Главная / Илм / Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

gandano_piyoz-600x330Гандано — Пиёзи гандано навъҳои гуногун дорад: даштӣ, кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Беҳтаринаш бӯстонӣ аст, ки онро мардум мекоранд ва пухта мехӯранд. Инро бинобар тундтаъм буданаш пиёзи гандано ҳам меноманд. Баргаш монанди барги пиёз борик, аз миёни баргҳояш поя бармеоварад, дар сари пояаш монанди пиёз гул мекунад, тухмаш низ чун тухми пиёз сиёҳ мебошад.

Мизоҷи ин пиёз дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: баргашро кӯфта, бо сирко сиришта, ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар барги онро бихӯранд, қасабаи шуш, яъне роҳи нафасро пок мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд; ҳозима ва камарро қувват мебахшад, дарунро мулоим мекунад; қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст ва онро ба русӣ колит меноманд, дафъ мекунад: пешоб ва ҳайзро равон месозад; агар баъд аз таом бихӯранд, дар меъда турш шудани онро манъ мекунад ва барои ҳазм ёрӣ мерасонад, боҳро қувват мебахшад.

16 грамм аз оби он бинӯшанд, хуни бавосирро қатъ мегардонад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар ин микдор оби онро бо асал биёшоманд, бемориҳои узвҳои даруни синаро, ки аз сардӣ ва тарӣ бошанд, шифо мебахшад; варами шушро таҳлил медиҳад ва ҳамаи ин иллатҳоро мепазонад. Агар инро бо оби ҷав ва онро бо ҷав пухта бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина ва дамкӯтаҳиро сиҳат мекунад. Барги онро як шаб дар сирко тар карда, баъд бихӯранд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, қулинҷро дафъ мекунад.

Баргашро кӯфта бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад ва барои бавосир фоида дорад. Инчунин баргашро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷои аз бачадон ояндаро хушк мекунад ва намегузорад, ки бачаи занони ҳомила бияфтад. Пиёзи ганданоро дар об бо сирко ва намак ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, даҳани бастагии бачадонро мекушояд ва инчунин сахтии онро таҳлил медиҳад.

Он обро, ки дар он пиёзи гандано ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, бавосирро нафъ дорад ва боҳро қувват мебахшад. Оби ганданоро бо равғани гули сурх ва сиркои кӯҳна даромехта, нимгарм дар гуш чаконанд, дарди ин узвро таскин медиҳад ва ҷаранги онро дафъ мекунад.

gandano_piyoz-0-300x200Пиёзи онро кӯфта гузошта банданд, барои газидани ҷонварони заҳрнок ва мори афъӣ тарёқ мешавад, инчунин онро бо шаҳдоб биёшоманд, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад. Пиёзи ганданоро кӯфта, бо кӯфтаи татум хамир сохта гузошта банданд, шаро (аллергия) ва озахҳоро дафъ мекунад; бо намак даромехта банданд, захмҳои хабиса (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад.

Хӯрдани ҳамаи навъҳои гандано назар ба пиёз дерҳазм аст, боднок ва бодангез мебошад, хунро месӯзонад, чашмро хира мекунад ва милки дандонро вайрон месозанд, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад; дидани хобҳои бадро ба амал меоварад. Давои ҳамаи ин гуна зарарҳояш — кашниз ва коснии тару тоза хӯрдан аст. Чун корд ва ғайра теғҳоро бо оби гандано об диҳанд, тезӣ ва буррогии онҳо нест намегардад, яъне ҳеҷ кунд намешаванд.

Мизоҷи тухмаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 9 грамм тухми онро бо ҳамин миқдор тухми мӯрд бихӯранд, ҳамаи бемориҳоеро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад; хун қай кардан ва хунравиҳоро манъ мекунад: гиреҳи балғамии ҷигарро мекушояд, иштиҳо меоварад, гурда ва хичакро қувват мебахшад. Агар инро бо шароб биёшоманд, қуввати боҳ мебахшад ва боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад. Тухми ганданоро то бӯяш баромадан тафсонида, бо самари мӯрд бихӯранд, рафтани дарун ва хуни мақъадро мебандад.

Агар ин тухмашро сӯхта, дудашро ба мавзеъ бигиранд, бавосирро шифо мебахшад. Усораи тухмаш, яъне оби тухмашро дар офтоб ғафс гардонида, гузошта банданд, барои газидани афъӣ дору мешавад, доғи кунҷндак ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад, инчунин ҳамаи дардҳоеро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад. Вале истеъмоли тухми гандано ба дарун барои гурда ва хичак зарар дорад — давояш асал хӯрдан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …