Главная / Гуногун / ФУТУҲОТИ МИНБАЪДАИ ЧИНГИЗХОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ФУТУҲОТИ МИНБАЪДАИ ЧИНГИЗХОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Истилогарони муғул аҳолии зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубатҳои даҳшатангезе гирифтор намуда, пас аз андак таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Онҳо шаҳри Тирмизро ба харобазор табдил дода, сокинони онро ба қатл расониданд. Пас аз ин хунрезиҳо Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афғонистони шимолии ҳозира дохил гардид ва дар соли 1221 Балхро забт карда, онро низ тамоман хароб намуд.

chingiz-mongolДар ҳамин вақт писарони ӯ — Чағатой, Ӯқтой ва Ҷуҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари муғул пойтахти давлати хоразмшоҳӣ — шаҳри Гургонҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Гургонҷ муддати шаш моҳ бо муғулҳо мардонавор ҷангиданд. Муҳорибаи Гурганҷ ба дараҷае шадид буд, ки ғосибони муғул пас аз ворид шудан ба шаҳр низ ҳар як маҳалла ва кӯчаро бо қурбонӣ ва талафоти бузурге ба даст дароварданд. Онҳо пас аз забт кардани шаҳр ғайр аз пешаварон, кӯдакон ва занон, яъне онҳое, ки ба ғулом ва каниз табдил намуданд, дигар ҳамаро сар буриданд. Илова бар ин, ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар ҷанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада, тасмим гирифтанд шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то аз он асаре боқӣ намонад. Ба ин мақсад онҳо садди соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об карданд.

Дар аввалҳои соли оянда писари Чингизхон — Тулуй Хуросонро забт намуда, махсусан яке аз қадимтарин марказҳои маданияти Осиёи Миёна — шаҳри Марвро хароб кард. Аз аҳолии Марв фақат чандсад нафар пешаварони ғуломгардида зинда монда, дигар ҳама кушта шуданд.

Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистонии Тоҷикистони шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғур, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти муғулҳо надаромаданд.

Аз муаррихони араб Ибн ал-Асир (1160-1244), ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшонияти онҳост, рафтори ғайриинсонии ғосибони чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз. – Б.Ғ.) ба касе раҳм намекарданд, баръакс, занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони ҳанӯз таваллуд нашударо сар мезаданд… Шарораҳои ин бало ба ҳар тараф парида, офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе аз канори мамлакати Чин баромада, ба вилояти Туркистон, ба Қошғар ва Баласоғун ҳамла овард ва аз он ҷо ба навоҳии Мовароуннаҳр, ба Самарқанд, Бухоро ва ҷоҳои дигар тохт, ишғол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба яғмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти тоторҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷоро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, ҳар як чизе ки ба назарашон ғайриқобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел колоҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».

chingiz-1024x567

Истилои муғул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳадду ҳаср овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли ом гардиданд. Корҳои зироат низ хеле паст рафт.

Маркс дар баёни зулми муғулҳо чунин таъкид карда буд, ки ин тааддӣ «ба рӯҳи халқе, ки қурбони он гардидааст, на фақат фишор меовард, балки вайро таҳқир менамуд ва мехушконид». Ба қавли Маркс, истилогарони муғул «одамонро ба ҳайвон, замини зироат ва деҳоти пурнуфусро ба чарогоҳ табдил медоданд».[1]

Дар айни замон муборизаи қаҳрамононаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди тааррузи Чингизиён, ки бо муқовимати бар ӯрдуҳои муғул нишондодаи халқи кабири рус мусодиф шуда буд, аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Ин мубориза ҳамлаи муғулҳоро камқувват карда, роҳи минбаъд ба ғарб паҳн шудани онро масдуд намуд.

Вақтҳои охир баъзе муаррихони Республикаи Халқии Хитой ҳамчун ситоишгари ҷангҳои истилокоронаи Чингизхон ва ворисони ӯ баромад карда, ба амалиёти хунхоронаи онҳо бо ҳар васила мадҳу сано мехонанд. Онҳо ба тохтутозҳои истилогарони муғул дар кишварҳои бегона аҳамияти прогрессивиро нисбат дода, мавқеи ононро баланд бардоштанӣ мешаванд. Масалан, Хан Жу-лин дар бораи Чингизхон мақолае навишта («Лиши янь цзю», 1962, №3, с.1-10), бо ҳамон таърихшиносоне, ки «қатлу куштор ва харобиҳои дар ҷанг баамаловардаи муғулҳоро махсус таъкид намуда, аммо ба роли прогрессивии дар таърих бозидаи Чингизхон мутаваҷҷеҳ намешаванд», муноқиша мекунад. Ӯ роли прогрессивии Чингизхонро фақат дар юриш ва ҷангҳои истилокорона мебинад: «Чингизхон марзҳоро аз сари роҳи равобити Шарқу Ғарб нест кард, истеҳкому қалъаҳоеро, ки ба алоқаҳои иқтисодӣ ва маданӣ мамониат мекарданд, ба хок яксон намуд, дар натиҷа робитаҳои мутақобили Шарқ ва Ғарб ба равнақ даромад». Ба ақидаи Хан Жу-лин, Хитойро истило кардани муғулҳо ва ба Осиёи Миёна ҳамла овардани онҳо аҳамияти мусбат дорад, зеро «муғулҳо дар Хитой гӯё ваҳдату ягонагии давлати императориро барқарор намуда, дар Ғарб бошад, монеаҳоеро, ки ҳукмронони давлатҳои мухталиф дар роҳи мубодилаи иқтисодию мадании Хитой ва ин давлатҳо ба вуҷуд меоварданд, аз миён бардошт».[2]

Моҳи декабри соли 1962 доир ба мақоми Чингизхон дар таърих мақолаи Ян-Чжи-тсзю чоп шуд («Лиши цзяосюэ», 1962, №12, с.6-11), ки дар он баробари эътироф намудани роли мусбати Чингизхон дар ташкили иттиҳоди тоифаҳои муғул ба ӯ роли муттаҳидкунандаи Хитой низ нисбат дода шудааст. Ян Чжи-тсзю менависад: «Агар аз нуқтаи назари давраҳои дуру дарози таърих нигарем, он гоҳ бардавом ва муҳимтар будани роли муттаҳидкунанда, амри муваққатӣ ва дараҷаи дувум будани харобӣ аён мегардад. Иттиҳод бо арзиши харобӣ ба даст меомад».

Асли мақсади муаррихони Хитой аз баланд бардоштани мавқеи Чингизхон дар «таърихи инсоният» ин аст, ки даъвоҳои роҳбарони ҳозираи Хитойро ба заминҳои Республикаи Халқии Муғулистон, республикаҳои Осиёи Миёнаи Иттифоқи Советӣ ва дигар сарзаминҳои як вақтҳо таҳти тасарруфи истилогарони муғул қароргирифта «илман» асоснок кунанд. Дар айни замон, ин инъикоси сиёсати азаматталабонаи роҳбарони маочии Партияи Коммунистии Хитой мебошад.

[1] Маrҷ K., Sесrеt diplomatic history of thӯ ӯightӯӯnth cӯntury, London, 1899, р. 78.

[2] Тихвинский С. Л., 1970, с. 17.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …