Главная / Ҷуғрофия / ФИШОРИ АТМОСФЕРИ

ФИШОРИ АТМОСФЕРИ

Фишори атмосфсфери чист? Ҳаво масса ва вазн дорад, бинобар ин ба сатҳи ҳамшафат фишор меоварад. Муайян шудаасг, ки сутуни ҳаво аз сатҳи баҳр то сарҳади болои атмосфера ба ҳар як сантиметри мураббаи сатҳи Замин бо вазни 1 кг 33 г фишор меорад (Ҳисоб кунед, ки агар масоҳати кафи дастатон тақрибан 60 см2 бошад, ҳаво ба он бо чӣ қувва фишор меорад). Ба бадани одами миёнақад ҳаво бо қувваи бештар аз 14 тонна фишор меорад. Аз сабаби мавҷуд будани фишори дохили организм, ки ба фишори ҳаво қариб баробар аст. одам вазни ҳаворо ҳис намекунад. Вале баробари афзудани баландӣ кас ин вазнро ҳис мекунад.

Қабати болоии ҳаво қабати поёниро мефишорад. Бинобар ин ҳаво ҳар қадар ба рӯи Замин наздик бошад, фишори он ҳамон кадар зиёд аст.

кух

Қуввае, ки бо он қабати ҳавои атмосфсра ба сатҳи рӯи Замин ва ба ҳамаи ашёи дар он буда таъсир мекунад, фишори атмосферӣ номида мешавад.

Фишори атмосферй. Одам ҳангоми ба кӯҳ баромадан аллакай дар баландии 2500 – 3000 метр худро бад ҳис мекунад, нишонаҳои “дарди кӯҳпаймой” пайдо мешавад – аз нарасидани ҳаво нафас тангӣ мекунад, cap чарх мезанад. Дар Помири Шарқӣ баландтар аз 4000 м рагҳои хунгузар вассъ мешаванд, азбаски paг» бинӣ чуқур нест, бештар мекафад ва хун рафтанаш мумкин аст. Одам баъзан аз ҳуш ҳам меравад. Ин аз он сабаб аст, ки дар ҷойҳои баланд ҳаво тунук, фишораш кам ва миқдори оксиген ҳам кам мешавад. Одам дар шароите воқеъ аст, ки байни фишори дохилию берунии баданаш фарқияти калон ба вуҷуд омад (яъне бораш сабук шуд) ва организм ба ин шароит мувофиқ нест.

Аз ҳамин сабаб кабинаҳои самолётҳое, ки дар баландии зиёд парвоз мекунанд, ба таври ҳавоногузар сахт маҳкам карда шудааст. Дар онҳо  фишори ҳаво ба таври сунъй ба андозаи фишоре, ки дар сатҳи Замин мавҷуд аст, нигоҳ Дошта мешавад.

Тағйирёбии фишори атмосферӣ асосан ба баландӣ ва ҳарорати ҳаво вобаста аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки баробари хар 100 метр аз сатҳи Замин ба боло баромадан фишори ҳаво ба андозаи 1 сантиметр (10 мм) паст мсшавад. Инчунин ҳангоми гармшавии ҳаво фишори он паст шуда, дар вақти ҷойивазкунии ҳаво низ тағйир меёбад. Фишори атмосфсриро асосан бо барометр (аз юнонй “барос” вазнинӣ) чен мекунанд. Ду намуди асосии барометр симобӣ ва анероидӣ (аз юнонӣ маънояш “бемоеъ”) истифода мегардад. Барометри симобӣ аз найчаи шишагии яксӯроха иборат аст, ки тақрибан I м дарозӣ дорад. Найчаро бо симоб пур карда, нӯги кушоди онро ба косаи симобдор меғӯтонанд.

Симоби найча то бо фишори атмосферӣ баробар шудан ба зарф мерезад, дар қисми болоии он фазои беҳаво ҳосил мсшавад ва баландии сутуни симоб фишори атмосфериро (ба ҳисоби мм) нишон медиҳад. Барои чӣ хамаи симоб нарехт? Барои он ки ба сатҳи кушоди симоби косача ҳаво фишор оварда, онро ба найча тела медиҳад (расми 67). Агар фишори атмосферй паст шавад, он гоҳ дар найча симоб поён мефарояд (Агар фишори атмосферй баланд шавад, чй ҳолат рух медиҳад?).

Барометри симобӣ ҷадвал дорад. Аз рӯи баламдии сутунчаи симобии он андозаи фишори атмосфериро бо миллиметрҳо муайян мекунанд.

Муқаррар шудааст, ки дар сатҳи баҳр ҳангоми 0 будан ҳарорати ҳаво сутунчаи симобии барометрро ба 760 мм мебарорад. Он ҳамчун фишори мӯътадили атмосферй қабул карда шудааст, Агар баландии симоби сутунча аз 760 мм зиёд бошад, он гоҳ фишори баланд, поён бошад, паст мегӯянд. Ба воситаи барометр муайян кардан мумкин аст, ки ҳангоми ба баландй баромадан дар ҳар 10,5 метр фишор дар сутунчаи симобӣ тахминан 1 мм паст мешавад. Чӣ тавр тағйир ёфтани фишорро дониста ба воситаи барометр баландии маҳалро ҳисоб кардан мумкин аст.

Барометри симобиро асосан дар стансияҳои метеорологӣ истифода мебаранд. Дар саёҳатҳо ва экспедитсияҳо аз анероид истифода бурдан мувофиқтар аст. Қисми асосии он қуттичаи металлиест, ки ҳавои он бароварда шудааст, аз ҳамин сабаб вай ба тағйироти фишори берун хассос мебошад. Ҳангоми баланд ё паст шудани фишор қуттича фишурда ё васеъ мешавад. Ин тағйирот ба воситаи пружинаи ба қуттича часпонда ба тир (мил) дода мешавад, тир дар ҷадвал фишори атмосфериро бо миллиметрҳои сутунчаи симобӣ нишон медиҳад. Фишор на танҳо дар баландӣ тағйир меёбад. Он аз ҳарорати ҳаво низ вобаста аст (бо барометр муайян кунед, ки бо баланд ва паст шудани ҳарорати ҳаво фишор чӣ хел тағйир меёбад?).

Савол ва супориш

  1. Сабабҳои асосии тағйирёбии фишори атмосферй чист?
  2. Дар куҷо фишор баланд аст: дар кӯҳҳо ё водиҳои аз сатҳи баҳр начандон баланд. Чаро? Ба хотир оред, ки баландии мутлақи маҳали зисти шумо ба чй баробар аст.
  3. Ҳисоб кунед, ки барои маҳали шумо кадом фишори атмосфериро мӯътадил ҳисобидан мумкин аст?
  4. Муайян кунед, ки баландии нисбии қуллаи кӯҳи атрофатон чанд метр аст, агар дар доманаи кӯҳ барометр 730 мм. дар қулла 450 мм-ро нишон диҳад.
  5. Бо барометр хар рӯз дар ҳамон як соат фишори атмосфериро чен кунед ва маълумотро ба дафтари ҳавосанҷӣ нависед. Дикқат диҳед» ки агар фишор баланд ё паст шавад, ҳаво чӣ хел тағйир меёбад.
  6. Ба бадани шумо ҳаво бо қувваи 8 тонна фишор меоварад, чаро шумо онро хис намекунед? Ва онро кай хис карданатон мумкин аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …