Главная / Гуногун / ФАЙЗИ БОЗСОЗӢ

ФАЙЗИ БОЗСОЗӢ

ОТАШДИЛ

Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхонӣ зуд–зуд ба завод меомад. Кори дастгоҳи пармагарӣ ба ў маъғул ва либоси равғанолуди коргарон бисёр хуш омада буд. Баъди хатми мактаб шогирди пармагар шуд.

Зеҳни тезу ағли расо, ки дошт, зуд касбро азхуд намуд. Рўзе, ки вай паси дастгоҳ истода мустағилона ба кор шурўъ кард, фараҳбахштарин рўз буд барояш. Вай гоҳ ба деталҳои тайёр ки аз нурҳои офтоб ҷило медод, нигариста, хушҳолона завғ мекард.

restrukturizatsiya-kredita-v-vtbҲисси масъулият, муносибати дилсўзона ба дастгоҳ, масолеҳ боиси он гашт, ки Карим дар мудати кўтоҳ мавғеъ ва мағоми хешро дарёфт. Меҳру шавғ ва лаёғати хубашро ба эътибор гирифта, ўро аъзои штаби «Прожектори комсомолӣ» интихоб карданд. Вай бар зидди танбалону коргурезон мубориза мебурд. Беамон, бехотирбинӣ. Газетаи «Хорпуштак», «Барғ», ки бо ташаббуси ў мебаромад, фориғболону танбалон, браккоронро зери тозиёнаи танғид мегирифт. Соли 1981 дар ҳаёти Карим саҳифаи тозае кушоду шуд. Ўро ба аъзогии Партияи ленинӣ пазируфтанд. Комсомолон бошанд, пас аз соле ўро котиби комитети комсомолии завод интихоб карданд. Масъулияташ боз бештар шуду мушкилиҳояш низ. Аз комсорги пештара ведомостҳои семоҳаи ҳағи аъзогӣ ҷамънашуда, ғарами протоколҳои нонавишта «мерос» монда буд.

Акнун ў бояд ҳам талаб мекард, ҳам роҳ нишон медод ва ҳам меомўзонд. Ин осон не! Аз тарафи дигар таҷрибаю малака надошт. Бист нафар комсомолон ба ғайд наистодаро «ҷуста» ёфту ба муҳокимаи комсомолон гузошта, ҷазо дод ва ба ғайд гирифт. Тез–тез гузаронидани вохўрию шабнишиниҳо, омўзиши карточкаи шахсии ҳар як аъзои комсомол Каримро бо аъзоёнаш ғарин карданд. Гузаронидани сўҳбат бо ин ё он аъзои комсомол ва натиҷаи онро дар муддати муайян санҷдан ба ҳукми анъана даромад.

Карим хислати хосе дорад. Ў ҳар як хоҳишу дархостҳои комсомолону ҷавононро аниғ фаҳмида ба дафтарчааш ғайд мекунаду то ҳал накунад, ғарор намегирад. Худаш надонад, аз дигарон ёрӣ мепурсад. Ҳамеша кўшиш мекунад, то мушкилеро осон гардонад.

Боре Карим коргари пешғадами сехи механикии якум Усандод Андамбековро ғамгин дид. Рўзи дигар бошад, номи ў ғатори ғафомондагон пайдо шуд. Ўро даъват намуд, сабаби ғафомониро аниғ карданӣ шуд.

– Ноҳағ ки ҷазо гирифтӣ, ҳавсалаи кор мешавад, магар?!

Воғеа ба котиб маълум шуд. Чанде пеш аз комиссияи ноболиғон ҷавони ғайсареро ба завод фиристоданд. Тарбияи ўро бригадаи Андамбеков ба шефӣ гирифт. Баъзеҳо ангушти ҳайрат газиданд. «Усандод, ҳушат дар ҷояш? О, ту чӣ кор карда истодаӣ? Киро ба кор гирифтӣ?» Лекин ў аз раъяш нагашт. «Мо чунин ҷавонро тарбия накунем, ки мекунад», – гуфт. Рўзе ҳамин ҷавон асбобро аз дастгоҳ медуздад. Бригада ин фактро пинҳон накарда, ҷавонро муҳокима мекунад, ҷазои сазовор медиҳанд. Сардори сех бошад, бо фармони худ тамоми бригадаро аз мукофотпулӣ маҳрум месозад. Яъне подошти меҳнат, – ҷазо. Ҷазои ноҳағ ба сари ташаббус оби хунук мерезад.

Котиб бо сардори сех Кокнаев сўҳбат кард. Вай худро шахси бо тамоми дилу ҷон ба кори ҷамъият бахшида шуда нишон дода, изҳор мекард, ки ин корро ба фоидаи истеҳсолот кардааст.

– Ин ҷазо ягон роли тарбиявӣ надорад, – мефаҳмонд бо нармӣ Карим. – Агар оянда ягон кас рафтори ношоям зоҳир кунад, онҳо ўро рўпўш мекунанд.

Кокнаев дар гапаш истодагарӣ мекард. Худро ҳағ бароварданӣ мешуд. Вале… Пас аз чанде аз вазифа озод гардид.

Карим фаҳмид, ки пешравӣ, омади кор аз бисёр ҷиҳат ба роҳбарони чашмикордон вобастааст. Роҳбар пеш аз ҳама бо одамон сару кор дорад, бинобар ба дили онҳо бояд роҳ ёбад.

Охир, дар ягон институт, дар ягон донишкадаи дигари мамлакат одамшиносӣ барин илми махсус таълим дода намешавад. Тарбия барин кори нозук, – бо доду фарёд задан, беохир насиҳат кардан буд намешавад. Насиҳати хуб кор кардан оё ба гўши коргар медарояд, вағте ки ў бо масолеҳ ва асбобу анҷоми зарурӣ таъмин нест. На ҳамаи роҳбарон маҳорату ғобилияти хушгуфторӣ, ошкоро сўҳбат карданро доранд. Ҳар касе, ки бо одамон кор мебарад ё ҳамроҳи онҳо меҳнат мекунад, инро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад. Кор бо одамон санъат аст, бисёр санъати нозук!

САНЪАТИ НОЗУК

Болои мизи кории котиб шумораи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Комсомолец Таджикистана», ки ҳуҷҷатҳои Пленуми XVI КМ ЛКСМ Тоҷикистон нашр шуданд, меистод. Ҷо–ҷои маърўза бо ғалами сурх хат кашида шудааст. Як ҷояш ду хати сурх кашида шудааст: «Ҳар як сарвари комсомолон бояд аз болои худаш кор кунад, ҳамеша дар ҷустуҷў бошад, кўшиш намояд, ки ба тарзи нав кор кунад». Ҳарчанд, ки дар ягон ҷои маъруза фаъолияти комитеит комсомолии завод танғид нашудааст, плани чорабиниҳо нисбати рафъи камбудиҳои дар пленум нишондода тартиб дода шудааст. План чӣ лозим?

Ба кабинет ҷавоне ворид шуд, дар даст плакате дошт. Ҷавон ба котиб нигарист: «хуш, чӣ хел?». Плакат бад набуд. Вале котибро ким–чизе ба ташвиш андохта буд. Ва ниҳоят лаб ба сухан кушод:

– Ман чунин фикр мекунам: раваду ягон аъзои комитет ба назди Валерий Грядкин, чӣ хеле ки ин ҷо навиштаем, плани шахсии дусолаашро то 70–солагии Октябрь иҷро карданист равад, ў бошад, пурсад: «Ҳиссаи шахсии ту дар суръатфизоӣ аз чӣ борат аст?». Оё аъзои комитет ба ин савол ҷавоб дода метавониста бошад? Мо бояд дар машварати навбатӣ ҳар як аъзои комитетро гўш бикунем. Рўзномааш ба фикрам «Ҳиссаи ман дар суръатфизоӣ ва азнавсозӣ» шавад беҳтар.

Котиб пас аз рафтани ҷавон гуфт, ки съезди XXVII КПСС моҳият, воситаю роҳҳои азнавсозиро дар марҳилаи ҳозираи сохтмони коммунистӣ муайян кард.

Ин талаб пеш аз ҳама ташкилотҳои комсомолиро вазифадор менамояд, ки шаклу воситаҳои корбариро нав кунанд, демократияи дохиликомосолиро ҳамаҷониба вусъат дода, принсипи роҳбарии коллективиро муғаррар намоянд, масъулияти шахсии комсомолонро дар ҳалли вазифаҳои тарағғиёти иғтисодӣ ва сосиалию маданӣ баланд бардоранд. Комитети комсомолии завод дар асоси ин талаботи съезд услуби корбарии худро аз нав месозад. Гурўҳҳои комсомолӣ, ки асоси ташкилии коллективҳо мебошад, ҷорикунандаи ҳамаи идеяҳои комсомол дар ҳаёт аст. Дар завод ҳоло бист гурўҳи комсомолӣ амал мекунад. Вале ин кам аст.

Дари кабинет васеъ кушода шуду ҷавони паҳлавонҷўссае ворид гашт. Вай ду даст пеши бар гирифта хунук табассум намуд, дудаста тамаллуғкорона «салому алейк» кард. Сипас кадом ҳуҷҷатҳоро аз киса бароварда ба котиб супорид.

– Ҳоло комсомолам гўй?

Ҷавон табассуми сохтае карду «ҳа» гуфта монд.

– О, ду сол пеш вағте ки ба кор омадед, комсомол нестам гуфта будед–ку?

– А, лаббай. Ҳа, документама гум карда будам. Шарм доштаму «комсомол нестам» гуфтам. Ана дина ёфтаму наздатон омадам. Кора буд кунед, хизмат тани мо.

– Шумо шаш сол боз дар ғайд нестед, ҳағи аъзогӣ ҳам насупоридаед. Чӣ шуморо водор сохт, ки пас аз шаш сол ба ғайд даромаданиед?

– Одам беорзу намешавад. Дар дили ман ҳам як орзуе хона монд. Ҳамин сол ба шўъбаи шабонаи факултети ҳуғуғшиносии университет дохил шудам…

– Орзуятонро ба комсомолон дар маҷлис кушоду равшан гўед. Онҳо хулоса мебароранд. То маҷлис шумо ҷавоб.

Тарбузи ҷавон аз бағалаш афтид.

– Гумон кардед, ки ман бе шумо зиндагӣ карда наметавонам? Модом, ки маро намехоҳед, ман ҳам шуморо намешиносам! Тед документама!

– Дигар онро дар шаби хобатон мебинед. Ин ҳуҷҷатҳои муғаддасро ба шумо хато карда додаанд. Равед аз ин ҷо!

Овози ў меларзид.

Котиб дуруст рафтор кард. Паҳлавон бо ситеза дарро сахт пўшиду рафт.

Котиб ба хаёл рафт…

ОДАМОН ВА МЕТАЛЛ

Сехи рехтагарӣ яке аз сехҳои муҳими корхона ба ҳисоб меравад. Сех барои комбайнҳои машҳури «Нива», «Колос» ва «Дон–1500» детальҳо истеҳсол мекунад. Ба ин сех ягона зан дар миғёси мамлакат Зоя Александровна Витряченко сардор аст. Ин зани ҳалиму хоксорро ба иборае «сағиру кабири» корхона ба хубӣ мешиносанд, ки ин бесабаб нест. Вай бисту панҷ сол аст, ки роҳбарии ин сехро ба ўҳда дорад. Дар сех зиёда аз дусад нафар коргар меҳнат мекунанд. Худ аз худ маълум аст, ки коллектив–коллективи калон буда, сарварии он кори осон нест. Лекин Витряченко аз ўҳдаи роҳбарӣ мебарояд.

Ҳикоёте ба ёд омад. Вазири подшоҳи Сосониён Бузургмеҳрро пурсиданд… Давлатеро медонӣ, ки назарногир, вале бебаҳост. Ҷавоб дод: «Хоксорӣ».

Зоя Александровна ҳам соҳиби ана ҳамин гуна давлати бебаҳост.

 Баъзан ин ё он мушкилӣ садди роҳ мешавад. Дар чунин ҳолатҳо дар ғафлат намемонанд, дасту по гум намекунанд. Зеро ҳама одамони соҳибҳунар донишу таҷрибаи хубе андўхта, ҳар гуна гиреҳро ба осонӣ мекушоянд. Миғдор ва сифати чўяни рехта аз бисёр ҷиҳат ба ҳарорат вобаста аст. Баъзан бо тағир ёфтани ҳарорат селобаи чўян сахт шуданаш мумкин. Бинобар ин назорати доимӣ ва ғатъӣ, риояи интизоми технологӣ зарур аст. Ҳамин хел ҳам мешавад, ки гоҳо селобаи чўян дар кўра «ях» карда мемонад. Он гоҳ бо дастгоҳи кафшеркунӣ ҳароратро тез мебардоранд. Яъне «ях» об мешаваду селоба аз нав равон мегардад.

Кўраи боҳашамат фашшосзанон кор мекард. Рехтагар Бачакалон Бачабиев аз тирезачаи махсус ба рафти гудозиш назар мекард. Ин тирезаро вай «хабаркаш» меномад. Тирезачаи «хабаркаш» ба рехтагар имконият медиҳад, ки ба ҷараёни мураккаби гудозиш назар кунад. Муайян кардани сифати гудозиш ба таҷрибаю малакаи рехтагар вобаста аст. Бачакалон чунон кордида шудааст, ки аз рўи ранги гудозиш ба сифати он баҳо медиҳад…

Бачакалон Бачабиев гўё дирўзакак ба сехи рехтагарӣ омада буд. Дар амал вай, алакай, ветерани корхона. Ғариб сӣ сол боз дар назди кўраи оташ. Ҷавонон ҳама, «ака» гуфта ба ў муроҷиат мекунанд. Ҷои тааҷҷўб нест. Шогирдони ў дар ҳамаи корхонаҳои республика меҳнат мекунанд. – Чанде пеш фаҳмид, ки шогирдаш Улфатшо Раҳматшоев, ки дар заводи «Тоҷиктекстилмаш» кор мекунад, бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Болу пар баровард, рафта ўро аз самими ғалб табрик кард. Улфатшо устодро ба оғўш кашида бўсид ва гуфт: «Ин мукофоти Шумо ҳам ҳаст. Чунки алифбои ин касбро Шумо ба ман омўхтед».

Аҷибаш ин аст, ки Бачакалон пеш аз завод омадан чӣ будани рехтагариро ҳаргиз намедонист. Дар ин ҷо бошад, ин ҳунарро аз рафиғони рус ёд гирифт. Меҳнат ва ҷидду ҷаҳди собитғадамона ўро зуд аз шогирдӣ ба мартабаи устодӣ расонд. Зарбулмасали «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро», гўё дар шаъни Бачакалон гуфта шудааст.

Ва мисли ў устодони касби худ кам нестанд. Сардори сех ба ҳағғи онҳое, ки дар комёбиҳои сех бештару беҳтар ҳиссагузор шудаанд, чун модар бо ифтихори тамом суханони нек мегуфт. Номи Бачакалон Бачабиев, Владислав Чернов, Сармат Отамбеков, Ғамчибек Ғирғизов барин коргаронро гаштаю баргашта ба забон мегирифт ва бурдбориҳои ҳарсоларо ба онҳо нисбат медод.

Вағте ки сухан аз кадрҳо рафт, Зоя Александровна гуфт:

– Ғариб ҳамаи коргарони сех одамони калонсоланд. Ин аз як ҷиҳат хуб аст. Аммо онҳо пир мешаванд, ба нафаға мебароянд. Ба ҷои онҳо ворисони ҳағиғӣ лозим, то ки корнамоиҳои имрўзаашон фардо бо рангу мазмуни нав такрор ёбаду ғуллаҳои баланди Мурод фатҳ гардад. Аммо ҷавонон ба кори рехтагарӣ дилгармӣ надоранд. Мо худамон гунаҳгор. Ба ҷавонон шароити хуби кору истироҳат лозим. Охир ҷавонони имрўза аз ҷавонони солҳои чилу панҷоҳу шастум фарғ доранд. Назари онҳо ба зиндагӣ, ба кор дигар аст. Ин тағозои давр, талаботи замон аст.

Масъалаи ба касби рехтагарӣ дилбастагӣ надоштани ҷавонон роҳбарони заводро низ ба ташвиш овардааст.

Онҳо ғўшиш доранд, ки барои рехтагарон ҳама шароитҳо муҳайё, ба натиҷаи корашон аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд бошанд. Аммо беҳбудии шароити сехи рехтагарӣ ва манзилгоҳ ба идораҳои болотар, аз ҷумла ба вазорат дахл дорад. Барои ҳалли ин масъала ҷидду ҷаҳди умум мебояд. Даме, ки лаҳзаҳои охирини сўҳбати мо фаро мерасид, ман ба чеҳраи кушоду сафеди сардор назар андохта аз дил мегузаронидам: «Синнаш ба 60 расидааст. Оё аз ин сехи калону вазнин ва ташвишҳои проблемаҳои ҳалношуда азоб намекашида бошад». Сардор аз андешаи ман пай бурдагӣ барин ба коргарон ишора карда ба як навъ эътимод мегўяд:

– Инҳо ҳама ғуввати дилу болу пари мананд! Онҳо ҳама дар касби худ «устухон надоранд». Аҳлиашонро намегўед. Коллектив, ки аҳл шуд, кор саҳл мешавад, додар!

НУҒСИ ХУД ҲАР КАС НАБИНАД, ВОЙ БАР Ў…

Дуруст мегўянд, ки пешравӣ, омади кор аз бисёр ҷиҳат бо роҳбарони чашмикордон вобастааст. Сардори сехи механикӣ Ғамчибек Мавлонназаров ҳаминро дарк намуда, кўшиш мекард, ки ғобилият ва тамоми ғувваташро сарфи кор кунад. Вале на ҳамеша кораш барор мегирият. Ва ҳангоме, ки ягон кор иҷро нашуда мемонад, ҳасрат мегуфт: аз ўҳдааш набаромадам.

Вай тез–тез ба тобеонаш мегуфт, ки виҷдон доштан кам аст, вай бояд туро ба изтироб биёрад. Ва ҳамеша челонгар Никита Кузубро намуна меовард. Боре ў аз кор ба хона мешитофт. Шитоб дошт! О, дар хона меҳмонон ҷамъ омада буданд, то ки зодрўзи ўро ғайд кунанд. Аз ним зиёди роҳ тай шуда буд. Ва… ист! Ағиб гашт. Давон ба завод омад. Чаро? Ногоҳ шубҳа дилашро фишор дод: Сарпўши компресорро нағз пўшид ё не? Ҳадаҳа ба сех даромаду сарпўшро тафтиш кард. Не, ҳамааш дуруст будааст. Дилаш ғарор гирифту боз ба хона шитофт… Ана чист виҷдон. Довари дохилӣ.

Акнун худи ў бояд вазъияташро аз рўи виҷдон ҳал мекард. Вай дигар сарвари коллектив истода наметавонист – ҳис мекард, ки ба пешравии коллектив халал расонида истодааст. Ва ў ғарор дод: аз роҳбарияти завод хоҳиш мекунад, ки ўро як зина поёнтар фароранд. Пеш аз он назди котиби партком даромад. Фикру андешаҳояшро гуфт.

– Ин чӣ хел мешавад? – дар аввал ҳайрон шуда гуфт котиби партком. – Ана ҳамин хел рост ба рўи худ ғадам гузорӣ?

– Танҳо ҳамин тавр? Охир худатон ҳамеша мегуфтед, ки азнавсозиро аз худ сар кардан лозим аст!

Ва ў ариза дод.

Ин рафтори Мавлонназаров ба маънои томи сухан рафтори олиҷанобона буд. Фағат одами асил метавонад, ки ба рўҳу талаби давру замон ва ҳаёт мувофиғ набудани донишу саводи худро эътироф кунад. Ҳа, на ҳар кас ба чунин ғадами ғатъӣ ҷуръат мекунад. Кошки ҳама ҳамин хел мешуданд. Афсўс, ки бисёриҳо аз ҳаёт ағиб мондани худро, аз ғатор баромадани худро фаҳманд ҳам, хирагӣ карда менишинанд.

Сардори сех Владимир Кокнаев, ки ба ғарибӣ аз кор холӣ карда шуд, дар шароити нав худро тамоман дигар хел нишон дод. Акнун менолад: ноҳағ ўро аз кор гирифтанд, охир тамоман худро ба кор бахшида буд–ку!

Бадбахтии ин одам дар он аст, ки ҳағиғати воғеии худро дарк карда натавонист. Ў сари вағт звеноҳои сусти истеҳсолиро дида натавонист, рўҳи талаби замонро ҳам нафаҳмида. Оҳиста–оҳиста услуби кораш ба дағалию зурӣ гузашт.

Вай то ки аз дигарон ғафо намонад, роҳи осонро ёфт: «Технологияи ғаламро» истифода бурд. Дар ҳисоботҳо ададҳои ғалбакӣ гул кард. Дар коллектив ҳеҷ кас ўро аз ин роҳ боз надошт. Вай бошад, «то табар омадана кунда осуда аст», – гўён фаъолияташро давом дода, ба ботлоғи фиребгарӣ ғарғ мешуд.

– О, ин чӣ хел шуд, ки сардоратонро надида мондаед? Ба ў ёрӣ нарасонед? – мепурсам аз котиби партком.

– Барои чӣ? – ҳайрон шуд ў. – Мо ба ў ёрӣ расониданӣ шудем. Ман худам чанд бор назди директор даромадам. Хоҳиш кардам, ки ўро аз кор нагиранд. Ба гапамон гўш накарданд. Лекин бо гуфти худ не, бо талаби замон рафтор карданд.

Ду коллектив – ду рўҳияи психологӣ. Дар яке виҷдон бедор, дигаре дар хоб. Пас аз кор гирифтани сардор корҳо, албатта, тағир ёфта истодаанд. Ба тарафи хубӣ. Аммо чӣ ғадар вағт зоеъ рафт. Вағтро баргардонида намешавад.

5 декабри соли 1986

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …