Главная / Илм / ГАЛЛЮТСИНАТСИЯ

ГАЛЛЮТСИНАТСИЯ

galliutsinatsiiaГАЛЛЮТСИНАТСИЯ (Hallucinatio), таваҳҳум, фиреби эҳсос, дарккуние, ки бидуни мавҷудияти объекти реалӣ дар мавриди амрози рӯҳӣ, бемориҳои сироятӣ, заҳролудӣ, осеби майна, изтироби сахти рӯҳӣ ва ғ. ба амал меояд. Г. шунавоӣ (ном гирифта ҷеғ задан, мағал, овозҳои ҳархела), босиравӣ (ба назар расидани одамон, мурдаҳо, ҳайвонот, махлуқҳои ғайритабиӣ, ҳодиса ва воқеаҳо), машомӣ (ба машом расидани бӯи бад ё бӯи хуш), ломисавӣ (ҳис кардани рутубат, вазиши бод, халидани сӯзан, дар рӯи пӯст ҷунбидани чизе ва ғ.), чашоӣ (бе истеъмоли ғизо ва нӯшокӣ дар даҳон ҳис шудани таъми нофорам ё ғайримуқаррарӣ), ҳисси умумӣ (дар шикам, дар сари сина ҳаракат кардани чизе) мешавад. Баъзе Г.-ҳо чунон ранга, образнок ва эътимодноку равшан мебошанд, ки онҳоро аз идроки реалӣ фарқ кардан душвор аст. Инро Г.-ҳои ҳақиқӣ меноманд. Г.-ҳои дигарро бемор ботинан дарк мекунад. Дар натиҷаи ин доираи шуурро ҳиссиёти козиб (дурӯғин) фаро мегирад ва ба он қуввае таъсир расонда, боиси ба вуҷуд омадани таваҳҳум (хаёл, фикрҳои «баланд» ва ғ.) мегардад. Инро псевдогаллютсинатсия (галлютсинатсияи дурӯғин) меноманд. Онро охири а. 19 духтури рус В.Х. Кандинский муайян кардааст.
Бо таъсири Г. ба гӯши бемор овозҳои амркунанда мерасанд. Дар чунин ҳолат ӯ метавонад нисбат ба атрофиён ё ҳаёти худ ҳаракатҳои хатарнок содир намояд. Г. аломати муҳим ва асосии бисёр бемориҳои рӯҳӣ аст.
Дар мавриди Г. маризро оҷилан дар беморхонаи амрози рӯҳӣ бистарӣ ва муолиҷа кардан лозим аст. Ин кор махсусан ҳангоми Г.-и шадид муҳим мебошад.
Ад.: Гиляровский В.А., Учение о галлюцинациях, М., 1949; Гулямов М.Г., Синдром психического автоматизма Кандинского в рамках различных клинико-нозологических форм психозов, Д., 1965.

Н.М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …