Главная / Илм / ҒАСЛИ МАҲБАЛ

ҒАСЛИ МАҲБАЛ

gasli-mahbalҒАСЛИ МАҲБАЛ, бо обдуздак шустани маҳбал; тадбирест, ки фақат бо тавсияи духтур дар мавриди бемориҳои газаковари музмини узвҳои таносули занона ба кор мебаранд.
Ғасли мунтазами маҳбал бидуни маслиҳати духтур (мас., барои дуҷон нашудан) мумкин аст боиси тағйири муҳити он гардад, муқовиматро бар зидди микробҳои бемориовар заиф намояд. Барои Ғ. м. аз оби ҷӯшондаи ширгарм (37 – 390С) истифода мебаранд. Ба об доруеро, ки духтур таъин кардааст, ҳамроҳ кардан мумкин. Ғ. м.-ро ба тахтапушт дароз кашида, пойҳоро қат ва аз ҳам дур карда, ба ҷо меоранд; ба таги сурин тубак мегузоранд. Барои Ғ. м. аз дӯлчаи Эсмарх (ҳаҷми он 1 – 1,5 л аст), найчаи резини (дарозиаш 1,5 м)-и ҷумакдор ва сараки пластмассӣ истифода мекунанд. Дӯлчаи Эсмарх ва найчаи резиниро қабл аз кор фармудан, бо маҳлули гандзудо ва оби ҷӯш нағз мешӯянд, сараки пластмассиро дар об ҷӯшонидан лозим. Дӯлчаро бо маҳлул пур карда, дар баландии 75 – 100 см ба девор (дар шароити хона) ё поя меовезанд. Пеш аз Ғ. м. аз найчаи резинӣ ҳаворо хориҷ мекунанд. Саракро ба даруни маҳбал ба самти ақиби он ба қадри 5 – 6 см медароранд ва ҷумакро мекушоянд. Бояд эҳтиёт шуд, ки баъди анҷоми Ғ. м. низ ба маҳбал ҳаво роҳ наёбад. Ғ. м. 10 – 15 дақ. давом мекунад. Баъди анҷоми он зан бояд дароз кашида, андак дам гирад. Бо мақсади табобат Ғ. м. пагоҳӣ ва бегоҳӣ, баъди беҳтар шудани саломатӣ – рӯзе 1 маротиба, сипас рӯздармиён ва билохира ҳафтае 1 – 2 маротиба ба ҷо оварда мешавад. Як даври муолиҷа, одатан, аз 7 – 10 проседура иборат аст.
Дар вақти ҳайз (ниг. Давраи ҳайз), ҳомилагӣ, давраи баъди таваллуд ва исқот, ҳангоми сахт газак гирифтани узвҳои таносул Ғ. м. ҷоиз нест, зеро хунравӣ ва ҷараёни газак вазнин мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …