Главная / Маданият ва санъат / Фарҳанг-ҳастии миллат

Фарҳанг-ҳастии миллат

(Ба хотири соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ)

 Ҳар як миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абарқудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарҳанги хоси худ, ҳамеша  сунатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад.

 Яке аз фарҳанги бой ва хеле зебои мардуми точик гулдузӣ аст, ки аз бостон то имруз ин фарҳанг ва ин сунат аз насл ба насл ва аз авлод ва авлод то ба мо расидааст. Гулдузи-ин ҳунари зебо ва ҷолиби мардуми тоҷик  ҳануз аз замони хуршедпарастӣ вуҷуд дошт ва ва дар тули таърих дар гирудорҳову, қатлу ғоратҳо аз миён нарафт балки рушд ёфт.

Ҳунари гулдузӣ ё чакан  на фақат як шуғли дустдошта ва ё зебу зиннат барои либос ва хонадони тоҷикон аст, балки рамзи эҳтирому эътиқоди мардуми тоҷик ба дин ва оини бостонии худ аст. Дар гулдузӣ ё чакан асосан   гулҳои гирдаи калон тасвир мегарданд, ки онҳо ҳатман бо ранги сафед ва ё зард духта мешаванд, ки ин рамзи рушноӣ ва офтоб аст.

 Мардуми тоҷик аз бостон бо офтоб ва гармию рушноӣ эътиқоду эътимоди қавӣ доштанд ва тасвири офтобро, ки рушноӣ ва гармӣ аст дар матоъҳои махсус гулдузӣ мекарданд ва дар деворҳои хонаҳои худ меовехтанд. Ин анъана имруз низ дар бисёре аз хонаҳои мардуми тоҷик ба назар мерасад. Рамзи дигаре, ки дар гулдузӣ инъикос мегардад, бутаҳои сабз аст, ки дар паҳлуи гулҳои гирда ва ё атрофи он духта мешавад.

Ин буттаҳо рамзи дарахт, табиат ва сарзабзӣ аст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аҷдодони мо дар қадим ба дарахт эътиқод доштанд ва дарахтро мояи сарзабзии умр мегуфтанд. Ҳатто тибқи иттилои донишмандон  дарахти арчае, ки имруз масеҳиён ҳамчун рамзи сарсабзӣ дар соли нави мелоди рангу бор медиҳанд ба ҳамин дарахтпарастии аҷдодони мо мерасад.

Тасвири дарахти ҳаёт, ки имруз дар гулдузиҳои тоҷикӣ дида мешавад дар атрофи он гулҳои хурди майда низ духта мешаванд, ки онро ҳунармандони гулдуз ситора мегуянд ва ин ситораҳо низ ҳамчун силсила болои арчаи солинавиро оро медиҳанд. Ҳатман дар болои арча ситораи панҷгушае низ гузошта мешавад, ки бояд сурх ва дурахшон бошад ва ин дурахшандагӣ ҳамон гирдаи офтоб дар гулдузиҳои тоҷикӣ аст. Яъне  тамоми унсурҳое, ки дар арчаи солинавии масеҳиён ба назар мерасад, ҳазорҳо сол пеш дар гулдузиҳои тоҷикӣ тасвир ёфтааст.

Ҳатто таърихи 31-уми декабр – ҷашни соли нави мелодӣ низ иртибот мегирад ба шаби ялдои мардумони ориёӣ, ки дар ин шаб ба хотири муборизаи неки ба бадӣ ё рушанӣ бар торикӣ, ҳамчун рамзи офтоб дар дастархон тарбуз  ва ё анор пора мекарданд ва ин шабро то субҳ дар сари дастархон бо гуфтани суханони хубу шеъру хушгуиҳо мекарданд.

 Ҳамин тариқ дар гулдузии тоҷикӣ рамзу рози бисёр зиёде нуҳуфтааст, ки мутаасифона имрзу на ҳар яки мо ин розро медонем ва дарк мекунем. Боиси хушнудист, ки эълони Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои бедор кардани марудми мо ба шинохти аслияти хеш рушди ҳунари аҷдодӣ имконияти фаровон медиҳад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …