Главная / Илм / ГАЧБАНДӣ

ГАЧБАНДӣ

gipsГАЧБАНДӣ, гаҷбандӣ, навъе аз бандина бо истифода аз гачи тиббӣ. Г.-ро дар мавриди осебҳои гуногун, хусусан шикастани устухонҳо, муолиҷаи бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, ҳангоми зарурат ба ноҷунбон кардани дасту по, гардан, сар ва ғ. кор мефармоянд.
Асоси Г. гачи тиббӣ аст. Он хокаи маҳини сафед ё андак зардча мебошад. Дар таркиби гачи тиббӣ бояд омехтаҳои бегона вуҷуд надошта бошанд; вай бояд хушк, маҳин ва нарм буда, зуд шах шавад ва дар узв устувор ҷой гирад.
Бинти Г. дар фабрика истеҳсол карда мешавад; дар вақти зарурат метавон аз бинти докагин низ истифода бурд (ба он хокаи гачро мемоланд). Қабл аз Г. бинт ё лангетҳои гачдорро дар тағраи обаш гарм тар мекунанд. Баъди пурра тар шудани бинт (набаромадани ҳубобчаҳои ҳаво), онро аз ду нӯгаш оҳиста аз об берун меоранд.
Ҷойҳои баромадаи устухонро бо болиштаки пахтагӣ ё қабати тунуки пахта пӯшонда, аз болои он бандинаи гачолудро мепечонанд. Бандинаро озод (сахт накашида) тоб дода, кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳар қабат ба болои нисфи қабати пештара хоб равад ва чин пайдо накунад. Дар сурати дуруст Г. намудан, узв карахт намешавад ва дард намекунад. Бо мақсади назорат панҷаи по ё дастро кушода мемонанд (Г. намекунанд). Ба вуҷуд омадани дард, пайдоиши варам, хунук ва карахт шудани узв, кабуд гаштани ангуштон аломати нодуруст Г. кардан аст; дар ин ҳангом бандинаро бурида, аз дигар Г. мекунанд. Зимни истифодаи дуру дарози Г. мумкин аст гипотрофияи мушакҳо ва контрактура (шах шудан)-и бандҳои аз ҳаракат монда рух намоянд.
Г.-и даврагӣ нисбатан маъмул аст. Онро ҳангоми шикастани устухонҳои дасту по фаровон кор мефармоянд. Бо мақсади мушоҳида кардани ҳолати захм ё мавзеи осебёфта, дар Г.-и даврагӣ баъзан «тирезача» мегузоранд (он ҳангоми тар будани гач бурида мешавад). Барои дар вақти буридан захмдор насохтани пӯст, бандинаи ин ҷойҳоро тунук тоб медиҳанд.
Г.-и даврагие, ки фақат як банди даст ё пойро фаро мегирад, тутор ном дорад. Бандинаеро, ки бандҳоро фаро намегирад, гилза меноманд. Дар вақти осеб ва бемориҳои банди зонуву оринҷ аз тутор истифода мекунанд.
Барои бурида гирифтани бандина асбобҳои махсус мавҷуданд. Боқимондаи гачро бо оби ширгарм ва собун мешӯянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …