Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ НАЗДСИПАРШАКЛ

ҒАДУДҲОИ НАЗДСИПАРШАКЛ

gadudhoi-nazdsiparshaklҒАДУДҲОИ НАЗДСИПАРШАКЛ (Glandulae parathyroideae), ғадудҳои усораи дохилӣ, ки паратгормон ҳосил мекунанд; паратгормон барои танзими мубодилаи фосфору калтсий дар организм аҳамияти калон дорад. Тарашшӯҳи паратгормон ба консентратсияи калтсий дар хун вобаста аст. Афзоиши миқдори калтсий дар хун ба ҳосил шудани паратгормон дар Ғ. н. таъсири манфӣ мерасонад ва баръакс, дар натиҷаи дар таркиби хун костани миқдори калтсий паратгормон бештар ҳосил мешавад.
Дар одам, одатан, ду ҷуфт Ғ. н. (болоӣ ва поёнӣ) мавҷуд аст; онҳо дар сатҳи қафои ғадуди сипаршакл ҷой гирифтаанд (адад ва ҷойгирии Ғ.н. метавонад тағйир ёбад). Баъзан ин гуна ғадудҳоро дар бофтаи ғадуди сипаршакл, ғадуди ҷоғар, перикард, миёндевор ва ғ. мушоҳида кардан мумкин аст. Андозаи ҳар як Ғ. н. тақр. 6 х 3 – 4 х 1,5 – 3 мм, вазни умумии онҳо 0,25 – 0,5 г мебошад; ранги сурхтоб ё зарди ҷигарӣ дорад. Ғ. н.-ро артерияҳои сипаршакли поён бо хун таъмин мекунанд. Ғ. н. бо ғилофаки нафис фаро гирифта шудааст.
Дар мавриди нуқси фаъолияти Ғ. н. (гипопаратиреоз), ки бинобар суст инкишоф ёфтан ё умуман набудани он ва ё ҳангоми бо роҳи ҷарроҳӣ дур сохтани ғадуд сар мезанад, дар хун ва моеъи байни ҳуҷайраҳо консентратсияи калтсий коҳиш ёфта, консентратсияи фосфор меафзояд. Дар натиҷа асабу мушакҳо сахт ангезиш меёбанд, бемории тетанияи гипопаратиреоидӣ ба вуҷуд меояд. Ин гуна ҳолат ҳангоми ихтилоли ҳассосияти бофтаю мушакҳо нисбати паратгормон низ рух менамояд (псевдогипопаратиреоз). Дар беморон ҳолати мадҳушӣ, хуруҷи саръмонанд, ихтилоли босира ва сомеа ба мушоҳида мерасад. Дар аснои халал ёфтани фаъолияти Ғ. н. бемориҳои гуногуни дигар, мас., остеопороз, полиурия, полидипсия, нуқси гурда ва ғ. пайдо мешаванд.
КЛ
Ғадудҳои наздсипаршакл дар қисми ақиби ғадуди сипаршакл: 1 – ғадудҳои наздсипаршакли болоӣ; 2 – ғадуди сипаршакл; 3 – ғадудҳои наздсипаршакли поёнӣ; 4 – балъум (қисми ақиб).
Ш. С. Анварова.
ати тарафайни онҳо бо гурда (намуд аз пеш): 1 – ғадудҳои рост ва чапи болои гурдаҳо; 2 – гурдаҳои рост ва чап.

Расми 2. Сохтори микроскопии ғадудҳои болои гурда: 1 – ғилофаки ғадуди болои гурда; 2 – қитъаи тӯпчагӣ; 3 – қитъаи бандчагӣ; 4 – қитъаи шабакавӣ; 5 – моддаи мағзӣ; 6 – мӯраги синусоидӣ.
А. С. Осимов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …