Главная / Маданият ва санъат / Фазилати дарвешӣ

Фазилати дарвешӣ

Фазилати дарвешӣ

Бидон, ки фақр фахри анбиёст, чунончӣ Расул (с) фармуданд, ки

дарвеши фахрӣ ман аст ва фақири собир некӯтар аз тавонгари шокир аст.

Ҳикоят. Саид бинни Омир аз саҳобаҳои парҳезгор буд ва бисёр камбағал буд. Амирулмӯъминин Умар (р) аз байтулмол, яъне аз хазинаи умумӣ ҳазор динор назди вай фиристод. Чун зар ба Саид (р) расид, гирён шуд ва ҳамчунон гирён ба хонаи ҳуд даромад. Оилаи мубораки вай савол кард, ки чӣ чиз гирёнид туро.

Саид гуфт: – Воқеае афтодааст, ки наздик аст аз саъодати дарвешӣ маҳрум монем.

Гуфт: – Чӣ афтод?

Саид гуфт: – Амиралмӯъминин аз байтулмол ҳазор динор фиристода аст.

Пас аёли вай низ ба гиря даромад. Он шаб то рӯз ҳар ду мегиристанд ва мегуфтанд: – Худовандо, чӣ гуноҳ кардаем, ки дунё ба мо рӯй овардааст?

Чун бомдод шуд, Саид (р) ҷомаи кӯҳнаи худро пора-пора 1 кард ва зарҳоро гиреҳ-гиреҳ мебаст, баъд аз он он гиреҳҳоро дар остини ҷомаи худ ниҳода аз хона берун омад ва ҳар киро медид, як гиреҳе аз онҳо мекашид ва ба ӯ медод, то ҳамаашро бидод. Як дирам дар ҳаққи худ сарф накард. Баъд аз он гуфт:

– Аз Расули акрам (с) шунидам, ки фармуд: – Дарвешони уммати ман панҷсад сол пеш аз тавонгарони уммати ман дар биҳишт дароянд.

Нақл аст, ки дар он рӯзи қиёмат марде аз ҷумлаи тавонгарон худро дар миёни онҳо андозад ва хоҳад, ки ба биҳишг дарояд. Фаришта дасташ бигирад ва аз миёни онҳо берунаш ораду гӯяд: – сабр кун, ки ҳанӯз вақти даромадаии ту нест ва панҷсад сол ӯро дар офтоби гарми қиёмат дар ҳисобгоҳ бидоранд, то ҳисоби моли худ бидиҳаду он гоҳ ба биҳишт равад.

Он гоҳ Саид қасам ёд кард, ки савганд бад-он Худое, ки Муҳаммад (с)-ро ба ростӣ ба халқ фиристодааст, агар ҳамаи оламро аз моли ҳалол пур кунанд ва ба ман диханд, бо ин дарвешии худ иваз накунам.

Назар кун, ки дарвешони он замон чӣ гуна будаанд ва кори дарвешони ин замон ба куҷо расидааст?

Илоҳо, ба ҳурмати дарвешони содиқ моро ба шафоати онҳо бирасон.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …