ГАНГЛИЙ (аз юн. ganglion – ташкилаи омосмонанд), кистаи бофтаҳое, ки халтаи мафсил (банд) ё ниёми пайҳоро фаро гирифтааст. Бештар дар пушт ва баъзан дар кафи даст, банди даст ва пушти по нуму меёбад. Қутри Г. аз 0,5 то 5 – 6 см мешавад. Дар ҷавфи Г. обияти полудамонанд мавҷуд аст. Баъди иҷрои ягон кори ҷисмонӣ ҷое, ки Г. пайдо шудааст, дард мекунад. Г.-ро бо усули ҷарроҳӣ табобат менамоянд. Бемории некфарҷом аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …