Главная / Маданият ва санъат / Фазоили дуруд гуфтан бар пайғамбарони пешина

Фазоили дуруд гуфтан бар пайғамбарони пешина

Бидон, эй муъмин, чунончӣ дуруд гуфтан бар Пайғамбари мо (с) савоб аст, дуруд гуфтан бар пайғамбарони дигар низ савоб аст, чунончӣ дар «Ҷомеу-л-фазоил» омадааст, ки Расулуллоҳ, (с) гуфт: «Ҳар кӣ рӯзе се бор «Салавотуллоҳи ало Одаму алайҳи-с-салом» гӯяд, Ҳақ таоло гуноҳони ӯро биёмурзад, агарчӣ гуноҳони ӯ бештар аз қатраҳои борон бошад».

payombaron

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Ҳобилу алайҳи-с-салом», савоби шаҳидӣ дар номаи аъмоли ӯ навишта шавад.

Ҳар кӣ «Салавотуллоҳи ало Довуду алайҳи-с-салом» гӯяд, Ҳақ таоло тавбаи ӯро қабул кунад ва савоби чиҳилсола ибодатро ёбад.

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Яъқубу алайҳи-с-салом», дарояд дар биҳишт аз ҳар даре, ки хоҳад.

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Иброҳиму алайҳи-с-салом», Ҳақ таоло ҳафт андоми ӯро бар оташи дузах ҳаром гардонад.

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Юсуфу алайҳи-с-салом», Ҳақ таоло ӯро аз азоби гӯр ва чоҳҳои дузах нигоҳ дорад.

Ҳар кӣ бигӯяд «Салавотуллоҳи ало Сулаймону алайҳи-с-салом», Ҳақ таоло ӯро дар биҳишт мулке азим рӯзӣ кунад.

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Мӯсо алайҳи-с-салом», чунонастӣ, ки мисли куҳи  Тур зар садақа дода бошад.

Ҳар киро ҳоҷате бошад, шаби якшанбе саду як бор гӯяд «Салавотуллоҳи ало Мӯсо алайҳи-с-салом», ба кифоя расад.

Ҳар кӣ гӯяд «Салавотуллоҳи ало Исо алайҳи-с-салом», намирад, то ҷойи худро дар биҳишт набинад.

Ҳар кӣ бар беморе бисту як бор гӯяд «Салавотуллоҳи ало Исо алайҳи-с-салом» ва дамад, он бемор сиҳҳат ёбад.

Ҳар кӣ дуруд фиристад бар пайғамбаре, рӯзи қиёмат он пайғамбар мар ӯро чун гумшуда талаб кунад ва дар биҳишт расонад.

Бар пайғамбарон дуруд фиристед ва эшонро шафеъ оваред.[1]

Дуруди афзалтарин

Афзалтарини дуруд он аст, ки он Ҳазрат (с) дар ҷавоби саҳобаи киром (раз) иршод фармуданд ва дар урф уламо онро «Дуруди Иброҳимия» мегӯянд. Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу Ҳазрати Иброҳим (а)-ро Халили Худ ва Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро Ҳабиби Худ қарор додааст. Аз ин ваҷҳ кадом дуруди Илоҳӣ, ки ба тарафи Ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат шудааст, он аз қисми муҳаббат мебошад ва роҳи муҳаббат аз ҳама арфаъу лазиз мебошад. Кадом нисбат, ки дар миёни хиллат ва муҳаббат мебошад зоҳир аст. Аз ин ваҷҳ дар ин ҳар ду дуруд якеро ба дигаре ташбеҳ дода шудааст, аз ин ру, ин дуруд ба нисбати дигар дурудҳо арфаъу афзал ва лазиз аст.[2]

НаҚл аст, ки чун ояти дуруд нозил шуд, саҳоба (раз) гуфтанд, ки:

  • Эй Расулаллоҳ (с), кайфияти салавот бар Ҳазрати Шумо чӣ гуна аст?

Фармуд, ки:

  • Ҳамчунин салавот фиристед, ки:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима иннака Ҳамиду-м-Маҷид. Ва борик ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима иннака Ҳамиду-м-Маҷид.

Яъне: Худоё, дуруд бифрист бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончӣ дуруд фиристодаӣ Ту бар Иброҳим (а) ва бар оли Иброҳим (а), ба дурустӣ, ки ту Сутудашуда ва Бузургворӣ; ва баракат деҳ бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончӣ баракат додаӣ Ту бар Иброҳим (а) ва бар оли Иброҳим (а), ба дурустӣ, ки Ту Сутудашуда ва Бузургворӣ.[3]

Ин салавотро Мавлоно Мушаррафӣ дар китоби «Назми Далоилу-л-хайрот» ба тариқи назм чунин овардааст.

Назм:

Ё Илоҳо, Ту раҳмате бахшой,

Бар Муҳаммад дари карам бикшой.

Низ бо оли он хуҷастасифот

Барфиристон Ту туҳфаи салавот.

Ҳамчуноне, ки ёфт Иброҳим

Туҳфаи раҳматат зи лутфи амим.

Ҳам ба авлоди ӯ фиристодӣ,

Раҳматат ом бекарон додӣ.

Ба ҳақиқат, туӣ Ҳамиду Маҷид,

Бешаку шубҳа, бемисолу фарид.

Баракат барфирист, ё Раҳмон,

Бар Муҳаммад-расули инсу ҷон.

Низ ирсол кун бар авлодаш,

Баракат бар тамоми аҳфодаш.

Чу Бироҳим бидид ин эҳсон,

Ҳамраҳи ол аз Ту, ё Субҳон.

Ту Ҳамидӣ, ки нест ҷуз Ту Ҳамид,

В-он бузургӣ, ки нест ҷуз Ту Маҷид.[4]

Ва дар ин салавот ду ҳикмат донистанист. Яке он, ки ҳикмат чист дар ҳаволаи салавот ба Ҳақ таоло, то гуфт «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад»-бор Худоё, дуруд гӯ бар Муҳаммад (с), зеро ки салавоти бандаро қадру манзалати он нест, ки дархӯрди калому ҷоҳу ҷалоли Муҳаммадӣ (с) тавонад буд, пас, аз он ҷиҳат ҳавола ба Ҳақ таоло кард. Ё гӯем, ки чун дар муқобили салавот савоби абадӣ ва дараҷоти сармадӣ хоҳад буд, ба салавоти ҳодиси ту муяссар нагардад ва ҳавола ба Ҳақ таоло кард, то салавоти абадии ӯ муставҷиби атиёти сармадии ту гардад. Ва назири ин он аст, ки ҳамди ноқиси бандагони ходис дархӯрди остонаи қадим набувад. Лутфи азал ниёбати эшон доштан ба каломи қадими худ гуфт «Алҳамду лилоҳи Рабби-л-оламин», то бандагони ҳодис ташбис ба ҳамди қадим намуда, ба остонаи қидам маъруз медоранд, то ба маърази қабул мерасанд. Ҳамчунин салавоти бандаи оҷизи ноқис кобилияти атияти Ҳазрати Муҳаммадият (с)-ро надошт, лоҷарам ҳавола ба ҷаноби Аҳадият ҷалла ва ало намуда, гуфт «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад».

Ҳикмати дуввум ташхиси Иброҳим (а) аз миёни анбиё (а) чӣ буд? Ҷавоб он аст, ки чун Халилу-р-Раҳмон (а) аз Ҳақ таоло зикри хайр бар забони ин уммат масъалат намуда буд, Ҳақ таоло иҷобат фармуда, уммат ба зикри хайри падари миллат маъмур гаштанд. Ва дар ин сухан танбеҳест бағоят латиф ишорат ба фазли Ҳабиб (с) бар Халил (а), чунончӣ Ҳақ таоло гуфт: «Эй Иброҳим (а), аз Ман дархостӣ, то забони уммати Муҳаммад (с)-ро ба санои ту бикушудам ва Ман ба зоти Худ аз фавқи Арш мегуфтам, бе он, ки аз Ман талабида бошад».

Ва дар «Заҳрату-р-риёз» ва «Тоҷу-л-музаккирин» мегӯяд, ки чун Иброҳим (а) хонаи Каъбаро бино фармуд, Ҳақ таоло онро қиблаи ин уммат гардонид ва мукофоти он мефармояд, ки ӯро ба хайр ёд кунед, то миннат аз ман бошад, на аз Иброҳим (а).[5]

Ва ҳам дар «Тоҷу-л-музаккирин» мегӯяд, ки аз Имом Абӯбакри Розӣ пурсиданд, ки:

  • Ташхиси салавот бар Иброҳим (а) ва оли ӯро ҳикмат чист?

Фармуд, ки:

  • Чун Иброҳим (а) аз бинои Каъба фориғ шуд, дуо мекард ва оли ӯ – Исмоил (а) ва Исҳоқ (а) ва Сораву Хоҷара (а) «Омин» мегуфтанд. Иброҳим (а) мегуфт:
  • Ҳар кӣ аз машоихи[6] уммати Муҳаммад (с) рӯйи таваҷҷуҳ бар ин хона намуда, дугона адо кунад, Худовандо, маро шафеи ӯ гардон.

Исмоил (а) мегуфт:

  • Ҳар кӣ аз каҳули[7] уммати Муҳаммад (с) ба ин хона таваҷҷуҳ намуда, Туро парастад, мар ӯро биёмурз.

Ва дигарон «Омин» мегуфтанд. Исҳоқ (а) ҷавонони уммати Муҳаммад (с)-ро дархост мекард ва Сора занону Хоҷара канизакони ин умматро ва дигарон «Омин» мегуфтанд.

Ҳақ таоло бо Ҳабиби Худ (с) хитоб фармуд, ки:

  • Чун Иброҳиму оли ӯ (а) умматони туро дар ҳини иҷобати дуо фаромӯш накарданд, уммати худро бигӯ, ки дар охири намоз, ки вақти иҷобати дуост, эшонро ёд кунед, то мукофоти он тавонад буд.

Ва дар ин сухан дақиқаест, ки ба сад ҷон арзон аст ва он он аст, ки агар дуои эшон дар ҳаққи ин уммат аз пиру ҷавонмардон ва занону канизакон иҷобат наяфтодӣ, ба мукофоти он маъмур нагаштандӣ.[8]

[1] «Анису-л-воизин». Саҳ. 248.

[2] «Мақбул вазифаи дуруду салом». Саҳ. 18.

[3] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 126.

[4] «Назми Далоилу-л-хайрот». Саҳ. 26.

[5] «Маориҷу-н-нубувват фи мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 126-127.

[6] Машоих пирон.

[7] Каҳул – миёнсолон.

[8] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 127.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …