Главная / Илм / ГАНДУМАҶИРИҚ

ГАНДУМАҶИРИҚ

elytrigia_repensГАНДУМАҶИРИҚ (Elytrigia repens), растаниест бисёрсолаи хӯшадор. Пояаш аз 60 то 170 см қад мекашад. Баргаш борики дароз (ба барги гандум шабоҳат дорад). Хӯшааш рост, дароз; донаш дуқатора ҷойгир шудааст. Г. дар хоки нарм хуб нашъунамо карда, то 15 – 20 см реша меронад. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ) дар заминҳои партов, дарёбод, боғот ва алафзор бисёр аст. Дар мавзеъҳои кӯҳӣ то минтақаи субалпӣ (3800 м баландтар аз с. б.) дучор меояд. Г. растании сармобардор буда, ба камобӣ тоб меорад.
Г. растании доруии қадимист. Абӯалии Сино бо ҷӯшоби решаи он захми меъда, масона, қабзияти пешоб ва ғ.-ро муолиҷа мекард. Тухми Г. давои хуби пешоброн буда, санги масонаро об мекунад. Шираи бо ҳиссаи баробари асал ё май ҷӯшонидааш давои чашмдард мебошад. Тарбандии марҳами он захмҳоро шифо мебахшад. Ҷӯшоби бехи онро табибони халқӣ ҳангоми бемориҳои роҳи пешобу талха, аъзои ҳозима, гурда, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, дарди санги талхадон ва гурда, ширинча, амрози пӯст ва чун омили исҳоловар, балғамрон истифода мебаранд. Ҷӯшоби решаи Г.-ро бо шир омехта ҳангоми сили шуш, дарди сандуқи сина, вараҷа, тарбод, устухондард ва бемории сифилис менӯшанд.
Г. давои хуби софсозандаи хун ҳангоми бемориҳои ҷигар, гурда, шошадон, дарди санги гурда, тарбод, ниқрис, варамҳои гуногун маҳсуб мешавад. Тритисин ва левузоли таркиби Г. қанди хунро ба меъёр медарорад. Дар мавриди фурункулёзи музмин истеъмол (рӯзе 8 истакон)-и нақеъи решаи Г. (8 қошуқ дар 1 л оби ҷӯш) нафъ меорад (даври муолиҷа 3 – 4 ҳафта). Бо нақеъи Г. сардард, фишори пасти хун, хастагии фикрӣ ва ҷисмониро низ дармон мебахшанд. Обзан (ванна)-ҳои он дар мавриди диатез, бавосир ва рахит муфид мебошанд.
Дар тибби муосир ҷӯшоби решапояи Г.-ро чун воситаи исҳоловар ва ҷузъи таркибии доруи мураккаби арақовару пешоброн ба кор мебаранд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …