Главная / Илм / ГАНДАПӯШ

ГАНДАПӯШ

gandapushГАНДАПӯШ (Artemisia persica), растаниест нимбутта. Аз 25 то 70 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги мудаввари сермӯяк, хӯшагули сабадак, гули найчашакл дорад. Июл – авг. гул карда, авг. – сент. дон мебандад. Дар нишебиҳои серсангу регзори кӯҳ, шахсорҳо, канори санглохи сой, буттазор, марғзорҳои субалпӣ ва биёбонҳои баландкӯҳ мерӯяд.
Табибони ҳиндӣ Г.-ро чун давои муқаввӣ, табфарор ва киҷҷарон кор мефармоянд. Дар тибби халқии тоҷикон хокаи сабадаки гули Г. омехта бо асал чун давои киҷҷарон истифода мегардад. Сокинони ноҳ. Варзоб кӯфтаи нӯги навдаҳои онро чой карда, бо мақсади табобати хафақон, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, заъфи дил ва чун омили пешоброн менӯшанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …