҳири пурнури Мустафо салавот.
Бад-он Ҳабиб, ки маҳбуби коинот омад,
Ҳамеша мерасад аз Ҳазрати Худо салавот.
Ба назди Хоҷа фиристанд як ба як шабу рӯз
Башар ҷудо салавоту малак ҷудо салавот.
Диҳанд равшании хотираш, ки бифристанд
Алассабоҳ ба хуршеди «Ва-з-зуҳо» салавот.
Чӣ ғам ба давлати Шоҳи русул зи меҳнати фақр,
Зи ганҷи файз тавонгар кунад маро салавот.
Мусофирони Ҳиҷозу муҷовирони Ҳарам,
Шунидаанд зи ҳуҷҷоҷ дар Сафо салавот.
Зи Сидра дар салавот аст Ҷабраили Амин,
Ки рӯҳро бирасонад ба мунтаҳо салавот.
Ба гулшани сари кӯйи Муҳаммадӣ бишнав,
Дар он риёз зи мурғони хушнаво салавот.
Фаришта гуфт, ки: «Омин», қабул гашт дуо,
Чу кард фотиҳахон ҳамраҳи дуо салавот.
Ба Муртазои музаккӣ зи Мустафост салом,
Ба Мустафои муалло зи Муртазо салавот.
Зи партави салавот аст дил, ки Аҳмад дид,
Диҳад ҳар ойина ойинаро зиё салавот.
Нишонад аз салавот Расули ҷон Мансур,
Ба сӯйи равзаи хулдаш баранд бо салавот.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …