Главная / Гуногун / ФУРӮЗОН ГАШТ «ЧАРОҒИ УММАТ»-И ҲАЗРАТИ ПАЁМБАР(С)

ФУРӮЗОН ГАШТ «ЧАРОҒИ УММАТ»-И ҲАЗРАТИ ПАЁМБАР(С)

(Зиндагонии даврони тифливу навҷавонии Имоми Аъзам ва исму куният ва насаби ӯ ва асли хонадон ва зодгоҳи ӯ (р).

Соли 699-и мелодӣ буд (яъне, соли 80-уми ҳиҷрӣ) дар бомдоди рӯзи одина (ҷумъа) дар як гӯшаи сокити шаҳри Кӯфаи Ироқ, дар кулбаи фақиронаи як марди сарватманди аҳли тақво ва зоҳиди роҳи ростин, форсиюласле – даризабон, яъне, тоҷики ориёӣ ё худ эронинажод, бо номи Хоҷа Собит ибни Завтӣ ибни Қайс ибни Марзбон ибни Моҳ ибни Сосон ибни Ҳурмуз ибни Анӯшервони Одил-ал-Форсӣ (ки аслаш аз Кобул аст 21.2-3) тифле, яъне, ҳурписаре ба дунё омад, ки баъдан нураш тамоми кулбаро мунаввар кард, ки аз ин бахти худодод тӯғён дар дили волидон бархосту ашки шодӣ, аз дидагони эшон қатор ва беихтиёр лабони Хоҷа Собит ибни Марзбон (р) маҳин ба ҳам хӯрду садои ин зикр ҳамроҳи гиряи пурасрори тифлаки маъсум ба фазойи хона танинандоз гашт:

«-Ло илоҳа иллаллоҳу субҳонал ғафурурраҳим» (яъне: -Нест ҳеҷ маъбуде магар Аллоҳ, пок бахшандаи ниҳоят бахшанда), ки баъдан ин нури Илоҳӣ кулли оламро рӯшанӣ падид овард ва роҳи уммати Расул (с)-ро мунаввар кард, ки ғулғӯлаҳои шодмонӣ ба дӯстдорону пайравони Ислом оварду таҳлукаҳо дар дили аҳли бидъат, яъне, душманони Ислом ва фирқабозон…

…Ва волидони бедордилу фозил, ба тифлаки хуршедфарр Нӯъмон ном ниҳоданд, ки кунияташ Абӯҳанифа (р) аст. «Хулоса Абӯҳанифа дар оилае тавлид ва камол ёфт, ки ҳама аз тоифаи туҷҷор, яъне, савдогару сарватмандон буда, абрешим савдо мекарданд ва аз аҳли Форс буданд ва дар байни арабҳо обрӯву эътибори хосае доштанд» 49.-11.

Сабаби валодати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-ро Мавлоно Мавлавӣ шайхи фақеҳу зоҳиди порсо Масъуд ибни Маҳмуд ибни Юсуфи Самарқандӣ (р), бар асоси сарчашмаҳои мутабаррик, дар китоби хеш – «Салоти Масъудӣ» чунин дарҷ карда: «-Валодати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) он буд, ки рӯзе Хоҷа Собит (р) падари Имоми Аъзам (р) ба лаби обе нишаста буд, то таҳорат созад. Ногоҳ об себе овард ва Хоҷаро ба он себ нигоҳе уфтод. Хоҷа он себро гирифт ва порае бигазид ва бихӯрд. Хоҷаро ба хотир омад, намедонӣ, ки ин себ аз куҷост ва аз мулки кист ва аз боғи кист? Ҳамчунин ба фароғи хотир ту мехӯрӣ. Агар ба қиёмат туро аз барои ин газидаи себ савол ояд, чӣ ҷавоб гӯӣ?

Хоҷа Собит (р) таҳорат тамом карда, он себи нимгазидаро бигирифт ва лаб-лаби он об боло мерафт, то ба боғе расид, ки он об, аз боғ берун меомад. Хоҷа Собит (р) ба ин боғ даромад. Мардеро дид, ки мегардад ва аз вай суол кард, ки ин боғ мулки шумост?Гуфт:

– Бале.

Гуфт:

– Ин себи боғи шумост?

Гуфт:

– Бале.

Хоҷа Собит (р) гуфт:

– Ман ин себи боғи  ту газида хӯрдаам, онро бифурӯшӣ, то бихарам ё биҳил кун.

Он марди боғбон дид, ки ин мард бузургворест ва симои солеҳон дорад ва марди фард ва ягонаи замона аст, гуфт:

– Нафурӯшам ва биҳил ҳам накунам, аммо шарте дорам, агар он шарт ба ҷо орӣ, ман туро биҳил мекунам.

Хоҷа Собит (р) гуфт: Шарт чист? Боғбон гуфт:

– Духтаре дорам, ҳар ду гӯш кар ва ба ҳар ду чашм нобино ва ба забон гунг ва ба ҳар ду даст шал ва ба ҳар ду пой мафлуҷ (фалаҷ, ногиро С.Б.Б)., агар ин духтари маро ба занӣ қабул кунӣ, ман ин газидаи себро биҳил ба ту кунам ва агар қабул накунӣ, биҳил накунам!

Хоҷа Собит (р) ба худ тааммул кард, ки аз барои газидаи себ ман инчунин духтарро чӣ гуна қабул кунам? Боз тааммул кард ва гуфт (ба худ): Агар чунин духтарро ба ақд орам, беҳтар аз он бошад, ки хасми газидаи себро ба худ ба қиёмат барам. Ночор Хоҷа гуфт:

– Чунин кунам.

Ва гувоҳ оварданд ва ақд карданд. Чун шаб даромад Хоҷа намози хуфтан гузорид… Духтари хубрӯву соҳибҷамоле назди Хоҷа даромад. Хоҷа аз вай дурӣ гирифт. Духтар гуфт:

– Эй Хоҷа, чаро таҳошӣ мекунӣ, ки ман аёли ҳалолу поки туам.

Хоҷа гуфт:

– Падари ту ҳамчунин ба ман нагуфтааст!?

Духтар гуфт:

– Ҳамчунон аст, ки падари ман гуфтааст, аммо сухани вайро таъвил аст. Яъне, бад-ин маънӣ, ки ба ду гӯш карам, то аз модар дар вуҷуд омадаам ҳеҷ нашуниданӣ нашунидаам. Ба ҳар ду чашм кӯрам; то аз модар ба вуҷуд омадаам, ғайр аз шумо ва падару модар ҳеҷ мардеро надидаам. Ва бар забон гунгам, то аз модар ба дунё омадаам, ҳеҷ ногуфтание нагуфтаам. Ва ба ҳар ду даст шалам, ки то аз модар зодаам, ҳеҷ нагирифтание нагирифтаам. Ба ҳар ду пой мафлӯҷам, ки то аз модар зодаам, беш аз ин аз хона берун нарафтаам…

Ҳарду ба ибодати Ҳақ таъоло машғул шуданд ва дар поёни ибодат ба эҳтироми бегоҳи одина ва хотираи гузаштагон «Фотиҳа» хонданд. Ба охири шаб ҳарду ба сӯҳбат бипардохтанд. Ба сабаби сӯҳбати он ду маҳрам эшонро фарзанди пок ва накӯахтар ба дунё омад – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит (р) Пас луқма чунон ҳалол бояд дошт, то фарзанд чун Абӯҳанифа (р) бувад. 63, 14, 15.

…Бояд қайд кард, ки то кунун дар байни аҳли таҳқиқ перомуни зодгоҳи аслии аҳли хонаводаи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фикрҳои мухталиф ҷой доранд. Масалан, бино ба хабари Аҳмад ибни Муҳаммад, аз ёрони Имоми Аъзам (р), ки гуфтааст дар ҳадисе ба ӯ Алӣ ибни Умар ва гуфтааст дар ҳадисе ба ӯ Аҳмад ибни Исҳоқ ибни Баҳлул, ки Собит падари Абӯҳанифа (р), бино ба ривоёте аз аҳли Тирмиз ва ба ривояте дигар гӯё ӯ аз Нисо будааст… Ва … гӯяд дар хабаре Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Имрон ибни Мӯсо Ал-Марзбонӣ, ки гуфта, дар хабаре Муҳаммад ибни Аҳмад – Ал Котиб ва гуфтааст дар хабаре Аҳмад ибни Абӯҳайшамат ва гӯяд шунидааст ӯ аз Муҳаммад ибни Язид, ки гуфтааст :-Абӯҳанифа дар хонадони Бани Таймуллоҳ ибни Саълабат тавлид ёфтааст (Абӯҳанифа арабиасл набуд ва нест. Ӯ аз падари форсзабон, яъне тоҷик ва форсасли кобулии муқими Кӯфа, яъне, аз камари Хоҷа Собит ба дунё омадааст ва ҷадди ӯро, яъне, бобои Имомро, ки ба дасти аъроб асир афтида буд, дар роҳи абрешим яке аз занони давлатманди қабилаи Бани Таймуллоҳ харида буд, аз рӯи ихлос. Шояд бино ба ин ривоят имомро саҳван араб ва аз Бани Таймуллоҳ гуфтаанду мегӯянд, ки ин ғалат аст, С.Б.Б)».21-1-2.

Бино ба гуфтаи Умар ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р) набераи Имом Абӯҳанифа (р) насаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) чунин аст ва зодгоҳаш бад-ин ном: «-…Абӯнӯъмон ибни Собит ибни Завтӣ ва Завтӣ аз Кобул аст, ва ӯ форс аст ва Собит дар давраи Ислом дар аҳди Алӣ ибни Абӯтолиб (ъ-м) ба дунё омадаасту зистааст». Пас ин нуқот, ки аз забони набераи Имоми Аъзам (р) – Умар ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р) оварда шудааст, ба ҳақиқати ҳол рост меояд, ба кобулӣ будани ҷадди Собит – падари Абӯҳанифа (р).

Аммо ин нукта муҳим аст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) воқеъан аз аҳли Форс аст ва хонаводаи падарии ӯ аз тоҷикон, яъне даризабонони маҳаллаи то кунун бо ҳамон ном боқӣ мондаи «Гузари Хоҷагон»-и шимоли шаҳри Кобул буданд,-яъне, ба гуфтаи Ҳазрати Расули гиромӣ (с), аз қавме аст, ки имонро ва маърифати илоҳиро аз Сурайё ба чанги хеш дармеоваранд», ки ҷои муқаддас буда, оромгоҳи бисёре аз азизон мисли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра онҷост. Ва «бино ба хабари Абӯҳафс Умар ибни Иброҳими Мақраӣ, ки гуфтааст ба ӯ Мукаррам ибни Аҳмад ва гуфтааст ба ӯ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ ва гуфтааст дар ҳадисе ба ӯ Абӯҷаддӣ ва ба ӯ, ба ҳадисе қотеъ Исмоил писари хурдии Ҳаммод ибни Абӯҳанифа ки асли ӯ, яъне, дудмони Исмоил ибни Ҳаммод ибни Ан-Нӯъмон ибни Собит ибни Ан-Нӯъмон ибни Ал-Марзбон ибни Завтӣ, аз аҳли Форс ва аз сарватмандон, яъне, аз аҳли туҷҷор аст (ки матоъи абрешимиро аз Форс ба Ироқ мебурданд)» 21.1-2.

– Бале, Имом Абӯҳанифа (р) ба исботи сарчашмаҳо, ё худ маводи мӯътамади илмии пешин ва муосир ва бино ба ривоёти ҳамасронаш ва шаҳодати афроди бузургмақом, аслан аз мардуми даризабон, яъне, аз тоҷикони Кобул – пойтахти давлати Исломии Афғонистони имрӯза будааст. Бобояш Марзбони Форсӣ – тоҷири абрешим, дар замони хилофати Ҳазрати Умар (р) исломро қабул карда, пас аз он ба шаҳри Кӯфа омада, дар ин шаҳри обод иқомат кардааст…

«Ва ин аст, ки рӯзе Собит (р) падари Абӯҳанифа (р) ба хидмати Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (ъ-с) мушарраф гашта буд. Ҳазрати Алӣ (ъ-м) бо дидани Собит (р) хушаш омад ва дар симои ӯ нури маърифатро дарёфт ва ба ӯ гуфт: «Ситораи толеъи туро дурахшон мебинам, ки ту ба иродаи Ҳақ таъоло умри дароз мабинӣ, ризқу рӯзии зиёд ба насиб дорӣ ва фарзанди неке хоҳӣ дид, ки фардо шариъат ва тариқати Пайғамбар (с)-ро ба пеш хоҳад бурд». Ин буд, ки ба баракати лафзи муборак ва дуъои неки он Ҳазрат (ъ-м) баъди чиҳил соли реҳлати Ҳазрати Алӣ (ъалайҳиссалом) (яъне, фавти ёри Пайғамбар (с) Ҳазрати Алӣ (ъ-м) 21 январи соли 661-и мелодӣ аст) дар рӯзи Наврӯз, моҳи мубораки Рамазон, Собит (р) соҳиби писар гашт ва бад-ӯ ном ниҳод Абӯнӯъмон» 21. 1-2.

Ва бояд тазаккур дод, ки перомуни зиндагонӣ, маҳал ва ҷои зист ва исму насаб ва кунияти Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва инчунин асли хонадони ӯ, то кунун маълумот ва ахбору маводи зиёде фароҳам омадааст. Яке аз ин гуна маводи муътамаде, ки оиди зиндагонии Имоми Аъзам (р), ҳаёту фаъолияти илмиву имоматӣ ва ҷабҳаи каломии Ҳаким Абӯҳанифа Имоми Аъзам; номгӯи теъдоди зиёди асарҳои каломии ӯ, асли хонаводагии ӯ ва ному насаб ва ҷои зисташ (ба назари мо) маълумотҳои муфассал ва басо боэътимоде медиҳад, ин асар ё худ рисолаи басо гаронқимат ва бебаҳои муҳаққиқи афғонии муқими шаҳри Қоҳираи Мисри Араб, устоди фозил Иноятуллоҳ Иблоғи Афғонӣ, бо номи «Ал Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ал-Мутакаллим»_ (яъне, «Имоми Аъзам Абӯҳанифа донишманди илми калом» соли таълифаш 1382-1966 мелодӣ аст) мебошад.

Инак, чанд фарозмонӣ, бо дақиқтарин маълумот ва маводи нисбатан боэътимод ба манзури мутолиъини гиромӣ перомуни Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аз рисолаи мазкур иловатан пешкаш аст. Муҳаққиқи варзидаи ҷабҳаи каломии Имоми Аъзам (р) устод Иноятуллоҳ Иблоғи Афғонӣ, дар муқаддима ва баъдан дар фасли аввали рисолаи илмии хеш дар бораи зиндагонии Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва исму насаби ӯ, дар асоси маводу мадракот ва далелҳои қотеъ чунин нигоштаву андеша рондаанд: « -Дар қисмати насаби Имоми Аъзам… вай аслан форсиасл ва аз манотиқи Афғонистон ва марбути вилояти Парвон мебошад, ки яке аз вилояти Афғонистон буда ва дар қисмати шимоли пойтахт-шаҳри Кобул (дар шимолии шаҳр, бо номи то ба имрӯз маълуми «Гузари Хоҷагон», ки оромгоҳи бисёре аз хоҷагони бузурги Ислом, аз қабили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра ва ҳамчунин то ба имрӯз теъдоди зиёде аз оилаҳои хоҷагони кобулӣ, аз дудмони он хоҷагони порсо, дар он ҷо иқомат доранд, С.Б.Б). қарор дорад. Ман ҳам (яъне, Иноятуллоҳи, Иблоғ С.Б.Б). дар ҳамин вилоят ва сарзамине, ки ҷадди, яъне, бобои Имоми Аъзам (р), яъне, Завтӣ ё Нӯъмон (ин ҷо Завтӣ ном доштани номи бобои Абӯҳанифа маълум аст ва Нӯъмон номи аслии Имом аст, ки падараш Хоҷа Собит ба ӯ дода аст. Ва Нӯъмон ном доштани ҷадди ӯ нест, шояд перомуни ин ном муаллиф ба саҳве роҳ додаанд, С.Б.Б,)-ро дар оғӯши худ парварда ба дунё омадаам ва алоқа дорам, ки роҷеъ ба ин нобиғаи Шарқ ва Ислом, ки қария (деҳа)-и онро дар домони яке аз кӯҳҳои вилояти хеш мешиносам, чизе бинависам…». 47.10-13.

Дар фасли аввали рисолаи номбурда, ки «Зиндагонии Имоми Аъзам ва исму насаби ӯ» унвон дорад, муаллиф устод Иноятуллоҳи Иблоғ менигорад:

«Имоми Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон (р) дар соли 80-уми ҳиҷрӣ, дар асри хилофати Абдулмулк ибни Марвони Уммавӣ, дар Кӯфа ба дунё омада ва бино ба қавле тавлиди вай дар соли 61-и ҳиҷри буда, вале ин назария таъйид нашудааст.

Имом дар соли 150-и ҳиҷрӣ, ба асари шиканҷае, ки аз тарафи Мансури Аббосӣ, ба вай расид ва вафот ёфт. Аз забони наводаҳо (яъне, наберагон)-и Имом, яъне, Умар ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа ва Исмоил ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р), исму насаби Имом ба ду шакл ривоят шуда, аввал Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон ва «Марзбон» ба маънии раис, аз фарзандони озоди Форс мебошад. Ҳамчунон Умар ибни Ҳаммод мегӯяд, ки Завтӣ ҳангоми фатҳи Кобул, аз ҷониби аъроб асир афтида (шояд ин ривоят ҳам то андозае дуруст бошад, ки Завтӣ, ҷадди Имом Абӯҳанифа, ки бо аҳли хонаводааш савдогарони матои абрешим, пахтагин ва мӯйина буданд, дар аснои задӯхӯрдҳои мардуми Кобул бо аъроб асир афтода, ба Ироқ бурда мешавад, яъне, ба шаҳри Кӯфа ва ба тасодуф Завтӣ, аз тарафи як тан аз зани сарватманди қабилаи Бани Таймуллоҳ харида ва озод карда мешавад. Баъди озод шудан, аз асирӣ, Завтӣ мисли рӯзгори пешин боз ба тиҷорати матоъ шуғл меварзад ва баъди тиҷорати бардавоми матоъҳои мӯйина, пахтагин ва абрешим, ки аз Кобули Афғонистон ба Ироқ меовард ва аз Ироқ ба Афғонистон мол мебурд, оқибат шаҳри Кӯфаро манзили зисти доимии хонаводагии хеш қарор медиҳад. Ва мавлуди Хоҷа Собит – падари Имом Абдӯҳанифа (р), ҳам шояд, ки шаҳри Кӯфа бошад. Ва сабаби аз асирӣ озод гаштани Завтӣ, аз ҷониби зани сарватманде, аз Бани Таймуллоҳ ҳам шояд ҳамин бошад, ки маҳз кордонӣ корчалонӣ ва тоҷириву бозаргони моҳир будани Завтӣ диққати он занро ба худ ҷалб карда бошад. Зеро, ки сарватмандон  ба  савдогарони  кордон   мудом   эҳтиёҷ,  доштанду доранд. Ва худи Имоми Аъзам раҳматуллоҳ низ аз рӯи касби бобоӣ, нон мехӯрд ва шуғли асосиашон фурӯши матоъи абрешим, пахтагин ва матоъи мӯйина будааст. С.Б.Б). ба ҳайс бурда, яке аз афроди Бани Таймуллоҳ ибни Саълаба қарор гирифта, вале дуюмӣ, яъне, Исмоили Лакаӣ, бардагӣ (асирӣ, ғуломӣ)-ро аз Имом дур намуда мегӯяд: «-Ба Худо савганд, ки мо ҳаргиз-ғулом набудаем». Ва ҳар ду нафар ба ин нукта иттифоқ доранд, ки Завтӣ ва ё Марзбон аслан афғон (аз тоҷикон) буда, вале дуввумӣ боз мегӯяд, ки ӯ аз билоди Форс, ба манотиқи Араб ҳиҷрат намуда. Аммо ин ки баъзе мӯътақиданд, Имом аслан арабӣ ё бобулӣ буда, комилан дуруст нест ва Собит – падари Имом мусалмон ба дунё омада. Ва бархеро ақида бар ин аст, ки вай аз мардуми анбор (ба фатҳи ҳамза) буда, баъдан ба Нисо (ба фатҳи аввал ва касри алиф) нуқли макон карда ва дар он ҷо Абӯҳанифа тавлид ёфта ва баъзе дигар мӯътақиданд, ки вай аз мардуми Тирмиз буда ва муаллифи «Ал-Хайрот-ал-Ҳисон» дар қисмати татбиқи ин назариёт мегӯяд, ки имкон дорад вай дар манотиқи мазкур сукунат варзида бошад. Ба ҳар ҳол ривоёте, ки Собитро аз мардуми форсизабони Кобул нишон медиҳад, нисбат ба ривоёти дигар қавитар ба назар мерасад.

Аз ҷумлаи далойиле, «ки назарияи охирро таъйид мекунад, ривояте аст, ки аз Абӯисмоил ибни Ҳаммод нақл шуда мегӯяд, ки эшон аз мардуми Аҷам (ғайриараб, яъне, махсусан форсзабонон дар назар аст.С.Б.Б,) буда, ва аз Кобул асир гардидаанд ва ҷадди Имомро як тан аз занони қабилаи Бани Таймуллоҳ харида озод намуд. Ҳамчун ду наводаи Имом, дар бораи ин, ки оё падари Собит Нӯъмон ва ё Завтӣ буда, ва ҷадди ӯ Моҳ ё Марзбон ном дорад, ихтилоф кардаанд.

… Дар бораи исми Имом иттифоқ бар ин аст, ки исми вай, ба дурустӣ Нӯъмон аст. Шайх Шаҳобиддин дар « Ал-хайрот-ал-Ҳисон»-и худ навишта, ки дар ин номи Имом роз ва сирри аҷибе нуҳуфтааст, зеро «нӯъмон» аслан ба маънии «хун», ки қавоми бадан ба он мавқуф аст мебошад ва ба ақидаи бархе ба маънии «рӯҳ» аст. Ва Абӯҳанифа (чун хуни бадан, С.Б.Б). сабаби қавоми фиқҳ буда ва мадорик ва масойили он аз вай нишон карда, ва ё ин ки Нӯъмон гиёҳест сурхранг ва хушбӯй ё ба маънии арғувон аст (ва чизи дигар ин ,ки «Нӯъмон» яке аз исмҳои шарифи зоти муаззами Худованд аст.С.Б.Б,) ва Имом низ доройи хисоли (ҷамъи хислат ё худ одат ва одоби нек, С.Б.Б) пок ва ҳойизи камоли ниҳойӣ буда, -ҳамчунин тавҷеҳи дигар ин аст ,ки «Нӯъмон» бар вазни фаълон муштақ аз неъмат буда, Абӯҳанифа неъмате ноёб буд, ки Худованд, ба махлуқонаш арзонӣ дошт ва «алиф» ва «лом» маъмулан дар ҳолати накорат ва нидоъ ва ё изофат, дар арабӣ ҳазф мешавад, аммо дар ғайри ин се ҳолат ҳазфи он, ба қудрат сурат мегирад» 47.-14-16.

Бояд   гуфт,   ки   оиди   кунияти   Имоми   Аъзам   (р)   ва   сабаби «Абӯҳанифа» ба худ куният қарор додани Имоми Аъзам (р) низ байни уламои исломӣ ва донишмандони ғайри исломӣ, ибрози ақидаҳо ҷой дорад. Дар ин маврид соҳиби рисолаи «Имоми Аъзам Абӯҳанифа донишманди илми калом»-Иноятуллоҳи Иблоғ чунин ишоратеро бар асоси чанд далел пеш оварда: «…Дар қисмати кунияи Имом, ки ғолибан  ҳар  куния доройи иллате  мебошад, метавон ваҷҳи интихоби ин кунияро дарёфт намуд,  ба  ин тартиб, ки «ҳанифа» муаннас (шакли занона.С.Б.Б).-и «ҳаниф «, ба маънии «зоҳид» ва ё «муслим» аст, зеро «ҳаниф» муштақ, аз «ҳанаф» ба маънии «майл» аст. Чунончи дар Қуръони Карим омадааст: Бал натабаъ миллат Иброҳима ҳанифо». «Ҳаниф, яъне, мойил будан ба дини ҳақ аст. Ва бархе  гуфтаанд,  ки сабаби  кунияи Имом мулозимат ва алоқаи ҳамешагии ӯ ба давот буда, ки дар лисони арабӣ, яъне, дар гӯйиши Ироқ онро «ҳанифа» меноманд. Вале ин ривоят, ки гӯё Имом духтаре дошта, бо номи Ҳанифа, қобили эътимод нест, зеро таърих ба истиснои Ҳаммод (ки аз рӯи эҳтиром нисбат ба устоди беҳамтояш, дар илми фиқҳ Абӯисмоил Ҳаммоди Абӯсулаймон, номи ӯро ба писараш дод, С.Б.Б). писар ва ё духтареро ба вай нисбат намедиҳад ва он чи Хатиби Бағдодӣ, бо санаде ривоят намуда ва дар он инқитоъ аст ва машъар бар ин аст, ки Имом Абӯҳанифа гуфта; «-Баъд аз ман ин кунияро ба ҷуз девона, дигар касе интихоб нахоҳад кард». Ва воқеъан баъд аз вай як идда мардуме ин кунияро баргузиданд (интихоб намудаанд С.Б.Б), ки нерӯйи ақлии эшон заиф буд (яъне, ноқисулақл буданд), қобили қабул нест ва қобили эътимод ҳам нест, зеро Хатиби Бағдодӣ касе аст, ки дар таъну бадхоҳӣ ва бадгӯӣ, бар Абӯҳанифа (р) забондарозӣ карда ва муаллифин, донишмандон ва мутарҷимини бузургу шинохта, ривоёти дурӯғин ва ифтироҳойи (ҳарф ё амали нодурустеро нисбат додан, тӯҳмат ва бӯҳтон, С.Б.Б). Хатибро ифшо намудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Исо ибни Абӯбакри Аюбӣ-яке аз шоҳони Миср аст, ки ифтиройи Хатиби Бағдодиро дар китоби «Ал-саҳм-ал-мусиб фӣ-кабад-ал Хатиб» ифшо, яъне, фош карда, ин китоб ҳовии таҳқиқоти илмӣ аст, ки барои мутолиакунандаи биюгрофӣ (тарҷумаи ҳол яъне, зиндагинома, С.Б.Б,)-и Имом басо муфид мебошад ва  найрангҳои Хатиби  Бағдодӣ,  дар он  тавзеҳ гардида. Ҳамчунин Аллома, Шайхи зоҳид Ал-Кавсарӣ, китобе ба номи «Тониб-ал Хатиб фӣ-мо соҳа фӣ-Абӯҳанифа мин ал-козиб» дорад, ки барои тардиди ифтиро роҷеъ ба кунияи Имом Абӯҳанифа (р) кифоят мекунад. Китоби номбурда мутазаккир шуда, ки се тан аз уламойи бузург чун Айқонӣ, Динаварӣ ва амсоли онҳо ҳамин кунияро ба худ интихоб карда буданд, вале савияи ақлии эшон ба маротиб (яъне, аз замин то осмон, С.Б.Б). нисбат ба Хатиби Бағдодӣ ва амсоли вай волотар ва болотар буд ва ҳаст.

Муаррихин (таърихнигорон, воқеъанигорон, яъне, ноқилон, ровиён ва солноманависон. С.Б.Б). мардуми ғайриарабро бо номи «маволӣ», ки мафҳуми аслии он «ғуломи озодшуда» аст, ёд мекунанд, вале ин ном аз мавқуфи илмии ё худ мартабаи илмии Имом Абӯҳанифа (р) намекоҳад. Зеро аксари донишмандони фиқҳ дар асри тобиъин, ки Имом аз эшон истифода намуда, аз ҷумлаи маволӣ будаанд (дар омади ин баҳси мавзӯъ, саҳобаи фозили Расули гиромӣ (с) Салмони Форсӣ ҳам канизи як яҳудӣ буданд, ки бо инояти Худо ва мадади Расули гиромӣ салъам ва ёронашон озод карда шуда буд ва Ҳазрати шайхулислом Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҳам як замон ба тасодуф ба дасти фарангиҳо, яъне, возеҳтар ба дасти франсавиҳо асир афтода, баъд озод шуда будаанд, ки аз ин қурбу манзалат ва мартабаи бузургвор гарде ҳам накоҳида асту нахоҳад кост С.Б.Б) ва дар ҳоле, ки Ислом байни Араб ва Аҷам, ба мусовот (баробарӣ) қойил шуда ва Худованд эълон намуда, ки «Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум» (яъне, «Гиромитарини шумо назди Парвардигор парҳезгортарини Шумост»). Ва эҳсоси ифтихор ба насабро, ки байни Араб шойеъ буд, як қалам аз байн бурда (яъне, ба маънӣ-дӯсти Худост ва азизи Худост ва бандаи баргузидаи Худост касе, ки ӯ доройи имон асту парҳезгор ва фахри насаб аз одат ва ифтихороти аҳли авом аст ва беҳуда нест, ки мардуми имрӯзаи Араб ҳам масале дар ин боб доранд, ки омада; Магӯ, ки ҷадди ту кист, бигӯ, ки ту худ кистӣ?» Хулоса, тамоми бузургони илму адаби давру замон ва аз ҷумла Шайх Саъдӣ барин азизони Худо ба ин маънӣ гуфтаанд, ки: «Шарафи одамӣ, на ба аслу насаб аст», С.Б.Б,) мулоҳиза менамоем, ки савияи ақлӣ ва илмии бархе аз мардуми ғайриарабӣ, аз қабили Форс (ва Шайх Абӯзаҳра ҳам мегӯяд, ки дар асри тобиъин мардуми Аҷам беш аз Араб ба илму дониш таваҷҷӯҳ ва алоқа доштанд) ва ғайра ба андоза баланд шуда, бинобар мутаяқин мешавем, ки мабодии маънавӣ, бар хилофи ақидаи собиқ арабҳо ба насаб ва ғайра муттакӣ набуда, ба як силсила умури воқеъӣ иттико дорад ва ҳар табақа мардум дорои масъулияти хоси динӣ ва илмӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд, ки танҳо ба ёд овардани асомии обо ва аҷдоду тоифи эшон анҷом намеёбад. Ҳазрати Паёмбари гиромӣ (с) ҳама ашхоси накӯкор ва парҳезгорро оли хеш ва аз хонадони хеш муаррифӣ фармуда, ҳамчунон Худованди мутаъол писари Нуҳ (ъ-м)-ро аз вай нафӣ карда мефармояд, астаъизу биллоҳ: «Инна лайса мин аҳлика, инна ъамали ғайри солиҳ». Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) саҳобаи худ Билоли Ҳабашӣ (нахустмуаззини Ислом С.Б.Б,)-ро ба худ наздик ва Абӯлаҳаби Қурайширо аз худ дур мепиндошт ва Салмони Форсӣ (саҳобаи фозил ва мушовир ва пири аҳли ҳунар, яъне, косибон дуредгарон, сартарошон, меъморон ва ғайра ва донишманди пурзӯҳду тақво, С.Б.Б,)-ро аз аҳли байти хеш ҳисоб мекард. Ба мулоҳизаи ин нукот Имоми Аъзам (р) асос ва зербинои ъизз ва шарафро дарёфта буд ва аз ҳамин лиҳоз вақте як тан аз мардуми Бани Таймуллоҳ ибни Саълаба, ки бардагии ҷадди Имом, ба қабилаи мазкур (ва тавассути эшон озод шудан) нисбат дода мешавад ва нисбат шуда, ба вай гуфт: «Ту ғуломи озодшудаи манӣ!» Имом Абӯҳанифа (р) гуфтаи ӯро тардид намуда фармуд: «-Ба Худо, ки ман нисбат ба ту шарифтарам!»

Имоми Аъзам шахси дунҳиммат ва аз аҳли ғайбат набуд ва интисоби вай ба Форс монеъи расиданаш ба дараҷаи нубӯғу камоли фикрӣ нагардид, тавре, ки интисоби аксари уламои бузурги фалсафа, донишмандони илми Калом ва мутасаввуфин ба сарзаминҳои ғайриарабӣ, аз арзиши илмии онҳо коста намешавад ва коста наметавонад ва муаррихин ва тазкиранависон ҳақ надоранд аз осори илмии Ғазна, Ҳирот, Бадахшон ва Тахористон, Бомиён, Ҷузҷон, Балх, Толиқон, Сиистон ва дигар манотиқи кишвари Афғонистон, ки меҳан (зодгоҳ, ватан)-и обойӣ (яъне, бобокалон ва гузаштагони падарӣ)-и Имом Аъзам аст, чашм бипӯшанд.

… Абулмуаййади Муваффақи Маккиӣ, дар мавзӯи насаби Имоми Аъзам (Р), ва ин ки камолоти фикрӣ ва рӯҳии вай мунҳасир ва мансуб ба Араб нест, мавқуфи Имомро дар соҳаҳои фикрӣ ва динӣ ва вазоҳат тасвир намуда ва аз гуфтори вай маълум мешавад, ки дар асри Ҳишом ибни Абдулмулк, дар қисмати фиқҳ (ки аз мушкилтарин бахши илми илоҳиётшиносӣ, яъне, илми Калом аст ва дар заминаи ин илм шакл гирифта аст, С.Б.Б). мардуми ғайриараб (ба хусус тоҷику Форс) дорои фазилати ба дараҷаи аввал буданд ва ҳикоятеро нақл мекунад, ки аз он метавонем фазилати Аҷамро бар Араб, аз нигоҳи фақоҳат тасдиқ намоем. Вай гӯяд: – Атоъ аз падараш ривоят намуда, ки назди Ҳишом ибни Абдулмулк, дар расофа дохил шудам, вай гуфт:

– Эй Абдулатоъ, роҷеъ ба уламои сарзамини исломӣ маълумот дорӣ?!

Гуфтам: – Бале, эй амиралмӯъминин!

Гуфт: – Фақеҳи Мадина кист?

Гуфтам: – Нофеъ – ғуломи озодшудаи ибни Умар.

Гуфт: – Фақеҳи Макка кист?

Гуфтам; – Атоъ ибни Абӯрабоҳ.

Гуфт: – Арабӣ аст ё Аҷамӣ?.

Гуфтам: – Аҷамӣ аст.

Гуфт: – Пас фақеҳи мардуми Яман кист?

Гуфтам: – Товус ибни Кайсон.

Гуфт: – Арабӣ аст ё аҷамӣ?

Гуфтам: – Аҷамӣ аст.

Гуфт: – Фақеҳи мардуми Ямома кадом касе аст?

Гуфтам: – Яҳё ибни Касир.

Гуфт: – Арабӣ аст ё Аҷамӣ?

Гуфтам: – Аҷамӣ аст.

Гуфт: – Пас фақеҳи мардуми Шом кадом шахсе аст?

Гуфтам: – Макҳул.

Гуфт: – Вай Арабӣ аст ё Аҷамӣ?

Гуфтам: – Ӯ Аҷамӣ аст.

Гуфт: – Фақеҳи мардуми Ал-Ҷазира кист?

Гуфтам: – Маймун ибни Маҳон.

Гуфт: – Арабӣ аст ё Аҷамӣ?

Гуфтам: – Аз Аҷам.

Гуфт: – Пас фақеҳи Хуросон кист?

Гуфтам: – Заҳҳок ибни Мазоҳим.

Гуфт; – Арабӣ аст ё Аҷамӣ?

Гуфтам: – Аҷамӣ мебошад.

Гуфт: – Пас фақеҳи мардуми Басра кист?

Гуфтам: – Ду нафаранд эшон – яке Ҳасан ва дигаре ибни Сайрин.

Гуфт: – Арабианд он ду ё Аҷамӣ?

Гуфтам: – Ҳарду ҳам Аҷамӣ ҳастанд, яъне, Форсиасл.

Гуфт: – Пас фақеҳи мардуми Кӯфа кист?!!!

Гуфтам: – Иброҳим Ан –Нахъӣ.

Гуфт: – Ин фақеҳ Арабӣ аст ё Аҷамӣ?!!!

Гуфтам: – Бале Ӯ Арабӣ аст.

Гуфт: – (бо овози хаста ва пурҳаяҷон): – Агар аз як тан Арабӣ ном намебурдӣ наздик буд, ки бимирам!

… Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бо он, ки насабан аз аҷамӣ буд, аз нигоҳи аҷамӣ будани маҳал эътироз намебошад ва танҳо дар як ноҳияи улуми динӣ ва арабӣ тахассус надошт, балки қабл аз фиқҳ донишманди барҷастаи калом (аз вожаи арабӣ буда, ба маънии «калима» ва «нутқ» аст, ки ба ҳайси ифода ё истилоҳи динии- фалсафӣ ва ё илмӣ истифода мешавад ва возеҳтар «-шохаи илоҳиётшиносии исломӣ ё худ мусалмонист, ки барои асосноккунии таълимоти динӣ, ба далелҳои мантиқи шаклӣ истинод меоварад, С.Б.Б). ва қабл аз нусуф, донишманди бузурги фиқҳ буд ва ин, ки мегӯянд; маълумоти вай дар адаби арабӣ ночиз буда… Ин моҷарои бе асос ва бе мантиқи душманон ва бадхоҳону бадгӯёни ӯст (бале, ба хосу ом маълум аст, ки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) донои замон буданд ва нобиғаи ҷаҳон, зеро ки ӯ тамоми илми замони худро аз худ карда буд ва ба ҳама маълум аст, ки модари ҳамаи илмҳо забон, яъне, фанни улуми адаб аст, забони арабӣ забони Қуръони маҷид аст ва баҳри ҳурмати «Каломуллоҳ» Ҳазрати Имом забони арабиро хеле аъло фаро гирифта буд ва ба қавле аз ҳафтсолагӣ, дар боби илми фиқҳ ва калом бо уламои давр баҳс мекард ва ба забони арабӣ хеле олӣ ҳарф мезад, ки ҳам тарзи баёни ӯ ва ҳам заковати ӯ уламойи давр, аз ҷумла Иброҳими Нахъӣ ва устодаш Ҳаммоди Абӯсулаймонро дар тааҷҷуб андохта буд, ва далели аз ҳама возеҳ ва ба иборае – ба нобино асо ин аст, ки Имоми Аъзам (р) соҳиби теъдоди зиёди асарҳои бузургу оламшумулест, ки дар риштаи мушкилтарин илмҳо, яъне, илми адаб, фиқҳ ва калом бо баландтарин ва гуворотарин сабки нигориши забони арабӣ, навишта ва эҷод шудаанд ва дигар ин, ки Имоми Аъзам (р) аз тобиъин буданд, яъне, ҳамсӯҳбат бо саҳобаи киром (р), С.Б.Б,).

… Ончи гуфтем натиҷаи мутолиоти осори муҳаққиқин, дар бораи ватани аслӣ ва обойии Имоми Аъзам (р) аст ва далолати возеҳ дорад бар ин, ки мақсуди онҳо «Кобул» -Кобули имрӯзӣ, яъне, пойтахти Афғонистон набуда, балки минтақаи аз Кобул, ки муаррихин аз он ёдоварӣ кардаанд, нисбат ба Кобули имрӯзӣ васеътар ва иборат аз минтақае буд, ки дар ҷавор (ҳамсоягӣ, наздикӣ) -и Ғазнаи бостонӣ мавқеият дошт ва манотиқи байни Тахористон ва Ғазна, умуман ба Кобул таъбир  мешуд,  бинобар  ин  Кобул он  вақт  шомили  шаш вилояти имрӯзӣ буд, ки Парвон низ шомили он ва дар шимоли Кобули имрӯза, ба фосила тақрибан 64 километр мавқеъият дорад ва Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Хоҷа Собит Марзбон ибни Завтӣ Ал-Форсӣ Ал-Кобулии Кӯфӣ, ба ҳамин вилоят мансуб буда ва қария (деҳа)-е ки падарони Имом дар он мезистанд, дар қисмати ҷанӯбӣ-ғарбии шаҳри Чоряккорон, дар домони кӯҳе воқеъ аст, ба Бомиён-минтақаи торихии дар ҷаҳон беназири Афғонистон (дар омади сухан, он ҷо осорхонаи кӯҳии азими меъмори ва ҳайкалтарошиест, ки аз ниёгони басо қадимиамон, ба ёдгор мондаанд ва он маъбаду буту санамҳои нодирамеъмориву нобиғакорие, ки зиёда аз панҷ ҳазор сол ба ин ҷониб бегазанд боқӣ монда омадаанду ба онҳо на мақдунӣ осебе расонду на аъробӣ ва на шӯравӣ нест карду на ҳафтоду ду миллат, балки имрӯз аз дасти иддае аз «муҷоҳиддин»-и дар асл ғуломи гаправу гумроҳи англисиву амрикоӣ… хатари нестшавӣ дора-ду аз таҳдиди нафаси иддае аз «Авлиёъҳои охируззамон» хатари аз байн рафтан дорад… Охир чи ҷои вазнинист, ки бояд меъмориҳову ёдгориҳои таърихӣ вайрон карда шаванд? Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки дар марзи муқаддаси Арабу Аҷам ва дар тамоми манотиқи ҷаҳон хушбахтона ҳазорҳо намуди ёдгориҳои қудсиву таърихии гузаштагони  мо-имрӯзиён боқӣ мондаанд, ба мисли «Каъба»-и шариф, «Байт-ул-муқаддас», «Дидбон»-манораи Афғонистон, «Аҳром»-ҳои Миср, катибаҳои сангин ва меъмориҳои Эрон ва «Тахти Ҷамшед», театрҳову майдонҳои варзишии Юнону Рум; меъмориҳои нотакрори кишварҳои Аврупо,  Русия ва Ҳинд («Тоҷмаҳал» ва ғайра)-у Чин, Осиёи Марказӣ ва ғайра мислуҳум).

Аз ёдгориҳои буддоии Бомиён ба мо ягон суд ва зиёне нест, вале ба хотири он, ки ёдгории таърихист ҳифз бояд кард. Ҳазорсолаҳо бегазанд пой бар ҷо будаанд, бигзор боқӣ бимонанд. Шармандагист, ки мо бо бензини аҷнабиён ва фатвои онон, гузаштаи худ ва ошёни худро оташ мезанем.

Инкори таърих гуноҳе азим аст. Шикастани бутҳои хонаи «Каъба»-и шариф розе, дигар ва асроре дигар аст, яъне, мо бояд танҳо ба маъбуди барҳақ саҷдаву ибодат кунем, яъне, ба Аллоҳ ва на ба сангу чӯб ва сурату ҳайкали беҷон. Имрӯз, ки анқариб нисф аз зиёди мардуми олам мусулмонанд ва ба Худои воҳид имон доранд, ҳоҷате ба «ихтироъ»-у «навовариҳо» нест. Ҷаҳонро бо илму заковат, роҳнамои Қуръони Маҷид, суннати Паёмбар (с), ихтироъкориҳои бузург дар илму техника, одаму одамгарӣ, шинохтани асли худ, давлату давлатдорӣ фатҳ бояд кард, на ба асойи чӯпонӣ!

… Аввал маданияту маърифати ҷомеъаро билкулл бояд баланд бардошт; дуввум дар ҷодаи иқтисодиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ табаддулоту навовариҳои хуб ба вуҷуд бояд овард ва он гоҳ баъд «фалакро сақф бишкофему» баъд дар он «тарҳи нав дарандозем» ҳам мешавад. Чизи дигар ин аст, ки нахуст бояд дӯстро аз душман фарқ бояд кард ва ҷангандозу фитнаангезонро бояд шинохту дӯсти меҳрубонро, то ки худ ба чоҳи кандаи худ наафтем ва бо умеди «ватанхоҳӣ» ва «ватандориамон» аз Ватани нақд маҳрум нагардем (мисли он, ки имрӯзҳо теша ба решаи авлотарин мазҳаби Ислом – мазҳаби муҳаззаби ҳанафияи Имоми Аъзам (р) зада истодаанд).

Эҳтироми таърих эҳтироми волидон аст. Ба гузашта ба чашми неку ибратбахш бояд нигарист, ки таърих моро намебахшад. Тамоми қавмияту халқияту миллатҳоро аз гузаштаи таъриху фарҳангаш мешиносанд. Ва ба қавли пешвойи мардуми Доғистон ва Қафқоз-нависанда ва адиби оламшумул Расул Ғамзат: «Агар ба гузашта аз таппонча (хурдкамон) тир парронӣ, оянда ба ту аз тӯп тир (гулӯла) хоҳад парронд!» С.Б.Б). мунтаҳӣ мегардад. Бомиён ҳовии осори беназири таърихии чандин қарн қабл аз Ислом аст, ки мавқуфи таърихии сарзамини Афғонро тасбит мекунад ва як силсила осори қадими буддоӣ дар он- вуҷуд дорад». 47.16-27.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …