Главная / Гуногун / Фирқаву ҷараёнҳои алоҳида дар Сунимазҳабони Ислом

Фирқаву ҷараёнҳои алоҳида дар Сунимазҳабони Ислом

Ҳамчунин аҳли суннат ва ҷамоъатро боз таъдоди зиёде фирқаву ҷараёнҳои алоҳида ва силсилаву тариқоти сӯфия ба мисли-муҳосибия, маломатия, қаландария, тайфурия (асоси ин ҷараён сукр, яъне, бехудӣ ва мастӣ буда, хилофи ҷараёни ҷунайдия аст, ки дар он ҳушёрӣ мавқеи муҳим дорад; асосгузори Тайфурия-Боязиди Бастомӣ буда, пайравонаш Абӯлҳасани Харақонӣ, Абӯбакри Шиблии Истаравшанӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Абӯлҳасани Нӯрӣ, Ибни Ато, Абӯсаиди Абулхайр ва дигаронанд;) рафоия, саҳлия, сӯҳравардия (асосгузори ин силсила Аллома Шайх Умари Сӯҳравардӣ аст оромгоҳаш дар шаҳри Бағдод), мурия, исавия (муассиси ҷараёни «исавиён» Муҳаммад ибни Исо аст) ва ғайра мавҷуд аст, ки ба андешаи мо шарҳи ҳар яки онҳо аз ҳавсалаи ин китоб берун аст. Ва бо ҳамин бо овардани чанд намуна аз фирқаҳо ва тариқати аҳли суннат ва ҷамоъат мо ба ин мавзӯъ нуқтаи таммат мегузорем ва тавфиқи  эзиди мутаъол мар аҳли назарро…

Аз оғози пайдоиш ва таъсиси мазоҳиби чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат сар карда, то ба рӯзгори асри мо муҳаққиқон оиди чаҳор сарчашмаи мӯътамади фиқҳии мазоҳиби мазкур /ки қаблан дар бораи онҳо ишора рафт/ ақида ва андешаҳои худро баён доштаанд. Алломаи шаҳир ва инсони камназиру муборакрӯҳ устод Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи он муҳаққиқони варзидаи таъриху фалсафа ва фарҳанги волойи исломист, ки дар бузургасари хеш-«Эҳёи фикри динӣ дар Ислом», зиёда перомуни чаҳор маъхази асосии чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат андеша рондааст, ки як хулосаи ҷамъбастӣ ва баҳодиҳии холисона ва дар ҳадди боло фозилонаест, ки аз ҷониби як абармарди бузурги, илму адаб ва дину ҳикмат, нисбати мазоҳиби чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат; ҳанафия, моликия, шофеъия ва ҳанбалия гуфта шудааст. Ва устод Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар бахши 6-уми китоб «-Асли ҳаракат дар сохтмони Ислом» вориди ин масъала шуда, пеш аз шарҳу тавзеҳ ва таҳлили масоили мавриди назар, ба тариқи зайл, ба баёни матолиб шурӯъ мекунад: «Аз соли 185 то 495 ҳиҷр (800-1100 мелодӣ)», ба гуфтаи Ҳортен /устоди забоншиносии сомии Донишгоҳи Бонн, ки бо мутолиаи осори мутафаккирони исломӣ/ дар бораи андешаҳои динӣ маҳз ба ин натиҷа расидааст, ки таърихи Ислом шоистаи он аст, ки ҳамчун амали мутақобили тадриҷӣ ва ҳамоҳангиву ҳамкории ду нерӯи мутамоиз тавсиф шавад, ки яке унсури фарҳанг ва маърифати ориёӣ аст ва дигаре дини сомӣ ҳудуди як сад дастгоҳи каломӣ, дар Ислом зоҳир шуд ва ин худ гувоҳи содиқ аст, бар ин, ки фикри исломӣ қобилияти иртиҷо дорад ва низ бар ин ки мутафаккирони қадими мо чӣ гуна лоинқатъ машғули кор будаанд. Ин ховаршиноси муосири урупоӣ, дар зимни таҳқиқи амиқи хеш, дар адабиёт ва фикри кори исломӣ, чандон пеш рафт, ки ба натиҷаи зайл расидааст;

«Рӯҳи Ислом чандон васеъ аст, ки амалан бояд онро номаҳдуд шумурд. Ба истиснои андешаҳои мубтанӣ, бар нафии вуҷуди Худо, ҳамаи афкори миллатҳоеро, ки бо он муҷовир буданд, ҷазб карда ва онҳоро дар ҷиҳати махсуси тавсеа ва густариши хеш андохта аст.

Рӯҳи ҷазбкунандаи Ислом дар майдони фиқҳ ва ҳуқуқ аз ин ҳам ошкортар аст. Устод Ҳоргрони муттабаи ҳолландӣ дар масоили исломӣ мегӯяд: «Ҳангоме, ки таърихи тавсиаи фиқҳи исломиро мутолиа мекунем, ба ин натиҷа мерасем, ки аз як тараф фуқаҳои як аср ба кӯчактарин дастовезе ҳамдигарро тахтиа мекунанд ва ҳатто нисбати илҳод ба якдигар медиҳанд ва аз тарафи дигар ҳамон мардумон ба хотири ваҳдати бузурги ҳадаф, дар он мекӯшанд, ки миёни назарҳои мухолифи пешиниёни худ созгорӣ барқарор кунанд». Бадбахтона ҷомеаи мусалмонони муҳофизакори ин сарзамин ҳанӯз омодаи иқдом, ба баҳси наққодонае дар фиқҳ нест ва агар ба чунин коре иқдом шавад, мояи нороҳатии бисёре аз мардум хоҳад шуд ва  ихтилофи  калимаҳои  мазҳабӣ,  пеш  хоҳад овард (вале ҳарчанд, ки ҳақиқат талх аст, бояд онро ошкор кард, ба ибораи Арастуи доно, ки гуфта: «- Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз ӯ болотар аст». С.Б.Б.,») бо ин ҳама ба худ раво медорам, ки   дар   мавзӯи   мавриди   баҳс   мулоҳизотеро   ба   назари   шумо бирасонам:

  1. Нахуст бояд ин матлабро ба ёд дошта бошем, ки амалан, аз садри Ислом то замони тулӯи Аббосиён ҷуз Қуръон, қонуни навиштаи исломӣ вуҷуд надошт.
  2. Матлаби дуввумӣ, ки шоистаи таваҷҷӯҳ аст ин, ки аз авоситаи қарни аввал то оғози қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ, наздики нуздаҳ мазҳаби фиқҳӣ ва назариёти ҳуқуқӣ, дар Ислом пайдо шуд. Ҳамин амр ба танҳоӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна муҷтаҳидони қадими мо пайваста мекӯшиданд, то ба зуруратҳои як тамаддуни дар ҳоли рушд ҷавоб гӯянд. Бо тавсеаи футӯҳоти исломӣ ва вусъати диде, ки аз он натиҷа шуд он фуқаҳои нахустин ногузир аз он буданд, ки назари васеътаре нисбат ба умур ва ё ашё дошта бошанд ва авзои зиндагӣ ва одобу одоти ақвомеро, ки дар харитаи Ислом мешуданд, таҳти мутолиа қарор диҳанд. Пажӯҳиши дақиқе дар мазоҳиби фиқҳӣ ва назариёти ҳуқуқии мухталифи ислом, бо таваҷҷӯҳ, ба таърихи иҷтимоӣ ва сиёсии муосир нишон медиҳад, ки онон дар кӯшише, ки барои тафсири Қуръон ва Ҳадис доштанд ба тадриҷ аз вазъи истинтоҷӣ /дедуктивӣ/, ба вазъи истифоӣ /индуктив/ мутамоил мешудаанд.
  3. Саввум ин, ки чун дар бораи чаҳор манбаи мавриди қабули фиқҳи исломӣ ва ихтилофи калимаҳое, ки дар ин хусус пеш омада, ба таҳқиқ бипардозем, салобат ва шикастнопазирии мазоҳиби фиқҳии шинохташуда, аз миён меравад ва имкони татаввуру такомули бештар ошкор мешавад. Беҳтар аст ба ихтисор, дар хусуси ҳар як аз ин чаҳор манбаъ сухан бигӯем;

а) Қуръон. Манбаи нахустини фиқҳи исломӣ Қуръон аст. Вале бояд донист,  ки  Қуръон  унвони  китоби  қонуни  маданӣ  надорад. Ғарази аслии он ҳамон гуна, ки пештар гуфтам он аст, ки дар одамӣ огоҳии комилро дар бораи иртиботе, ки бо Худо ва бо ҷаҳон дорад, бедор кунад…

Акнун чун ба заминаи усули ҳуқуқии Қуръон назар кунем, комилан ошкор мешавад, ки ин усул на танҳо монеи ба кор афтодани андеша ва фаъолияти қонунгузории башарӣ намешаванд, балки вусъати доманаи ин усул чандон аст, ки худангезае барои бедор шудани андешаҳои башарӣ мешаванд. Фуқаҳои қадими мо, ки аз ҳамин сарчашма илҳом мегирифтанд, чанд дастгоҳи фиқҳӣ таъсис кардаанд ва касоне, ки дар таърихи Ислом таҳқиқ кардаанд нек медонанд, ки тақрибан ниме аз пирӯзиҳои Ислом, ба унвони як нерӯи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, натиҷаи ҳаддати назари он фақеҳон будааст. Фон Кремер мегӯяд. «Пас аз Рӯмиён, ҳеҷ миллати дигаре, ҷуз қавми араб наметавонад муддаии он шавад, ки дастгоҳи ҳуқуқии бодиққат тарҳшуда ва такомулёфта дорад…».78-147.

б) Ҳадис. Манбаи бузурги дуввуми фиқҳи исломӣ, Аҳодиси набавӣ (с) аст. Ин аҳодис чи дар қадим ва чи дар замонҳои ҷадид мавриди баҳси фаровон қарор гирифтаст. Дар миёни наққодони ҷадид устод Голдсиер ба роҳнамоии қавонини нақди таърихии ҷадид онҳоро дар маърази нақд қарор дода ва ба ин натиҷа расидааст, ки аҳодиси рӯиҳамрафта, қобили эътимод нестанд. Нависандаи урупоии дигаре пас аз мутолиае дар равишҳои уламои ҳадис, барои таъйини сиҳҳат ва асолати ҳар ҳадис ва бо таваҷҷӯҳ ба хатоҳое, ки мумкин аст дар нақли ҳадис пеш биёяд, ба натиҷаи зайл расидааст:

«Ба унвони натиҷа бояд гуфта шавад, ки мулоҳизоти мазкур дар фавқ танҳо имконоти назариро нишон медиҳад ва масъалаи ин, ки то чи андоза он имконот ҷанбаи феълият пайдо кардааст, бештар марбут ба ин мешавад, ки авзо ва аҳвол то чи ҳад барои истифода аз он имконот мусоид будааст. Бидуни шак ин авзо ва аҳволи мусоид маъдуд буда ва дар қисмати каме аз маҷмӯи «Суннат» муассир афтодааст. Бинобар ин метавон гуфт, ки қисмати умдаи маҷмӯаи суннат ва ҳадис, ки мусалмонон онҳоро мақбул медонанд, гузоришҳое асил, дар бораи тулӯъ ва нахустин густариши Ислом аст /нақл аз китоби «Назарияҳои исломӣ дар боби молиёт»/.

Вале барои ҳадафе, ки акнун дар пеш дорем, бояд миёни ҳадисе, ки аҳамияти қазоӣ ва фиқҳии маҳз дорад, бо ҳадисе, ки чунин нест фарқ бигузорем… Ва низ кашфи ин матлаб мумкин нест, ки оё дар мавриди он одоб ва русуме, ки Пайғамбар /с/ ба сурати сареҳ ё талвеҳӣ, дар онҳо тағйире надода, ғарази куллияти истеъмолии онҳо будааст ё на. Шоҳ Валиюллоҳ /р/ таҳқиқе дар ин бора дорад, ки матлабро равшан мекунад ва ман дар ин ҷо рӯҳи назари ӯро баён мекунам. Равиши омӯзиши пайғамбарона, ба ақидаи Шоҳ Валиюллоҳ /р/ иборат аз ин аст, ки ба сурати куллӣ дар шариате, ки ба василаи Пайғамбаре вазъ мешавад, таваҷҷӯҳи хосе ба одат ва одобу хусусиёти мардумӣ, ки Пайғамбар /с/ бар онон мабъус шуда аст, дида мешавад. Вале пайғамбаре, ки барои овардани усули куллӣ ва ҷаҳонгир фиристода шуда, наметавонад, усули гуногун барои миллатҳои гуногун вазъ кунад ва наметавонад, мардумонро во гузорад, ки худ барои худ қавоиди рафтор ва кирдорро вазъ кунанд. Равиши вай он аст, ки қавми хосеро тарбият кунад ва таълим диҳад ва он қавмро ҳамчун ҳаста /ядро/-е барои бинои як шариати куллӣ қарор диҳад. Бо ин амал вай усулеро, ки шолудаи зиндагии иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Барҷаста месозад ва онҳоро бо дар назар гирифтани расму одати хоси қавме, ки билофосила, дар баробари вай қарор доранд, дар ҳолоти хос мавриди истеъмол қарор медиҳанд. Аҳкоми динӣ, ки аз ин роҳ фароҳам мешавад масалан ҳудуди шаръӣ, ки дар муқобили ҷароим муайян мешавад аз лиҳозе махсуси он қавм аст ва чун мурооти онҳо ба худии худ ҳадафе нест, набояд мунҳасаран ҳамонҳоро айнан, дар наслҳои оянда мавриди амал қарор диҳанд.

Шояд аз ҳамин лиҳоз будааст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ бо басирати комиле, ки нисбат ба куллияти таълимоти исломӣ дошт, амалан аз ин гуна аҳодис (яъне, носаҳеҳ-С.Б.Б) истифода намекард. Ин ҳақиқат, ки вай асли «Истеҳсон»-ро ба кор мебарад, ки мусталзими тафаҳҳуси дақиқ ва комил, дар авзоъ ва ақволи феълӣ ва дар назар гирифтани онҳо, дар тафаккури фиқҳӣ ва додани фатво аст, равшан месозад, ки дар натиҷаи чӣ ангезаҳое ва ба вазъи фиққии хоси хеш расида будааст. Баъзе гуфтаанд, ки Абӯҳанифа аз он ҷиҳат аз тамассук ба Ҳадис худдорӣ мекард, ки дар замони вай маҷмӯаи мудавване, аз аҳодис вуҷуд надошт. Аввалан бояд донист, ки ин иддао комилан дуруст нест, чун маҷмӯаи ҳадиси Абдулмалик ва Заҳро, дар замоне тадвин шуда, ки камтар аз сӣ сол пеш аз марги Абӯҳанифа (р) набудааст.Ва дигар ин, ки агар ҳам фарз кунем, ки ин маҷмӯаҳои ҳадис ба Абӯҳанифа нарасида* будааст, дар сурате, ки вай доштани чунин мадракеро зарурӣ медониста, метавонистааст монанди Молик ибни Анас ва Ибни Ҳанбал, ки пас аз вай барои худ маҷмӯи ҳадис фароҳам оварда буданд, вай низ чунин кунад. (Бояд қайд намуд, ки дар сари ин масъалаи мавриди назар қароргирифта, каме рӯшание бояд андохт. Мо намедонем, муҳаққиқини урупоӣ ва баъзе аз фардони машриқзамин чӣ гуна пажӯҳише дар ин риштаи дин мебаранд, аммо ба иттилои мо, бино ба маълумоти дақиқан овардаи Аллома Шиблии Нӯъмонӣ-дар китобашон «Ҳаёти Имоми Аъзам», пиру пешвои фуқаҳои исломӣ-Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ китоби ҷамъи аҳодиси шариф, яъне, «Муснад»-и худро доштаанд, ки дар он саҳеҳтарин аҳодис гирдоварӣ шудааст. Ва чӣ тавр метавонад, ки имоми тобиъин ва пешвои мазҳаб – Имоми аъзам Абӯҳанифа бе такя ба Қуръон ва ҳадис ва бе «Муснад»-и худ мазҳабе таъсис диҳад… Ва то кунун дувоздаҳ нусхаи ин китоб номгӯ шуда, ки дар ин боб, дар бахши «Мероси илмии Имом» сӯҳбате бо нукоте мӯътамад, ба манзури Шумост, ки баъди фарозмониҳое чанд хоҳед хонд-С.Б.Бузургмеҳр). Рӯи ҳам рафта вазъе, ки Абӯҳанифа, дар баробари эътибори фиқҳии ҳадис дошта, ба назари ман комилан дуруст будааст ва агар озодигарии ҷадид ҳам чунон салоҳ бидонад, ки аз истифода аз ҳадис даст бардорад, коре ҷуз ин накарда аст, ки аз яке аз бузургтарин намояндагони фиққ дар ҷаҳони тасаннун пайравӣ кардааст. Вале инкори ин амр ҳам мумкин нест, ки уламои ҳадис бо исроре, ки ба таваҷҷӯҳ додани мардум, ба ҳолоти хосу айнӣ /конкрет/ дошта ва дар муқобили тафаккури фиқҳии муҷаррад /абстракт/ аз он ба дифоъ бархостаанд, хидмати бузурге ба фиқҳи исломӣ кардаанд. Ва бо пажӯҳиши бештаре, ки оқилона дар бораи аҳодис сурат бигирад ва бо ҳамон рӯҳе, ки Пайғамбари Ислом /с/ ваҳйи худро тафсир мекардааст, амал шавад, ҳанӯз имкони он аст, ки кӯмаки бузурге ба фаҳми арзиши ҳаётии усули ҳуқӯқии мундариҷ, дар Қуръон бишавад. Танҳо фаҳми арзиши ҳаётии онҳо аст, қи моро дар кӯшише, ки барои тафсири муҷаддади усули асосӣ мекунем, муҷаҳҳазтар хоҳад кард.

в)Иҷмоъ. Манбаи саввуми фиққи исломӣ иҷмоъ аст, ки ба ақидаи ман шояд муҳимтарин мафҳуми ҳуқӯқӣ, дар Ислом буда, бошад. Бо вуҷуди ин мояи шигифтӣ аст, ки ин мафҳуми бисёр муҳим, ки дар рӯзгорони гузашта баҳсҳои олимона ба рӯи он сурат мегирифта, амалан ба сурати фикр ва андешаи маҳзе боқӣ монда ва ба қудрат сурати як низоми собитеро дар сарзаминҳои исломи пайдо карда аст. Шояд табдили он ба сурати як низоми собит мухолиф ба манофеи сиёсии он навъ ҳукумати мутлақие будааст, ки билофосила, пас аз халифаи чаҳорум (Мавло Алӣ саломуллоҳ) рӯ ба рушд гузошта аст. Гумон мекунем, ки хулафои уммавӣ ва аббосӣ маслиҳати худро дар он медонистаанд, ки нерӯи иҷтиҳодро дар дасти афрод қарор диҳанд ва нагузоранд, ки як анҷуман ва маҷмаи собити иҷтиҳод ташкил шавад, ки мӯҳтамалан дар баробари онон бисёр нерӯманд шавад. Вале хушбахтӣ дар он аст, ки фишори нерӯҳои ҷадиди ҷаҳонӣ ва таҷрибаи сиёсии миллатҳои урупоӣ, дар зеҳни мусалмонии ҷадид муассир афтода ва рафта – рафта ба арзиш ва имконоти андешаи иҷмоъ мутаваҷҷеҳ шудаанд. Бо рушди рӯҳи иҷтимоӣ ва ташкили тадриҷии маҷомеъи қонунгузорӣ, дар кишварҳои исломӣ гоми бузурге ба ҷониби пеш бардошта шудааст…

Танҳо доруи муассире барои ҷилавгирӣ, аз тафсирҳои иштибоҳомез, ислоҳ кардани дастгоҳи таълим ва тарбияи фиқҳӣ, дар кишварҳои исломӣ ва тавсия додан ва омехтани он бо таҳсилоти ҳуқуқии ҷадид аст. 78.152.

г) Қиёс. Манбаи чаҳоруми фиқҳ қиёс, яъне, истифода аз истидлол /далоили ақлӣ-С.Б.Б/ дар масоили мушобеҳ ва муқоиса кардани онҳо бо якдигар аст. Чунон ба назар мерасад, ки мактаби Абӯҳанифа /р/ аз лиҳози авзоъ ва аҳволи иҷтимоӣ ва кишоварзии роиҷ, дар билоди фатҳшудаи Ислом савобиқи сабтшудаеро дар аҳодис наёфта ё кам ёфта будааст. Бинобар ин танҳо роҳ, ки дар баробари пайравони ин мазҳаб боз буда, он будааст, ки дар тафсирҳои худ, аз аҳкоми Қуръон, ба ақли истидлолгар тавассул ҷӯянд. Вале истифода аз мантиқи Арасту, гарчи бо инкишофи авзоъ ва аҳволи ҷадид, дар Ироқ мавриди назар буд, зоҳиран дар мароҳили нахустини такомули фиқҳи исломӣ зиёновар будааст. Вазъи печидаи зиндагиро наметавон тобеъи қавоиди хушк ва сахте қарор дод, ки ба сурати мантиқӣ, аз иддае, аз мафоҳуми куллӣ, ба даст меояд. Вале чун бо айнаки мантиқи Арасту, ба он назар шавад, ҳамчун дастгоҳи мошинии маҳз ва соддае менамояд, ки ҳеҷ асли ҳаракат дар он вуҷуд надорад. Бадин тартиб дар мазҳаби Абӯҳанифа (р) тамоюл бар он буд, ки озодии халлоқ ва иродӣ будани зиндагӣ, мавриди ғафлат воқеъ шавад ва чунон мехостанд, ки як низоми фиқҳии мантиқан комиле бар пояи ақл ва истидлоли маҳз бисозанд. Фуқаҳои Ҳиҷоз, ки бар рӯҳи амалии нажодии хеш вазифадор буданд, сахт бар зидди тадқиқоти мадрасии фуқаҳои Ироқ қиём карданд ва дар баробари тамоюли эшон, ба тасаввури ҳолоти ваҳмӣ ва баҳс дар онҳо, ки уламои Ҳиҷоз ба ҳақ, ки чунин тамоюлеро сабаби он медонистанд, ки фиқҳи исломӣ, ба сурати дастгоҳи мошинии беҷоне дархоҳад омад, муқовимат намуданд. Ин мушоҷироти сахту талхи мавҷуд, миёни фуқаҳои нахустин, сабаби он шуд, ки қиёс ва маҳдудиятҳо ва шароиту васоили ҷарҳ ва таъдили он бо сурате наққодона таъриф шавад ва қиёс, ки дар асл чунон менамуд, ки василае барои сарпушт гузоштан бар ороъ ва ақоиди шахсии муҷтаҳидон буд, билохира ба сурати манбаи ҳаёт ва ҳаракате, дар ҳуқуқи исломӣ даромад. Рӯҳи хӯрдагирии шадиди Молик (р) ва Шофеъӣ (р) бар асли қиёси Абӯҳанифа (р) ба эътибори манбае аз фиқҳи исломӣ, дар воқеъ ҳамчун садде будааст, ки аз тарафи фуқаҳои соминажод, дар баробари тамоюлоти фуқаҳои ориёӣ, барпо шуда буд, ки мехостанд умури муҷаррадро  ба умури воқеӣ ва айнӣ, тарҷеҳ диҳанд ва аз фикру андеша, беш аз ҳодиса ва пешомад баҳрабардорӣ кунанд. Дарвоқеъ низои ҳавохоҳони ду равиши истинтоҷӣ ва истиқроӣ, дар татаббуоти фиқҳӣ буд. Фуқаҳои Ироқ усулан, ба ҷанбаи собит ва абадии «мафҳум» аҳамият медоданд, дар сурате, ки фуқаҳои Ҳиҷоз, ба ҷанбаи муваққатии он тамассук меҷустанд. Вале фуқаҳои Ҳиҷоз, ба тамоми ҳақиқати вазъи худ таваҷҷӯҳ надоштанд ва ҷонибдории ғаризии эшон, аз суннати қазоии ҳиҷозӣ, мояи адами таваҷҷӯҳи эшон ба «савобиқе» мешуд, ки амалан дар рӯзгори Пайғамбари Ислом /с/ ва асҳоби ӯ иттифоқ афтода буд. Бидуни шак ба арзиши он чи мушаххас ва айнӣ аст, воқиф буданд, вале дар айни ҳол ба он ранги абадият медоданд ва ба қудрат ва қиёс, ки мубтанӣ бар таҳқиқ, дар бораи ҳолоти айнӣ, ба ҳамон сурат, ки ҳастанд бошад, тавассул меҷустанд. Хӯрдагирии эшон бар Абӯҳанифа (р) ва мазҳаби ӯ, сабаби озодии умури ғайри муҷаррад ё айнӣ, аз қайду банд шуд ва ин заруратро пеш овард, ки дар тафсири усули қазоӣ ва ҳуқӯқӣ, ба мушоҳидаи ҳаракат ва танаввуи зиндагӣ бипардозанд. Бад-ин тартиб мазҳаби Абӯҳанифа (р), ки натоиҷи ин ихтилофи назарро ба хуби ҷазб кард, аз лиҳози асли асосии худ озодии мутлақ дорад ва аз ҳар мазҳаби фиқҳии дигар қобилияти интиқоби халлоқии он бештар аст. Вале ҳанафиёни ҷадид, бар хилофи рӯҳи ин мазҳаб тафсир ва таъбирҳои муассиси ин мазҳаб ва пайравони билофаслие ӯро ҷанбаи абадият бахшида ва ҳамон ранги субот ва абадиятеро, ки мухолифони Абӯҳанифа (р) ба фатовии баёншудаи дар ҳолоти айнии хос медодаанд, инон низ ба фатовии Абӯҳанифа (р) ва пайравони вай додаанд. Агар ҳақиқати қиёс дуруст фаҳмида ва ба кор баста шавад ҳамон гуна, ки Шофеъӣ ба ҳақ гуфта аст, «қиёс номи дигаре барои иҷтиҳод мешавад, ки дар ҳудуди он чи ваҳӣ шуда, озодии мутлақ дорад». Ва аҳамияти он ба унвони як асл аз ин амр ошкор мешавад, ки ба гуфтаи Қозӣ Шавконӣ, чунон, ки аксари фуқаҳо назар додаанд, ҳатто дар замони Пайғамбари Ислом /с/ ҳам маҷоз будааст. Баста шудани дари иҷтиҳод ваҳме беш нест ва пайдоиши он қисмате дар натиҷаи таҷаммуди андешаи фиқҳӣ, дар Ислом аст ва қисмати дигар дар натиҷаи он, танбалии фикрӣ аст, ки махсусан дар давраи инҳитоти рӯҳӣ ҳосил мешавад ва мутафаккирони бузургро ба сурати бутҳое дар меоварад. Агар баъзе аз фуқаҳои бузурги мутааххир ин ваҳму фарзро таъйид кардаанд, Исломи ҷадид маҷбӯр нест, ки аз истиқлоли фикрии худ чашм бипӯшад. Сарахсӣ, ки дар қарни даҳуми хиҷрӣ мезиста, ба ҳақ чунин навиштааст: «Агар тарафдорони ин назари ваҳмӣ мақсудашон ин аст, ки нависандагони қадимтарин таҳсилоти бештаре дар ихтиёр доштаанд ва мутааххирон душвориҳои фаровонтаре бар сари роҳи худ доранд, бояд гуфт, ки ин сухани бемаъние аст; чун барои дарёфти ин матлаб, ки иҷтиҳод барои фуқаҳои мутааххиртар бисёр осонтар аз он аст, ки барои фуқаҳои мотақадимтар будааст, эҳтиёҷе ба фаҳми фаровон нест. Тафосире, ки бар Қуръон, ва Ҳадис навишта шуда, ба андозае зиёд ва гуногун аст, ки муҷтаҳиди имрӯз беш аз он чи эҳтиёҷ дорад, маводи лозим барои тафсирро дар ихтиёр дорад». 78-155.

Донишманди шинохтаи Эрон устод Оятуллоҳ Муҳаммад Иброҳими Ҷаннотӣ, оиди сабаб ва замони пайдоиши мазоҳиб, дар Исломро хеле дақиқ андеша рондаанд. Ва ҳақ бар ҷониби эшон аст, ки овардаанд:

«Мардуми мусалмон инро пазируфтаанд, ки Худованд аҳком /ҳукмҳову амр ва фармонҳо-С.Б.Б/-у вазойиферо барои башар муайян кард ва аз тариқи Ҷибриил ъалайҳиссалом онҳоро ба Паёмбар /с/ нозил фармуд ва Ӯ ҳам аҳкому қавонини Илоҳиро бидуни каму кост, ба мардум иблоғ кард. Ин пазириши мусалмонон дар тӯли таърих мӯҷиб шуд, онон дар садад /ният, азм ва қасд/ бароянд, ки роҳҳои мумкин ба аҳкоми иблоғшуда, аз тариқи Ҷибриил /ъ-м/ даст ёбанд. Ин дастёбӣ, ба аҳком барои мардум дар замони ташреъ /асри шурӯъ ва ё оғози Ислом-С.Б.Б./ ва вуҷуди Расули Худо /с/ дар ҷомеъа осон анҷом мепазируфт. Зеро онон, ки дар Мадинаи мунаввара буданд, бидуни ҳеҷ восита ба шахси Расули Худо /с/ муроҷиъа мекарданд ва масойили мавриди ниёзро назди Ӯ /с/ матраҳ ва бидуни маътале посухи муносибро дарёфт менамуданд. Аммо онҳо, ки берун аз Мадинаи мунаввара буданд, ба намояндаи Паёмбар /с/, ки аз сӯи он Ҳазрат /с/ эъзом /фиристода шуда-С.Б.Б/ мешуд, муроҷиъа мекарданд ва масойилашонро мепурсиданд. Эшон аз роҳи китоби Худо ва ё суннат /аҳодиси набавӣ/ посух мегуфтанд ва мардум бидуни ҳеҷ гуна тардиду ихтилофе ба унвони ҳукми Худо (ва суннати Расул (с) бад-онҳо амал мекарданд. Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфтем, дар асри ташреъ дасту боли мусалмонон-чӣ онҳо ки даруни Мадина мезистанд ва чи онҳо, ки берун аз Мадина буданд-дар фаро гирифтани аҳкоми динӣ боз буд ва дар ин мақом дучори ҳеҷ мушкиле намешуданд.

 Дар ин аср чун ҳамаи мусалмонон марҷаъи /вазифадоршудае, ки барои муроҷиат кардан ба ӯ рӯй оранд-С.Б.Б./ аҳкомро Паёмбар (с) ва манобеи онҳоро низ мунҳасир ба китоби Худову суннати Расулуллоҳ /с/ медонистанд, ихтилофе дар миёни олимон, дар мақоми баёни аҳком вуҷуд надошт ва аз ҳамин рӯ заминае барои пайдоиши мазоҳиб дар миён набуд.

Дар асри саҳоба (р) ба гунае мусталаҳи кунунӣ, мазоҳибе миёни мусалмонон вуҷуд надошт. Зеро онҳо, ки дар Мадина буданд, барои дастёбӣ ба аҳкоми динӣ, ба қориёну олимон, аз асҳоб, ки дар он шаҳри муқаддас (-ки ҷасади мушкину мубораки Ҳазрати Муҳаммад /с/ ро дар қалби худ ниҳон медорад. С.Б.Б). марҷаъи аҳком буданд ва мардуме, ки дар шаҳрҳои дигар сукунат доштанд, ба қориёну олимоне, ки пас аз даргузашти Паёмбари Худо /с/ ба он шаҳрҳо баҳри таблиғ ҳиҷрат карда буданду муроҷиъа мекарданд ва онон бино бар китоби Худо, дар баробари пурсишҳо посух медоданд ва ҳар гоҳ ҳукми мусолиҳаеро дар он намеёфтанд, мутобиқи суннати Паёмбари Худо /с/ ва ҳар гоҳ ҳукмеро, ки дар суннати Расул /с/ намеёфтанд, аз роҳи иҷтиҳод ё қиёсу истеҳсон посух медоданд. Бо ин ҳол дар ин аср марҷаъи аҳком қориёну олимон, асҳоби гиромии Паёмбар /с/ ва манобеъи навъи аҳкоми китоби Худо ва суннати фиристодааш /с/ буд ва дар мавориди бисёр каме иҷтиҳод ва манобеъи ёдшудаи дигар, ба унвони манбаи аҳком қарор мегирифт. Аз ин рӯ, ихтилофи зиёде дар мақоми фатво миёни онон-ба гунае, ки мӯҷиби пайдоиши падидае ба унвони мазоҳиб шавад, дар байн набуда аст.

Гурӯҳе аз пажӯҳишгарони аҳли суннат дар китобҳояшон бо сароҳат ба ин сухан ишора намудаанд, аз ҷумла: Валиюллоҳ Деҳлавии Ҳанафӣ, Камолиддин ибни Ҳумом ва Қайми Ҷавзии Ҳанбалӣ.

Дар асри тобиъин низ, мардум ба шогирдони саҳоба /р/, ки марҷаъи аҳкоми шаръӣ буданд, муроҷиъа мекарданд ва ҳар гоҳ ҳукмеро дар онҳо намеёфтанд, аз роҳи иҷтиҳоди худ/ кӯшиш ва ҷаҳди худ-С.Б.Б/ ва ё қиёсу истеҳсон ҳукмро баён мекарданд (мисли Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), ки худ тобиъин ва аз барои замон буд. С.Б.Б. Дар ин аср агарчи манобеъи аҳком мунҳасир ба китоби Худованду Суннати Расул /с/ набуда ва манобеъе дигар монанди иҷтиҳод аз роҳи раъй ва истеҳсону қиёс матраҳ буда, ва аз он рӯ, миёни олимон дар мақоми баёни аҳком-дар бархе маворид, ки доройи насс (далели бурро, бурҳони котеъ, аҳкоми илоҳӣ, яъне, оёти шарифи Қуръон ва суннати Расули Худо-С.Б.Б)-и хос аз китоб ва суннат набуд-ихтилоф вуҷуд дошт, вале бо ин васф ихтилоф дар баёни аҳком ҳаммонанди асри саҳоба /р/ ва тобиъин /р/ ба ҳадде набуда, ки боиси пайдоиши мазоҳиби гуногун шавад ва ин бад-он сабаб буда, ки ба коргирии иҷтиҳод дар манобеъи заннӣ /доройи гумону шубҳа, ҳадсу пиндор-С.Б.Б/ монанди қиёсу истеҳсон барои истихроҷи аҳком мавриди ниёз набуда аст».88.,42,18.

Вале бояд таъкид сохт, ки аллакай дар замони асри охирин саҳобагон /р/ ва кубаройи ҷамъи эшон /р/ метавон гуфт, ки заминаҳои ибтидоии иллати пайдоиши мазоҳиб дар Ислом, ба вуҷуд омада, истода буд. Масалан, дар аҳди кубаройи ҷамъи саҳоба (р) ва тобиъин (р) ва табаъа-тобиъин /р/ заминаҳое барои пайдоиши мазҳаби ҳанафия ба амал омада буд. Он ҷамъи уламое, ки бо номи «асҳоби раъй» фаъолият мекарданд, ҳамон ҳанафиёне буданд, ки баъдан ба ҳам омада, бо номи мазҳаби ҳанафия, бар ҳама фирқаву ҷараёнҳои ибтидоии ҳамонвақтаи дини Ислом, бартарият пайдо намуданд. Ва муассиси он, ҳамоно Имоми Аъзам Абӯҳанифаю ҷамъи асҳобу кубароаш ва шогирдонаш Абӯюсуфи Яъқуб, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Имом Муҳаммади Шайбонӣ, Имом Зуфар, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа, Абӯмутеъи Балхӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Сӯфиёни Саврӣ, Иброҳим Ан-Нахъӣ ва чанд тан бузургони дигар буданд.

«Дар авохири айёми тобиъин ва авойили аёми тобиъини тобиъин олимоне аз мактаби раъй /ҳанафиёнро дар ибтидо мактаби асҳоби раъй мегуфтанд-С.Б.Б/ ва мактаби ҳадис, ки дар канори мактаби аҳли байт қарор гирифтанд мутахарриҷ, шуда ва дорои унвони марҷаъият шуданд. Онон дар билоди посӯхгӯйии аҳком буданд, аз он ҷумла: Абӯҳанифа, Абдуллоҳ ибни Шабармат, Ибни Абӯлайло ва Сӯфён ибни Саъиди Саврӣ дар Кӯфа; Ибни Ҷареҳ ва Сӯфён ибни Айния, дар Макка; Молик ибни Анаси Асбаҳӣ, Лайс ибни Саъд ва Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ, дар Миср; Абдурраҳмони Авзоъӣ дар Шом; Ҳасани Басрӣ ва Усмон ибни Муслим, дар Басра; Исҳоқ ибни Роҳвия дар Нишопур; Абӯсавр Аҳмад ибни Ҳанбалии Шайбонӣ, Довуд Тоҳирии Исфаҳонӣ ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар Бағдод ва ғайра мислуҳум…

Ба ҳар ҳол дар ин замон аз сӯйе бар асари манобеъи дигаре, аз қабили «Мусолаҳи мурсала», «Қоидаи истислоҳ», «Араф ва суннат-ал-ҳукком», ки барои истинбот ба вуҷуд оварданд, ки ба аз сӯи дигар бар асари ба коргирии зиёде иҷтиҳод, дар манобеъи заннӣ, барои истихроҷи аҳкоми падидаҳо ихтилофи шадиде миёни онон, дар баёни аҳкоми мавзуъот, ба вуҷуд омад, ки паёмади он падид омадани мазоҳиб буд.

Ба гуфтаи Сойис дар китоби. «Таърих- ал- фиқк-ал- исломӣ», аз авойили садаи дуввум /ҳиҷрӣ/ ва нимаи садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ, 138 мазоҳиб-яъне, фирқаҳои динӣ тадвин ва мавриди тақлид қарор гирифта ва бисёре аз билод дорои мазҳаби хосе буданд, вале бо гузашти замон мунқарез /аз байн рафтанд-С.Б.Б/ шуданд ва аз миён рафтанд. Ороу назариёти пешвоёни он мазоҳиб, дар китобҳое, ки ба унвони «Ал-фиқҳ-ал-мақорин», монанди «Китоби хилоиф», «Илм-ал-хилоф», «Масоил-ал-хилоф» ва «Ал-хилофиёт» тадвин шуда, барои мо ба ҷо мондааст. Ба ҳар рӯ пас аз садаи чаҳорум танҳо аз мазоҳиби имомия, ҳанафия, моликия, шофеъия ва ҳанбалия метавон ном бурд ва мазоҳиби зоҳирӣ, агарчӣ то ин замон истимрор дошта, аммо кам-кам аз миён рафта аст». 88.-18-19.

Пас суоле метавонад пайдо шавад, ки сабаби асосии ихтилофи байни мазоҳиби дини Ислом дар чист? Бояд гуфт, ки ихтилоф асосан дар таълиму назарияҳо ва афкору андешаи олимони мазоҳиби Ислом вуҷуд дорад. На ин ки мазҳаб, ба мазҳаб, возеҳтар маншаъ ва сабаби ихтилоф мазҳаб нест. Яъне, олимони ҳар мазоҳибу фирқаҳои динӣ кӯшиш мекарданду кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои мухталифи худ ва дар зери ин мақсади сиёсӣ ва иҷтимоии хешро ворид месохтанду месозанд ва хулосаҳову фатвои дар ҳалли масоили шаръӣ истихроҷ намудаи хешро назди сомиъин, дар байни мардум, назди уламои олами Ислом ва ғайра, ба исбот расонанд. Мисли фирқаҳои бе аслу бебунёди ғарбғуломи таҳрир, халафия ё хилофия ва толибон, ки бо мақсади аз дохил пош додани дини Ислом ва тафриқа андохтан байни мусалмонон ва барои ба майдони ҷилваву тохтутози аҷнабиҳо – назири ғарбиҳо ва амрикоиҳо табдил додани марзи кишвар (мисли Ироқ ва авғонистон…) худҳошонро «доно»-ҳои замон ҳисобида, теша ба решаи дин ва ақидаи мардум зада истодаанд. Вале ин тоифа мардум бо чеҳраҳои торики сиёсиашон кайҳост, ки байни олами исломи воқеӣ бо номҳои фарқаҳои динфурӯш, мазҳабфурӯш, миллатфурӯш, ватанфурӯш ва ғайра шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, байни намояндагони мазоҳибу фиқаҳои Ислом то ба имрӯз зуд-зуд «ҷангҳои равонӣ» рух медиҳанд, ки ин ихтилоф, ихтисос ба мазҳабе бо мазҳаби дигар надорад, балки бархӯрдҳои равонӣ ва назариявии олимон, ба ҳамдигар аст, яъне, назарӣ будани онҳост. Ба қавли устод Оятуллоҳ Муҳаммад Иброҳими Ҷаннотӣ, «ва ихтилоф, дар масоили назар табиӣ аст».

Ва он ихтилофе, ки бештар намояндагони пешоҳанги мазоҳибро бо ҳам бармеангезад ҳамоно ихтилоф дар мақоми байни аҳком аст. Донишманди варзидаи улуми исломӣ, устод Оятуллоҳ Муҳаммад Иброҳими Ҷаннотӣ /ки мо навад фисади мавзӯи бахши ҳозирро дар асоси андешаҳои хубу хулосабарориҳои нишонрасу қотеъонаи эшон, дар марзи ин мавзӯъ коштаем ва баён, доштаем илали пайдоиши ихтилоф,дар мақоми байии аҳкомро бо даҳ сабаб ё худ ъомил баён намудаанд. Аз ҷумла эшон оварданд: «-Ихтилофи олимони Исломӣ, дар масоили назарӣ, ки боиси пайдоиши мазоҳиби гуногун шуда, метавонад маълули ъавомили зер бошад:

  1. Ихтилоф, дар бархе адалла /далел, далоил/-ву мусодири иҷтиҳоде монанди ихтилоф дар эътибори истеҳсон ва мусолаҳи мурсала.
  2. Ихтилоф, дар ҳудуд ва шароити адалла ва мусодири иҷтиҳоде монанди ихтилофи эътибори тавотур /пай дар пай будан-С.Б.Б/ дар ҳуҷҷати ҷузъ.
  3. Ихтилоф, дар навъи адалла, монанди ихтилоф, дар эътибори ташбеҳу тамсил, на қиёси мансус-ул-иллат ва авлавият/.
  4. Ихтилоф, дар кайфияти эътибор ва ҳуҷҷияти баъзе аз адалла, монанди ихтилофи онон, дар эътирофи ҳуҷҷияти иҷмоъ-фӣ-нафса.
  5. Ихтилоф, дар мақоми бардошт ва далел, монанди ихтилофи онон, дар бардошт, аз ояти вузӯъ, ки таҳорати пойҳо ғусл ё маҳс?
  6. Ихтилоф, дар ҷамуд /афсӯрдагӣ/ бар зоҳири алфозе, ки дар адаллаи иҷтиҳоде ворид шуд ва ъадами ҷамуд бар онҳо монанди ихтилофи онон, дар машрӯъияти раҳон ва бурду бохт, дар ғайри асб ва тиру камон, дар сабақ ва румоя.
  7. Ихтилоф, дар басанда кардан бар ъановине, ки дар ъаносири хоса истинбот омада ва ъадами басанда кардан бар онҳо.
  8. Ихтилоф, дар басанда, бар мавзӯъоте, ки дар лисон адалла омада.
  9. Ихтилоф, дар лузуми баррасии  вижагиҳои  мавзӯъот,  дар бистари замона ва лузуми баррасии онҳо.
  10. Таъоруз /мухолифи ҳам будан/-и аҳодис. Ин таъоруз, дар бархе аз онҳо ба гунае аст, ки рафъи он аз роҳи қонун ва ҷамъи мавзӯъе ва ё ҳукме имкон дорад ва дар баъзе дигар ин рафъ аз роҳи қавонин ёд шуда ва ин таъорузро ъилал ва асбобе аст, ки баёни онҳо аз ҳавсалаи ин мақола хориҷ аст» 88-19.

Устоди фақеҳ Оятуллоҳ Муҳаммад Иброҳими Ҷаннотӣ, ихтилофотеро ки дар натиҷаи фатвою ҳалли масоили шаръӣ, аҳкоми илоҳӣ, имомату тариқат, ойини ибодат ва бардошт аз далелҳои динӣ, байни уламои мазоҳиб, ба амал меоянд, баҳои хуб дода ин ихтилофи эшонро на ихтилофи мазоҳиб, балки назарӣ, будани онҳост мегӯяд ва ихтилоф дар масоили назариро (чуноне, ки гуфтем) табиӣ меномад. Ва ҳамчунин перомуни мавзӯъи ъилал ва густариши мазоҳиб андеша ронда, ӯ сабабҳои инкишоф ва густариши мазоҳиби Исломро дар асоси се замина, ба тафсил чунин шарҳ, медиҳад, ки аз нигоҳи илмӣ, хеле амиқу дақиқ буда, мантиқи мавзӯи ин бахш, аз чашмаи ъадлу инсоф об хӯрда, ва мақсади асосии ин донишманд ва устоди мӯҳтарам, ҳамоно ваҳдат ва иттиҳоди ҳамаи мусалмонон, дар зери дирафши ҷовидонсабзи Исломи мубин аст, ки омада: «Ъилал/сабаб/ ва густариши мазоҳиб иборатанд аз:

  1. Бархӯрдории Ислом, аз густариш ва гаройиши ақвому миллатҳои гуногуни ҷаҳон ба ислом. Ин густариш мӯҷиби пайдоиши анбӯҳе аз масойил шуд, посух ба онҳо то андозае бисёр ниёзманд, ба коргирии иҷтиҳод, дар манобеъ буд.
  2. Такомули ором-ороми баҳсҳои иҷтиҳодӣ; зеро муҷтаҳиддин, дар асри тобиъин, иҷтиҳодро аз ҳамон ҷое оғоз кардаанд, ки муҷтаҳиддини асри саҳоба (р) онро поён расонида буданд ва низ муҷтаҳиддин, дар асри тобиъони тобиъин иҷтиҳодро аз он нуқтае шурӯъ карда буданд, ки муҷтаҳиддини тобиъин, дар он ҷо онро хатм намуда буданд.
  3. Вуруди улуму донишҳои зиёде аз билоди дигар, ба сарзамини Ислом ва низ пазириши Ислом, тавассути олимони он билод, ки дар натиҷаи ин табодули афкор ва ороу назарот таъсири бисёре дар шеваи истидлол ва баҳсҳои фиқҳӣ дошт. Дар ин бора зикри нукоте чанд зарурӣ менамояд:

Нахуст он, ки мазҳаби имомия ва бештари фаромини он бар асоси нусусу баёноти фиристодаи Худо /с/ ва имомон /ъ-м/ қарор дорад, на бар асоси иҷтиҳод. Дуввум он, ки иҷтиҳод дар ин мазҳаб, ба унвони васила эътибор дорад, ки ҳадаф ва бад-ин сабаб, дар арзи насс қарор надорад, балки дар тӯли ва чорчӯбаи бозгардонидани фурӯъи тоза, ба усули поя ва мунтабақ сохтани қавонини куллӣ, бар масодиқи хориҷии онҳо қарор дорад. Вале дар мазоҳиби аҳли тасаннун ба унвони ҳадаф матраҳ шудааст.

Саввум он, ки агарчи бародарони аҳли суннат ҳаммонанди аҳли ташайюъ ба ин, ки аима /имомон/-и аҳли байт имоман мансус мебошанд, ки қоил нестанд, аммо ононро бисёр дӯст медоранд /яъне, мудом дуъо мефиристанд/ ва ба унвони марҷаъи илмию динӣ, сиёдату ҷойгоҳи муҳими онҳоро дар Ислом қоиланд. Аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ба ин мазмун, ки мусалмонони олам ҳам шиъа ҳастанд ва ҳам суннӣ; шиъа ҳастанд, чун муҳибби аҳли байтанд ва суннӣ ҳастанд, чун ҳама ба суннати фиристодаи Худо /с/ амал мекунанд, (вале бояд гуфт, ки шиъиён ба он андозае, ки шоиста бошад, ба суннати пешвои аҳли байт, яъне, Расулуллоҳ салъам, такя намекунанд ва ба ҳадди ифрот ва таҳриф ба гуфтаи фуқаҳояшон амал мекунанд-С.Б.Б). Агарчи шиъиён пас аз даргузашти фиристодаи Худо /с, ба суннати аимаи аҳли байт, бар асоси исмат, ва аҳли суннат ба суннат /бояд таъкид кард, ки аҳли суннат нахуст ба «Қуръони маҷид» ва сипас ба суннати Расулуллоҳ /с/,яъне, аҳодиси эшон такя доранд ва дар замми ин эҳтироми аимаи аҳли байтро ҳам ба ҷо оварда, ҳамчунин ба суннати асҳобу ёрони фозили ваҳдатхоҳи Расули акрам /с/ низ такя кардаанду мекунанд в-он гоҳ ба иҷтиҳоди уламои худ-С.Б.Б/-и асҳоб ва ёрони Ӯ /с/ бар асоси васоқит рӯй овардаанд. Аммо ҳама дар ҳадафу мақсади воҳиду ягона, ки суннат фиристодаи Худост ширкат доранд ва бинобар ҳамин ин ихтилоф ба манзалаи хатаре барои мусалмонон нест, зеро ҳадаф яке аст. Танҳо замоне боиси хатар мешавад, ки душманӣ ва дудастагию низоъ, ки Худованд ва Паёмбари /с/-у имомон куллан моро аз он бар ҳазар доштаанд эҷод кунад» (ва мутаассифона, имрӯз дар байни аҳли суннат ва ҷамоат гурӯҳҳои тафриқаандозе пайдо шудаанд, ки бо «иҷтиҳод»-и пуч ва бемағзи худ хушунате дар байни хосу ом эҷод кардаанд, ки ваҳдати зиёда аз 1400-солаи муслиминро ба парокандагӣ ва бесару сомонӣ рӯ ба рӯ карда истодааст-С.Б.Б). 88-19.

Дар фароварди ин бахши мавзӯъ зарур мешуморем то, ки хонандагонро  аз иллати пайдоиши равияи шиъа ҳам, ки яке аз равия ё худ бузургшохаи дини Ислом аст, каме ба тафсил сухан ронем. Чуноне, ки аз фарозмониҳои боло маълум гардид, ба вуҷуд омадани ҳар яке аз фирқаву мазоҳиб, дар Ислом сабабу иллати худро дорад.

Ва назди муҳаққиқин равшан аст, ки аксари зиёди фирқаву шоха ва мазоҳибу ҷараёнҳои мухталифи динӣ, асосан бо сабабҳои сиёсӣ, яъне гаправӣ ва манфиатхоҳиву манфиатҷӯӣ, яъне мансабталошиву худманишӣ ва маснаднишинии иддае аз пешвоёну роҳбарони бо ном динӣ, арзи вуҷуд кардаанду мекунанд. Назар ба фаъолияти роҳбарони тӯдаҳои дигари ҷомеъа дида, фаъолияти сиёсатмадорону роҳбарони динӣ хеле ва хеле моҳирона ва айёрона, яъне самакона аст, чунки нияту ормонҳои мардони сиёсатмадору мансабхоҳи бо ном диндор мудом ноаён зери ниқобу пардаи дин, бо як устокорӣ ва усули кордониву коршиносӣ яъне, усули эритикӣ мегузарад (мисли таҳрир, халафия ва толибони ходими Амрико). ва амалӣ мегардад ва ба ҷои фоида, ба ин дини мубин, зарари бештар ворид месозанд. Таълимоти равияи шиъа, ки дуввумин равияи бонуфӯзи Ислом аст, бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ, дар олами Ислом зуҳур карда аст.

Боиси каме ба тафсил /ҳарчанд, ки аз мавзӯъ каме хориҷ мешавем/ сухан рондани мо, оиди равияи дуввумини Ислом, яъне, шиъа аз он иборат аст, ки имрӯзҳо дар байни тӯдае аз мардуми камогоҳи мо, ки дар тӯли ҳафтод соли шӯравӣ, аз фарогирии дониши динӣ, кам баҳравар буданд, дарҳамбарҳамие ё худ каҷфаҳмие оиди мафҳумҳои шиъа ва шофеъия (ва ҳамчунин оиди асосгузори мазҳаби суннии шофеъия Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идрис аш Шофеъӣ; мисли ҳамон, ки иддае аз ҳизбиюн ва ғофилун, ваҳҳобиёни суннии ҳанбали мазҳабро бо унвони шиъиюн маҳкум карданӣ мешаванд, ки ин хатои азимест ва таҳқири маҳз) ба вуҷуд омадааст. Ва аз ин хотир зарур мешуморем, ки чанд ҷумлае оиди равияи шиъаи дини Ислом дарҷ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки тариқаи шофеъия яке аз мазоҳиби бонуфузи чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат мансуб, ба Имом Абӯабдуллоҳ-Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (р) аст, ки дар қатори се мазҳаби дигари аҳли суннат, зиёда аз 1210 сол ба ин ҷониб вуҷуд дорад. Возеҳтар шофеъия, яке аз мазҳабҳои бонуфӯзи аҳли суннат /ва ё суннӣ/ буда, Имом Шофеъӣ (р) асосгузор ва Имоми ҳумому фақеҳи соҳибкитобу соҳибфатвои шофеъиён маҳсуб мешаванд ва ин мазҳаби аҳли суннатро бо равияи шиъа мансуб шуморидану Имом Шофеъиро пешво ё худ имоми шиъиён донистан хатост, зеро ин ба иззати нафси намояндагони яке равияву дигарӣ-мазҳаб сахт мерасад, ҳарчанд, ки ба гуфти устод О.Ҷаннотӣ-ҳадаф як аст.

Чуноне, ки маълум аст, дини Ислом дорои ду равия ё худ шохаи бузурги динист, ки яке равияи суннӣ (аҳли суннат ва ҷамоат, ки иборат аз чаҳор мазҳаби басо ростину бонуфуз аст, бо номҳои ҳанафия, моликия, шофеъия ва ҳанбалия ва теъдоди зиёди фирқаву гурӯҳҳои мухталифи аҳли суннат, ки дар заминаи ин мазоҳиби чоргона падид омадаанд) ва дигаре равияи шиъа – ба маънии тарафдор, пайрав ва ё ба чизе ҳамроҳ шудан, роҳ равиш ва гурӯҳро гӯянд.

Шиъа унвони мазҳаб набуда, балки номи умумии фирқаву гурӯҳ ва тариқату ҷараёнҳои динии мухталифест, ки Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб /р/ ва хонадони ӯ ва насли ӯро ворисони ягонаву ҳақиқии Расули гиромӣ-Ҳазрати Муҳаммад /с/ меҳисобанд. Равияи шиъаро фирқаи аҳли байт низ меноманд. Дар асри VIII ҳаракати шиъаҳо ба ду ҷараёни калону мустаъқил-«мӯътадил»  яъне, «Зайдиҳо» ва «Имомиҳо», ки ба сунниҳо каме қаробат доранд/ ва «ғолӣ» /тарафдорони аимаи аҳли байти Ҳазрати Алӣ разиаллоҳу анҳу/ ва исмоилиён ҷудо шуд. Пайравони равияи шиъа 12 имомро аз насли Ҳазрати Алӣ /р/ эътироф менамуданд  аҳли суннат бошанд, дар қатори, имомон ва пешвоёни аҳли суннат 12 имоми ҳумоми аҳли байтро низ зътироф намуда, доим дар панҷ вақт намози худ, пеш аз ҳама ба эшон низ дуъойи нек мекунанд. Мувофиқи таълимоти аҳли шиъа, имоми қонунии онҳо (Имоми Маҳдӣ) соли 873-и мелодӣ, ба дунё омада, минбаъд ноаён ғайб зада аст. Он ғайбзада, рӯзе бо амри Худованд зуҳур мекунад. Ин ақида боиси дар аҳли шиъа ба вуҷуд омадани таълимоти динию фалсафии «Маҳдавият» /таълимоти динию фалсафии Исломро номанд, ки пайравонаш ба риҷъат, яъне, баргаштани имоми ғоибу мунтазир бо номҳои «Маҳдӣ» шахси бо амри илоҳӣ, роҳи ҳақ интихоб карда ва қуддосе, ки аз фарорасии қиёмат хабар медиҳад; «Қоим» ва «Ҳуҷҷат» бовар доранд, ва ногуфта намонад, ки ин ақида, дар аҳли суннат низ вуҷуд дорад/ гардида аст.

«Омезиши ихтилофоти сиёсӣ, бо ихтилофоти фикрӣ дар авохири асри Усмон /р/ ва авойили хилофати Алӣ /р/ оғоз гардид. Алӣ /р/ дар соҳаи сиёсат ба амалӣ намудани назариёти хеш шурӯъ намуд, дар ҳоле, ки вай бо доштани сифоти писандида ва нерӯи дин, илм, ҳикмат ва шуҷоат, мавриди эҳтирому алоқаи мусалмонон буд. Пас бунёдгузорону шӯрангезони ихтилофоти мазҳабӣ, аз ин алоқа ва эҳтиром, дар қисмати ишоъаи афкор ва назариёти хеш, ки онро ба Алӣ /р/ нисбат медоданд, баҳрабардорӣ карданд /ва ҳам таҳрифкориҳое дар дину ойин карданд/ ва назариёти эътидолӣ ва ифротие ба вуҷуд омад ва ба дасисаи Абдуллоҳ ибни Саббоҳи яҳудӣ, ки назариёту афкори худро байни мардум ишоъа менамуд, табақаи ғулотравии кор шуд ва чун Алӣ /р/ вафот ёфт, авлод ва бозмондагонаш мавриди зулми баъзе табақот қарор гирифтанд ва ҳар қадар, ки ба ин музолим афзуда мешуд, дили мардум, ба ҳоли онҳо бештар месӯхт (аммо мардум аз нимкосаи зери коса ва каждуми зери бурё бехабар  буданд-С.Б.Б). Ва аз рӯи дилсӯзӣ, ба аҳли байт  ки он низоъҳо бо дасисаи ҷоҳталабон ва шӯрангезоне, ба мисли Абдуллоҳ ибни Саббоҳ барин ашхос сар зада буд, бештар алоқаманд ва аз мутаҷовузин мутанаффир мешуданд. Бо ин роҳ ва бо ин нақшаи қаблан аз ҷониби Абдуллоҳ ибни Саббоҳ барин ашхос тарҳрезӣ шуда, равияи шиъа, ба вуҷуд омад ва оҳиста-оҳиста доираи мазҳаби ибтидоии равияи ташаюъ вусъат гирифт ва аҳли ташаюъ, дар байни худ ба ҷамъиятҳои мухталифе мутафарриқ шуданд, ки ҳар фирқа ба ақидаву назариёти худ қонеъ ва побанд буд. Иддае ба ин ақида шуданд, ки Алӣ /р/ нисбат ба ҳамаи саҳоба /р/ фазилати бештар дорад ва баъд аз Паёмбар /с/, Алӣ/р/ афзали махлуқот мебошад ва мақоми ӯ, дар Биҳишт олитар аз ҳамагӣ, ба ҷуз Паёмбарон хоҳад буд. Ва ҳар касе душмани Алӣ /р/ аст, дар воқеъ душмани Паёмбар /с/ аст. Зеро он Ҳазрат /с/ фармуда: «Худоё дӯст бидор дӯсти Алиро ва душман бидор душмани Алиро». Ва низ фармуда: «Эй Алӣ, туро дӯст надорад магар мусалмон ва бо ту кина наварзад магар мунофиқ» 47.-60.

Равияи шиъа дар асри VII ҳамчун гурӯҳи сиёсиву динӣ, алайҳи хилофати Уммавиён ба вуҷуд омад. «Асосгузори таълимоти шиъа Абдуллоҳ ибни Саббоҳ аст. Ӯ аслан яҳудӣ буда, аз таълимоти дини яҳудию масеҳӣ огоҳии комил дошт ва ба ин динҳо хиёнат кард… Сипас ба дини Ислом гароид ва ҳамчун тарафдори Алӣ /р/ фаъолияти худро дар давраи ҳукмронии халифаи саввум Усмон ибни Аффон /р/ оғоз кард. Абдуллоҳ ибни Саббоҳ рукни асосии таълимоти шиъа-имоматро созмон дод. Мувофиқи он Имомат марҳамати илоҳие шинохта мешуд, ки Худо ба бандагонаш шафоат мекунад. Пас имомат мисли нубувват интихобӣ набуда, он авлодист ва ҳар як имом ҷонишини худро дар ҳолати назъи ҷон таъин хоҳад кард» 47.-167-198.

Фақеҳон, яъне, танзимкунандагону асосгузорони фиқҳи шиъа ё худ аҳли ташаюъ асосан инҳоянд: Имом Ҷаъфари Содиқ (р), Зайд ибни Алӣ (р), Имом Исмоил ибни Ҷаъфари Содиқ (р), Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Алии Қумӣ, Нӯъмон Муҳаммад ибни Ҳаён, Нӯъмони Бағдодӣ, Мӯҳаммад Алӣ-Шаҳристонӣ, Муҳаммад Ибни Ҳасани Тӯсӣ, ва чанде дигар.

Равияи шиъа мисли суннӣ аз усул ва фурӯъ иборат аст. Усулро онҳо шомили тавҳид, адл, нубувват, имомат ва қиёмат ё худ маъод медонанд. Аз панҷ усули асосӣ, чортоаш бо баъзе фарқиятҳои ҷузъӣ, байни шиъаҳо ва сунниҳо муштарканд. Масалан, аҳли шиъа, ба калимаи шаҳодат номи Алӣ /р/-ро дохил кардаанд.

Байни шиъа ва суннӣ, фарқиятҳои тафсилӣ азон, қомат, хондани таровеҳи Рамазон, зиёрати марқади шаҳидон, ақидатӣ /фаъолияти инсон/ ва ҳуқуқӣ ҷой доранд. Дар масъалаи дину имон, байни онҳо ихтилофи ҷиддӣ нест. Пайравони шиъа шаҳрҳои Маккаву Мадина, Наҷаф /дар Ироқ мақбараи пурфайзи Ҳазрати Алӣ разиаллоҳу анҳу, Карбало (Ироқ), Машҳад /Эрон/ ва Қум /Эрон/-ро муқаддас мешуморанд ва аҳли суннат низ. Онҳо «Мавлуди Фотима», «Ошӯро»-рӯзи қатли Ҳазрати Имом Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб алайҳиссалом ва 76-тан ёрони ӯ, ки бузургтарин фоҷиаи башарист ва рӯзҳои тавваллуду вафоти дувоздаҳ аимаи муаззамро, аз хонадони аҳли байт, пуршукӯҳ қайд мекунанд. Ба никоҳи муваққатӣ /сиға/, ки онро дар вақташ Ҳазрати Умар /р/ бар насси оят ва ҳадиси набавӣ (с) бекор карда буд /дар аҳли суннат, ин кор, яъне, чунин навъи никоҳ зинои ошкоро аст/ иҷозат додаанд. Ҳамчунин дар адои баъзе унсурҳову рукнҳои тоату ибодат ҳам байни ин ду равияи динии Ислом фарқият дида мешавад, ки ин баҳси дигар аст.

Ва назди аҳли таҳқиқ ин нукта кайҳо ошкор гардида аст, ки дини мубини Ислом асосан аз ҳафт мазҳаби интишорёфтаи фиқҳӣ иборат аст, яъне, чаҳор мазҳаби бонуфӯзи фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат; ҳанафия, моликия, шофеъия, ҳанбалия ва се мазҳаби фиқҳии шинохташудаи аҳли ташайюъ, яъне зайдия, ҷаъфария ва исмоилия.

Дар мавриди мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат ин ҷо, ҷои ҳарф нест, зеро ки қаблан то ҷое, ки имкон дошт, перомуни ин мазоҳиб ва фирқаву силсилот ва ҷараёнҳои диниву ирфонии он маълумот дода шуд.

Ва инак фарозмониҳое, ки алъон назари мубаракатон рӯи онҳо равона аст, маълумоти фишӯрда ва мухтасарест, перомуни мазоҳиб ва фирқаҳои аҳли ташайюъ. Чуноне, ки қайд карда шуд,  равияи шиъа се мазҳаби фиқҳиро бо номҳои зайдия, ҷаъфария ва исмолия дорост, ки дар қатори чаҳор мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат /ки зикри онҳо рафт/ ҳамчун мазоҳиби фиқҳии исломӣ /дар ақидау равияи шиъа/ ба расмият шинохта шудаанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …