Главная / Илм / ГАЛОВАКС

ГАЛОВАКС

galovaksГАЛОВАКС, омехтаи нафталинҳои хлорнок. Моддаи сахт буда, дар об бад ҳал мешавад. Онро барои истеҳсоли мебел, конденсаторҳо, трансформаторҳо, асбобҳои бофандагӣ ва ғ. кор мефармоянд.
Ҳангоми сарукор бо Г. заҳролудӣ аз эҳтимол дур нест. Заҳри Г. бештар ба ҷигар, ғадудҳои равған, фолликулаҳои мӯй таъсир мерасонад. Нишонаҳои бармаҳали заҳролудӣ варам, бусуроти пӯст, зардпарвин, анорексия, дилбеҳузурӣ мебошанд. Дар пӯст баъди 3 – 4 моҳи кор бо Г. доначаҳои сершумори хокистарранг пайдо шуда, тадриҷан хадша мебанданд.
Барои пешгирии заҳролудӣ аз Г. ҳавои ҷойи корро тоза нигоҳ доштан лозим аст. Г. бояд дар шкафи ҳавокаш гудохта шавад. Коргоҳро бо маҳлули собуни омехта бо скипидар (10%) тоза мекунанд. Либоси кориро мунтазам иваз кардан лозим аст; аз коргоҳ баровардани он манъ мебошад. Ашхоси гирифтори амрози ҷигар, гурда, талхароҳа, пӯст бояд бо Г. кор накунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …