Функсияи дуюми КДН – аз насл ба насл додани (гузаро-нидани) ахбори ирсӣ мебошад. Функсияи мазкур ба туфай-ли редупликасияи молекулаҳои модарӣ ва минбаъд ҷойгир-шавии молекулаҳои духтарӣ байни ҳуҷайраҳои наслӣ амалӣ мегардад (нигаред ба боби 5).
Функсияи ниҳоии КДН аз он иборат аст, ки вай ба сифати матритса дар ҷараёни интиқоли ахбори генетикӣ аз ядро ба ситоплазма ба ҷои синтези сафеда иштирок менамояд. Дар ин маврид дар яке аз занҷирҳои он бо қонунияти ком-плементарӣаз нуклеотидҳои молекуларо фарогирифта молекулаи кислотаи рибонуклеинати ахборӣ – КРН-а синтез мешавад.